Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе аз ислом ва демократия ҳарф заданд


Дар сурати пирӯзии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии феврали соли 2010 оё ҷомеаи Ғарб омодаи пазириши он хоҳад буд ё хайр?

Ин суол яке аз мавзӯъоти матраҳгардида дар ҷараёни баргузории ҳамоиши байнулмилалии «Ислом ва демократия» дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ширкати коршиносони ин арса аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Олмон ва Эрон, буд. Ин дуввумин ҳамоиши байнулмилалӣ дар мавзӯъи «Ислом ва демократия» дар соли ҷорӣ аст, ки аз сӯи Марказҳои тадқиқоти стратегии раёсати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Русия ва Сандуқи олмонии Роза Люксембург, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Созмондиҳандагони ҳамоиш баррасии муносиботи ислом ва демократия, мутобиқат ва мушкилоти ин ду ва ҷойгоҳи ҳар кадоме дар ҷомеъаро аз ҳадафҳои аслии ин иқдом бо ҳузури соҳибназарон аз кишварҳои минтақа ва Аврупо донистанд.

Ислом ва демократия


Ин дар ҳолест, ки назароти мухталифе миёни коршиносон дар мавриди ба ҳам омадани ислом ва демократия вуҷуд дорад. Ба эътиқоди Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни саршинос дар ин кишвар, фаҳмиши демократия дар ислом аз фаҳмиши либерализми ғарбӣ фарқ дорад, аммо ислом раъӣи мардумро инкор намекунад, «ислом ба мардум ин ҳақро додааст, ки онҳо дунявияти худро танзим кунанд, қонунҳо қабул кунанд. Ба ҷузъ бархе масоил, 90 дарсади мушкилиҳои зиндагӣ аст, ки ислом ба мардум ин озодиро додааст, ки «ва амруҳум шуро байнаҳум», ки бо машварати ҳамдигар интихоби раёсат ва назорати ҳокимиятро ба роҳ андозанд, озодиҳои шахсӣ ва озодиҳои матбуъот ва ғайраро таъмин намоянд. Ин чизҳое аст, ки ислом ба ин муғоират надорад ва асли демократия низ ҳамин аст».

Аммо Қодир Маликов, раиси Маркази таҳлилии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» дар Қирғизистон, ба ин мавзӯъ назари дигар дорад, «ислом дар муқоиса ба демократия болотар аст. Чун ислом системаи диние аст, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеъаи инсонро дар бар мегирад ва онро танзим мекунад. Аммо демократия ин воситаи сиёсии идораи ҷомеа ва давлат аст. Ҷанбаи муттаҳидкунандаро низ ин дастгоҳ, яъне демократия мебозад. Чун истифодаи дурусти демократия метавонад омили устувории ислом дар ҷомеа гардад».

Пайомадҳои фишори Ислом Каримов бар дини Ислом


Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Маликов, на дар ҳама кишварҳои минтақа, ки дорои режими авторитарӣ ҳастанд, аз демократия ба унвони
воситаи муттаҳидкунанда дар ҷомеа, ба хусус намояндагони дин истифода мекунанд. Вай аз давлати Узбакистон ном бурд ва гуфт, сиёсати назоратӣ болои дин дар ин кишвар вазъи душвореро барои намояндагони он, ба хусус мусалмонон эҷод кардааст, ки авоқиби номатлуберо дар пай хоҳад дошт. Қодир Маликов гуфт, «Дар Узбакистон воқеъан вазият сарбаста аст ва идомаи чунин раванд метавонад авзоъро муташанниҷ созад. Зеро сиёсати назорати ё маъмурие, ки давлат дар қиболи дин ва намояндагони он пеш гирифтааст, қобили қабул нест ва албатта боиси норозиятии ҷомеъа аст. Ин амалкарди давлат ва ба хусус сиёсати Ислом Каримов таконе барои коҳиши исломи сиёсӣ дар кишвар шудааст».

Фаррух Умаров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ҷойгоҳи ислом ва намояндагони он дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба бархӯрди ҳукуматҳои ин кишварҳо марбут медонад ва мегӯяд, сиёсати давлатҳои Узбакистон ва Тоҷикистон дар қиболи ислом мутафовит аст, «дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти ислом, ислом метавонад мутобиқ ба он вокуниш нишон дода, даст ба амалиёти ғайриқонунӣ занад. Ин аст, ки масалан, фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон хусусияти ғайриқонунӣ гирифта истодааст. Аммо, дар муқоиса ба ин созмон, фаъолияти ҲНИТ дар чорчӯби қонунҳои мавҷудаи ин кишвар ҷараён дорад».


Тоҷикистон - намунаи ҳамзистии давлат ва дин?



Аксари ширкаткунандагони ҳамоиш, вуҷуди исломи сиёсӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро намунаи беҳтарин барои ҳамзистии намояндагони дини ислом бо низоми демократии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон талаққӣ карданд. Зеро, ба таъкиди онҳо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бар иловаи фаъолияти расмӣ, дар порлумони кишвар низ ворид шуда ва ҳамкории хуберо бо давлат ба роҳ мондааст. Ин дар ҳолест, ки Муҳидди Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ мегӯяд, бо вуҷуди пешрафтҳо дар ҷиҳати ҳамзистии ислом вал демократия дар ин кишвар ҳанӯз мушкилот ва маҳдудиятҳое дар ҷомеа вуҷуд дорад, ки ҳуқуқи диндорон, ба хусус мусалмононро поймол месозад, «ҳоло наметавон гуфт, ки ҳама масоил ҳал шудааст. Ҳанӯз ҳам ҳастанд касоне, ки наметавонанд қабул кунанд, ҳам аз тарафи динӣ ва ҳам аз тарафи дунявӣ. Аз сӯи дигар, давлат ибтикори як идда барномаҳои диниро бар дӯш мегирад, аммо аз тарафи дигар, як гуна маҳдудиятҳо вуҷуд дорад. Масалан, давлат аз солгарди Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби Ҳанафия, озмуни Қуръонхониро таҷлил ва баргузор мекунад, аз сӯи дигар, ба ду ракъат намоз гузоштани мусалмонон дар ҷои кор монеъ эҷод мекунад».

Кабирӣ ҷилавгирӣ аз вуруди духтарон бо пӯшиши исломӣ, ба хусус ҳиҷоб ба мадорис ва донишгоҳҳо тавассути масъулони давлатӣ ва ҳамчунин манъи гузоштани намози занон дар масҷидҳоро аз дигар маҳдудиятҳое дар ҷиҳати ҳамзистии осоиштаи намояндагони дин дар ҷомеъаи ин кишвар арзёбӣ кард. Аммо Кабирӣ, ҳамкории давлати Тоҷикистон бо ҳизби наҳзати исломиро, ки танҳо ҳизби мазҳабӣ дар ин кишвар ва минтақа аст, омили муҳим дар муносибати ислом ва демократия дар Тоҷикистон донист.

Оё Ғарб ҲНИТ-ро мепазирад?


Вале суол низ матраҳ мешавад, ки дар сурати пирӯзии ин ҳизб дар интихоботи порлумонии феврали соли 2010 оё ҷомеаи Ғарб омодаи пазириши он хоҳад буд ё хайр? Анре Зайферт, як масъули Сандуқи олмонии Роза Люксембург дар посухи ин суол гуфт, «Албатта, ман, аз номи кишварҳои Аврупо ва ба вижа Иттиҳоди Аврупо чизе гуфта наметавонам, аммо таҷриба нишон додааст, ки дар пайи баргузории интихоботҳои демократӣ дар кишварҳои дорои чунин низом намояндагони ислом пирӯз шуданд, мавриди пазириш қарор нагирифтаанд. Вале ман бар инам, ки дар сурати баранда шудани намояндагони ислом дар интихоботҳо онҳо ҳаққи ҳукуматро доранд. Вале борҳо масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин суолро матраҳ кардаанд, аммо то ҳол посухе нагирифтаанд».

Бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди сӯитафоҳумҳо, Анре Зайферт, таҳкими боварӣ аз тариқи гуфтугу ва муколамаро омили ҳалли ҳар навъ мушкилот миёни дунявият ва исломӣ медонад. Ин аст, ки аз соли 2003 бад ин сӯ тарҳи чораҳои таҳкими боварӣ аз тариқи гуфугӯи намояндагони дунявият ва ислом тавассути САҲА рӯи даст гирифта шудааст. Сандуқи Роза Люксембург, ки дар даҳаи 1990 дар Олмон таъсис шудааст, тарҳҳои мухталиферо ба манзури демократияи состиалистӣ дар бархе аз кишварҳо, назири кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди иҷро мегузорад. «Ислом ва демократия» низ аз ҷумлаи ин иқдомот аст.
XS
SM
MD
LG