Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи ҳуқуқи башар. Ба ҷавонон чӣ бояд дод?


Вазъи ҳуқуқи ҷавонону кӯдакон дар ҷомеаи Тоҷикистон яке аз масоили меҳварии ҳафтаи имсолаи ҳуқуқи башар аст, ки бо ибтикори САҲА ва мушорикати як қатор созмону ташкилоти байналмилаливу дохилӣ, ба мисли СММ, Институти ҷомеаи кушод, оҷонсии рушди Швейсария ва омбудсмени Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар тӯли ин рӯзҳо тадбирҳои вижа дар робита бо атфоли маъюби тоҷик, ҳуқуқи хонавода ва барномаҳои вижаи зидди табъиз роҳандозӣ мешавад. Дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи милии Тоҷикистон рӯзи сешанбе маросими муаррифии китоби наве роҷеъ ба ҳуқуқи инсон доир шуд.

Қонунгузории ҷумҳурӣ иҷоза додааст, ки ҷавонони мо таҳсили бепул гиранд. Аммо сол ба сол ҳукумати ҷумҳурӣ таҳсили бепулро дар ҷумҳурӣ маҳдуд карда кӯшиш мекунад, ки таҳсили пулакиро бештар ҷорӣ кунад. Ин як сабаби он мешавад, ки ҷавононе, ки ба дониш лаёқатманд ҳастанд, натавонанд дар мактабҳои олии кишвар дохил шуда таҳсил кунанд...

Дар як тафреҳгоҳи ноҳияи Варзоб тайи ду рӯз дебати даҳҳо донишҷӯ аз саросари кишвар дар масъалаи “Ҷавонон ва меъёрҳои демократии интихобот” баргузор гардид. Барбара Дейвид, раиси департаменти захираҳои башарии САҲА дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки пайғоми аслии ташаббускорони ҳафтаи ҳуқуқи башар ин аст, ки ба эъломияи ҳуқуқи башар ва ба вижа банди якуми он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир шавад, ки мегӯяд: “Ҳама инсонҳо озод ва дорои ҳуқуқи баробар тавваллуд шудаанд”.


Дейвид афзуд: “Таваҷҷӯҳи вижа ба ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон бо дарсади хеле зиёди онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон бастагӣ мегирад. Онҳо аксари ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд. Хеле муҳим аст, ки онҳо ҳар чи бештар дар бораи ҳуқуқи худ омӯзанд. Донишҷӯёни қариб ҳама донишгоҳҳои Тоҷикистон аз Панҷакенту Қӯзрғонтеппа, Душанбеву Кӯлоб ва Хуҷанд дар як қароргоҳи Варзоб барои баргузории як дебати парлумонӣ гирди ҳам омаданд. Пайғоми онҳо ин буд, ки ҷавонон бояд дар интихоботи парлумонии кишвар фаъолона иштирок кунанд”.

Ӯ мегӯяд, ҳадаф ин аст, ки ширкати бештари ҷавонҳо дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар моҳи феврали соли оянда таъмин шавад. Ҳоло, мегӯяд хонум Дейвид, ҷавонҳои тоҷик, ки гоҳо барои таваҷҷӯҳи нокофиашон ба сиёсату масоили сиёсати дохилӣ интиқод мешаванд, дар асл ҳамон мушкилотеро дар сар доранд, ки волидону наздикони калонсоли онҳо: ин масоили марбут ба набуди кор, камбудиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Вале ҳадафи аслӣ ин аст, мегӯяд хонум Дейвид, ки дар дили ҷавонҳои имрӯзаи тоҷик ин андеша бедор шавад, ки бояд аз ҳуқуқи сиёсии худ огоҳ бошанду аз он истифода карда тавонанд, то ки ба дигар мушкилот расидагӣ шавад.

“Ояндаи ҳар кишвар аз ҷавонҳои он вобаста аст. Ва ин ояндаи сиёсии кишвари онҳост. Ҷавонҳо бузург шуда раҳбарии созмонҳои сиёсиро ба ӯҳда мегиранд. Аз ин хотир, мо умедворем, ки тавассути баргузории чунин ҳафтаҳои ҳуқуқи башар ҳадди аққал огаҳии ҳамоҷинибаро ба масъалаи эҳтироми ҳуқуқи инсон бедор мекунем. Мо наметавонем дар як шаб сиёсатҳову таҷрибаҳои то ҳол амалкунандаро тағйир диҳем. Барои ин ҳамкории наздику ҳамаҷонибаи ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, матбуот ва ҷавонон лозим аст”.

Вай гуфт, ки ҳадди аққал бо ин ҳафтаи ҳуқуқи башар бисёриҳо хоҳанд шунид, ки бояд ба ҳуқуқи ҷавонҳо дар ҷомеа риоя кард. Вале оё ҷавонҳои тоҷик дар заминаи ҳуқуқи худ чӣ назар доранд? Агар аз мавқеи бархе ҳоло дар Тоҷикистон ҳеҷ монеаву маҳдудияте барои ҳамсолони онҳо дар таҳсилу кор, амалисозии ормонҳои сиёсиву иҷтимоиашон вуҷуд надошта бошад, аз мавқеи дигарҳо, на ҳама чиз барои ҷавонҳои имрӯза соддаву осон даст медиҳад.

Бахтиёр Холиқов 23 сол дошта дар раёсати кор бо ҷавонҳо, варзиш ва саёҳии шаҳрдории Душанбе кор мекунад. Аз назари ӯ, ҷавонҳои имрӯза бо имкониятҳои васеаи кору таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанду назар ба ҳамсолони даврони пеш аз истиқлолияташон бо навовариву таҳаввулоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.

Аз назари ӯ, ҷавонҳои имрӯзаи тоҷик асосан аз ду ҷиҳат дучори мушкиланд: “Аввалан, масъалаи мафкуравӣ-таълимӣ ва дуввум - масъалаи ахлоқӣ. Агар мо ҳамин ду масъаларо ҳал накунем, ҷавонҳоро ба як равия, ба як чаҳорчӯби хуби амал, чаҳорчӯби илмӣ, донишандӯзӣ ворид накунем, ҷавонон – ояндаи миллатанд, фардо, ки ба сатҳи идорӣ мерасанд, ҳосили хуб гирифта наметавонем. Давлат низ бесоҳиб мемонад. Аз ин лиҳоз, масъалаи ахлоқи ҷавонон дар навбати аввал меистад. Агар ҷавон ахлоқ надошта бошад, на илм ва на донишро намеомӯзанд”.

Бахтиёр афзуд, ки масъалаҳои дигари марбут ба ҳуқуқи иқтисодиву иҷтимоии ҷавонон, ки дар навбати аввал аз ҳунару истеъдоди ҳамсолонаш вобаста аст, тадриҷан ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.

Ҳуқуқшиноси ҷавон Шӯҳрат Қудратов, аз ҷиҳате бо Бахтиёр ҳамфикр аст ва мегӯяд, ки воқеан ҳам барои таҳсил дар беруни кишвару инкишофи инфиродии ҷавонҳо дар хориҷи ҷумҳурӣ имкониятҳои бештар фароҳам омадааст. Вале барои ҷавонҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба сар мебаранд, шароит кам фарқ дорад, гуфт ӯ: “Қонунгузории ҷумҳурӣ иҷоза додааст, ки ҷавонони мо таҳсили бепул гиранд. Аммо сол ба сол ҳукумати ҷумҳурӣ таҳсили бепулро дар ҷумҳурӣ маҳдуд карда кӯшиш мекунад, ки таҳсили пулакиро бештар ҷорӣ кунад. Ин як сабаби он мешавад, ки ҷавононе, ки ба дониш лаёқатманд ҳастанд, натавонанд дар мактабҳои олии кишвар дохил шуда таҳсил кунанд. Ҳукумат бояд ҷавонони моро баъди таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ бо кор таъмин намояд. Аммо ҳукумат ин корро намекунад ва ҷавонон ба ихтиёри худ гузошта мешаванду наметавонанд дар кишвари худ соҳиби кор шаванд”.

Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки солҳои охир илова ба ин, маҳдуд шудани озодиҳои эътиқод ва маҳдудиятҳои мазҳабии ҷавонон боиси он шудааст, ки онҳо наметавонанд дар маҷлисҳои динӣ озодона ҳозир шаванду дар ҳангоми таҳсил низ бо сару либоси барояшон муносиби мазҳабӣ таҳсил кунанд. Вай мегӯяд, ҳамаи ин метавонад дар ниҳоят паёмадҳои нохушоянде дар пай дошта бошад.
XS
SM
MD
LG