Пешниҳоди Созмони байнулмилалии молӣ дар робита ба ташкили бюрои марказии қарз дар замоне пазируфта шуд, ки таъсири бӯҳрони саросарӣ дар Тоҷикистон то ҳол аз байн нарафтааст ва бонкҳои кишвар наметавонанд қарзҳои додаи худро аз соҳибкорону тоҷирон баргардонанд. Яъне, қарзҳои додашуда хатари нотавон шудани бонкҳоро боло бурдааст. Дар ҳоле, ки ҳамин омил боиси бурузи бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шуда буд.
Пешниҳоди Созмони байнулмилалии молӣ низ ба ҳамин мавзӯъ иртибот дорад. Заррина Одинаева, ҳамоҳангсози ин барнома дар Созмони байнулмилалии молӣ дар Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бюро аз сӯи ниҳодҳои молии Тоҷикистон бо ёрии Созмони байнулмилалии молӣ ташкил хоҳад шуд. Хонум Одинаева гуфт, чунин бюроҳо дар ҷамоҳири дигари собиқ Шӯравӣ ташкил шудааст. Хонум Одинаева гуфт, «Ташкили бюрои қарз ду ҳадаф дорад. Аз як сӯ, ин бюро ба соҳибкорону тоҷирон ва дорандагони заём ва коғазҳои қиматдор имкони даст ёфтан ба сармояи бонкҳоро фароҳам мекунад. Аз сӯи дигар, хатари бонкҳо дар додани сармоя ё қарзҳо коҳиш меёбад.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хатардор ба 25 дарсад афзудааст, ки афзоиши он дар оянда ба фаъолияти бонкҳо хатар эҷод мекунад.
Заррина Одинаева, ҳамоҳангсози Созмони байнулмилалии молӣ: «Фаъолияти аслии ин бюро ҷамъоварии иттилоот дар бораи фаъолияти соҳибкорону тоҷирон, дорандагони заём ва коғазҳои қимматдор аст, ки онҳо тавони пардохти қарз дар ҳаҷми калон ё хурдро доранд ё не. Сипас, ин бюро ин иттилоотро дар ихтиёри бонкҳо қарор хоҳад дод, то бонкҳо ба касе ё корхонае қарз бидиҳанд, ки аз тавони пардохтпазирӣ бархӯрдоранд.»
Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ, аз ин иқдом ва ташкили чунин бюро истиқбол кард. Ба гуфтаи вай, мушкили аслии бонкҳо дар ин авохир баргардондани ҳамон қарзҳоест, ки ба муштариёни ҳамаҷониба санҷиданошуда дода шудааст. Баҳром Шарифов дар бораи аҳаммияти ин бюрои қарз, ки ташкил хоҳад шуд, гуфт: «Ба ин бюро 13 бонк ва беш аз 200 ташкилоти хурди қарздиҳӣ шомил мешавад ва минбаъд ба шахсон ва корхонаҳое қарз хоҳанд дод, ки онҳо бо пул кор карда метавонанд ва масъулият ҳис мекунанд.»
Ҳамчунин, ҷаноби Шарифов ташкили ҳамчунин бюроро барои мусоид сохтани фазои сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон муҳим хонд. Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, дар шароити феълӣ асосҳои қонунӣ барои ташкили чунин бюро аз сӯи порлумон тасвиб шудааст.
Созмони байнулмилалии молӣ низ дар мавриди созгории ин бюро ба фазои мусоиди сармоягузорӣ мувофиқ аст. Барои иҷрои ин барнома, яъне ташкили бюрои қарз 2 миллион доллар ихтисос дода шудааст.