Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти "Рӯзи донишҷӯ" дар Теҳрон


Кормандони полиси Теҳрон ба хотири пароканда кардани намоиши зиддиҳукуматии мухолифoн дар майдони марказӣ ва дигар хиёбонҳои шаҳр аз гази ашковар ва калтак истифода кардаанд.

Дар ин бора бархе аз хабаргузориҳо бо такя ба шоҳидони ин ҳаводис иттилоъ доданд. Радиои Фардо хабар дод, мухолифини ҳукумати Аҳмадинажод талош карданд рӯзи 7 декабрро, ки ҳамасола дар Эрон чун Рӯзи донишҷӯ таҷлил мешавад, ба намоиши нерӯманд боқӣ мондани ҷунбиши ислоҳотхоҳӣ табдил кунанд.
Беш аз 70 нафар аз чеҳраҳои саршиноси ҷумбиши донишҷӯӣ дастгир шуданд, донишҷӯёни дигаре фаро хонда шуданд ба иттилоот, ба ҳаросат, дар он ҷо таҳдидашон карданд, ки ҳар навъ ҳаракате кунад, аз донишгоҳ хориҷашон мекунанд...

Ва аммо хабари истифодаи гази ашковару калтак аз сӯи полисро бештари хабаргузориҳои мустақил ва ҷаҳонӣ таъйид накардаанд, зеро мақомоти Эрон ҳузури хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ дар маҳали намоишҳоро манъ карда буданд. Иттилои онҳо низ бо ишора ба шоҳидони ҳаводис пахш шудааст.

Аз ин пеш иттилоъ расида буд, ки кормандони полис ва низомиёни Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ донишгоҳи Теҳронро муҳосира кардаанд. Шоҳидон мегӯянд, ки тазоҳуроти мухолифин ҳанӯз шаб шурӯъ шуда буд ва садҳо нафар дар зери борон бо нидоҳои “Оллоҳ Акбар” ва “Марг ба мустабид” алайҳи натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ дар моҳи июни соли равон эътироз мекарданд.

Гуфта мешавад, ки мақомоти Эрон талошҳои ҷилавгирӣ аз намоишҳои густардаи зиддиҳукуматии мухолифинро тақрибан якуним моҳ қабл шурӯъ карда буданд.

Алиризо Нуризода, коршиноси маосили сиёсӣ дар Лондон дар сӯҳбат бо Бахши тоҷикии дар ин бора гуфт, ки дар ин муддат “беш аз 70 нафар аз чеҳраҳои саршиноси донишҷӯӣ дастгир шуданд, донишҷӯёни дигаре фаро хонда шуданд ба иттилоот, ба ҳаросат, дар он ҷо таҳдидашон карданд, ки ҳар навъ ҳаракате кунад, аз донишгоҳ хориҷашон мекунанд”.

Ӯ меафзояд, “дар поёни ҳафтаи гузашта фармондеҳи низомии Теҳрон сардор Алии Фазлӣ гуфт, ки ҳама навъ омодагӣ барои бархурд бо донишҷӯёнро доранд. Қабл аз ӯ фармондеҳони дигар Сипоҳи инқилоби исломӣ ҳам таҳдид карда буданд ва оғои Ҷаннатӣ, имом хатиби муваққати Теҳрон ҳам рӯзи ҷумъа донишҷӯёнро таҳдид карда буд. Онҳо ҳама васоили таҳдидро ба кор бурданд, аз радиову телевизион ҳам мураттаб таҳдид мекарданд”.

Ва аммо ин ҳама таҳдидҳо барои боз ба хиёбонҳо рехтани садҳо ҷонибдорони мухолифин монеъ нашудаанд. Мирҳусейн Мусавӣ, номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳур ва раҳбари мухолифин дар сомонаи интернетии худ навишт, ки “агар мақомот имрӯз тазоҳуротро саркӯб кунанд, ин намоишҳо фардову пасфардо боз идома хоҳанд кард”.

Ба иттилоъи сокинони Теҳрон, онҳо рӯзи 7 декабр аз имкони дастрасӣ ба почтаи электронӣ ва ҳама сомонаҳои интернетиии мухолифин маҳрум буданд. Бархе аз сомонаҳо навиштанд, ки мақомот фаъолияти шабакаҳои телефонҳои мобайл дар маркази Теҳронро ҳам қатъ карданд.

Рӯзи донишҷӯ аз Эрон аз соли 1953 ба ин сӯ ба хотири ҳалокати се донишҷӯ дар як намоиши эътирозӣ замони қудрати шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG