Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуфузи Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ


EUCAM ё Пажӯҳишгоҳи аврупоӣ дар умури Осиёи Марказӣ ва Қафқоз гузоришеро дар робита ба нуфузи таъсири Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интишор кардааст. Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди интиқодоти собиқаи мустамликадории Русия, Маскав ҳамчунон дар талоши ҳифзи ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҷанбаҳои мусбӣ ва манфиеро дар пай дорад.

«Русия дар Осиёи Марказӣ: таърихи дерин, мушкилоти нав?» гузоришест, ки тавассути Марлин Ляруэл, корманди Пажӯҳишгоҳи аврупоӣ дар масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Брюссел муаррифӣ гардид. Хонум Ляруэл зимни баррасии сабабҳои асосии таъсири Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии ин равандро ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллиф ҳузури дарозмуддати Русия дар минтақаи Осиёи Марказиро омили ба як «тамаддун» тавъам шудани мардумони ин кишварҳо арзёбӣ кардааст.

Аммо ба эътиқоди муаллифи гузориш, бо ин ҳама дар муносиботи миёни Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ авомили манфие низ ба
Ҳузури дарозмуддати Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ омили ба як «тамаддун» тавъам шудани мардумони ин кишварҳо мебошад .
вуҷуд омада, ки ба ихтилофоти зиёди сиёсӣ ва фарҳангӣ мунҷар шуда ва ҷанбаи «истеъмор ва мустамликаро дар муносибот» касб кардааст. Ин гузориш ҳокист, ки Русия ҷойгоҳи хосеро дар Осиёи Марказӣ ба сабаби нақши истеъморгарии собиқ доштанаш аз асрҳои 18 ва 19 бад ин сӯ пайдо кардааст. Дуруст аст, ки на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар маҷмӯъ 15 ҷумҳурӣ дар даврони Шӯравии пешин дар итоати марказ – Маскав қарор доштанд ва унвони «мустамликадор», «истеъморгар» ва ҳатто «имперотури»-и Русия болои кишварҳои собиқ дар он даврон бидуни баҳс аст. Аммо суоле ки матраҳ аст, ин аст, ки ҳамакнун бо таваҷҷуҳ ба тағйири низоми сиёсии минтақа ва ҷаҳон оё ҷойгоҳи импературии Русия дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон боқист ё хайр?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ кишварҳои мустақил ҳастанд ва Русия ҳеҷ имкон надорад, ки сиёсати истеъморгаронаи худро дар ин ҷо давом диҳад. Дар ин ҷо масъала дигар хел меистад ва албатта чунин оҳангҳое дар сиёсати хориҷии Русия ҳастанд ва чунин гурӯҳҳое ҳастанд, ки чунин мавқеъро пуштибонӣ мекунанд. Вале кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муқобили чунин сиёсатҳо истодагарӣ ва муқовимат мекунанд».

Сафаров мегӯяд, Русия истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказиро эътироф кардааст ва ин кишварҳо низ дар тасмимгириҳояшон мустақил ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари Маркази мутолеъотии «Диалог», бар ин назар аст, ки сиёсати Русия болои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, ки аз ҳар ҷиҳат вобастагӣ доранд, ҳамчунон ба увони истеъморгар боқӣ мондааст, «имрӯз ҳам Русия ба унвони қудрати ҷаҳонӣ дар минтақа вуҷуд дорад ва кишварҳои минтақа низ бидуни машварат бо Русия наметавонанд тасмимеро мустақилона бигиранд. Албатта, таҳлил мешавад ва ҳатто интизор мешаванд, ки Русия аз ин таҳаввулот пуштибонӣ кард, онҳо низ истиқбол мекунанд ва агар баръакс пас, мавқеъи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ манфӣ хоҳад буд».

Сайфуллозода, аз сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Маскав дар моҳи октябр ёдовар шуд ва гуфт, ҳарчанд қабл аз ин сафар дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва Русия ҳадсу гумонҳои зиёде дар заминаи дифоъ аз манофеъи миллии Тоҷикистон, ба хусус тақозои маблағ барои иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, тавассути президент Раҳмон матраҳ буд, аммо раванди музокирот собит кард, ки Русия ҳамчунон аз болотарин нуфуз дар қиболи Тоҷикистон бархӯрдор аст. Аз сӯи дигар, Сайфуллозода дар ихтиёри Русия қарор доштани муҷтамаъи кайҳонии «Окно», неругоҳи барқи обии Сангтуда – 1 –ро аз дигар намунаҳои нуфузи комили Русия дар ин кишвари Осиёи Марказӣ медонад ва мегӯяд, ин ҳузур дарозмуддат аст.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, сиёсати Русия болои кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан аз сиёсатҳои пешинаш тафовут
Шеваи зӯр ва сахтгирона дар ниҳоят «косаи сабр» -ро мешиканад ва метавонад боиси вуқӯъи таҳаввулотҳое дар миёни ҷомеъаи ин кишварҳо гардад.
дорад, вале Маскав дар ҷиҳати ҳифзи нуфузи худ дар минтақа алайҳи кишварҳои минтақа аз фишорҳои сиёсӣ кор мегирад, «албатта, Русия ҳозир имкониятҳои моддӣ ва иқтисодӣ надорад, ки барои устувории нуфузаш дар минтақа кор бигирад, балки аз усулҳои дигар корт мегирад. Мисол, фишорҳои сиёсӣ ва ба хусус истифода кардан аз душвориҳои иқтисодие, ки дар ин кишварҳо ҳаст, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия чандин миллион кору фаъолият доранд, кор гирифта мешавад. Усулҳое, ки бо замони ҳозир мутобиқ аст».

Афзун бар ин, ба таъкиди Муллоҷонов, Маскав ҳеҷ гоҳ хоҳони тақвияти ҳузури дигар кишварҳои абарқудрат дар минтақаи Осиёи Марказӣ нест. Ба ин далел, ба гуфтаи Муллоҷонов, яке аз усулҳои муҳиме, ки боиси нигаҳдории нуфузи Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ин ҳимоят аз раҳбарони ин кишварҳо аст. Зеро, Муллоҷонов мӯътақид аст, ки густариши ҳузури кишварҳои дигари абарқудрат, назири Амрико, Маскавро водор кардааст, то чунин сиёсатеро дар қиболи кишварҳои минтақа дунбол кунад. Аммо, Муллоҷонов меафзояд, бо шеваи фишор пайгирӣ кардани ин аҳдофи стратегӣ дар минтақа ба нафъи Русия тамом нахоҳад шуд.

Зеро, ба таъкиди на танҳо Муллоҷонов, балки аксари соҳибназарон, шеваи зӯр ва сахтгирона дар ниҳоят «косаи сабр» -ро мешиканад ва метавонад боиси вуқӯъи таҳаввулотҳое дар миёни ҷомеъаи ин кишварҳо гардад. Ҳамон гуна, ки чунин таҳавуулоте боиси тағйир кардани сиёсати Гурҷистон дар қиболи Русия шуд ва ин кишвари Қафқоз тасмим гирифт, то аз ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар раъси он Русия қарор дорад, берун шавад. Украина низ чунин мавзеъро дунбол мекунад.

Албатта бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Узбакистон талошҳоеро ба манзури дурӣ ҷустан аз созмонҳои минтақаӣ, назири Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ анҷом додааст, аммо боз ҳам бо фишори Русия вориди ин созмон шудааст. Ва ё пас аз оғози амалиёти Эътилофи байналмилали алайҳи терроризм дар Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001, Узбакистон бо густариш додани ҳамкориҳо бо Амрико ба ҳузури низомии ин кишвар дар қаламрави худ иҷоза дод, вале бо гузашти чанд сол дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон нирӯҳои Амрикоро аз ин пойгоҳ берун кард.

Дар ҳар сурат соҳибназарон бар ин боваранд, ки эъломи «сиёсати дарҳои боз» -и кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон, Русияро таҳаррук медиҳад, то бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ба хусус кишварҳои ғарб ҳамкориро ба хотири тақвияти нуфузу ҳузури худ дар ин минтақа густариш бахшад. Ин нукта низ дар гузориши Пажӯҳишгоҳи Аврупо дар масоили Осиёи Марказӣ ва Қафқоз таъкид шудааст.
XS
SM
MD
LG