Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занон дар ростои интихоботи нави порлумонӣ


Коршиносон мегӯянд, ки дар ҷомеаи тоҷик майли пуштибонӣ аз нақши қавитари занон дар ҳукумат ва сиёсат рӯ ба афзоиш дорад, вале талошҳои ширкати густардаи занон дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ба назар намерасад.

Ба назари онҳо, ҳарчанд дар маҷлисҳои гузашта ва кунунӣ занон намояндагӣ мекунанд, вале онҳо камфаъоланд ва ҳузури онҳо тақрибан ҳис карда намешавад. Феълан дар Маҷлиси намояндагони кишвар 11 нафар зан вакили мардум аст.

Вале дар миён гузоштани масоили муҳими занон ба монанди коҳиши хушунат нисбати онҳо дар Тоҷикистон, саломатии модару кӯдак, коҳиши фақру нодории хонаводаҳо, эҷоди ҷои кор барои занон аз тарафи вакилони зан дар Маҷлиси намоянадгон, ба таври равшан дида намешавад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки мардсолорӣ ҳукмфармост, ба чунин мақомҳо (вакили порлумон) занҳо бо мушкилӣ роҳ меёбанд ...
Ҳуриниссо Ғаффорзода, яке аз занони фаъоли тоҷик, дар робита ба номзадии занон дар интихоботи моҳи феврал мегӯяд, «занҳои шоиста барои мақоми вакили мардумӣ дар порлумон ҳастанд, аз ҷумла Гулрухсор, Ойниҳол Бобоназарова, Ҳуриниссо Ализода, Бозгул Додихудоева. Вале онҳо ба чунин мақом пазируфта намешаванд. Ҳол он ки ин занҳо метавонанд корҳои зиёдеро барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон анҷом диҳанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки мардсолорӣ ҳукмфармост, ба чунин мақомҳо занҳо бо мушкилӣ роҳ меёбанд».

Ва аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро тайи 10 соли ахир, ҳар вақте сухан дар бораи шахсиятҳои арзанда ба мақоми депутатӣ аз ҳисоби бонувони тоҷик меравад, ҳатман исми танҳо 3-4 нафар - Гулрухсори Сафӣ, Ойниҳол Бобоназарова, Бозгул Додихудоева, Ҳуриниссо Ализода ва Ҳуриниссо Ғаффорова, Хайринисо Юсуфова - ба забон оварда мешавад?

Исмоил Раҳматов, коршиноси мустақили тоҷик , ки ӯ низ бо ном бурдани исми ин чанд нафар ба мақоми депутатӣ иктифо кард, бо ишора ба таҷрибаи кашварҳои пешрафтаи ҷаҳон гуфт, адами замина ва ё мактабе барои омода кардани кадрҳои сиёсӣ аз миёни занони ҷавон ва духтарон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои аслии ангуштшумор бурдани бонувони фаъолу арзанда ва боҷуръат дар саҳнаи сиёсат гаштааст.

Маблағи таъиншудаи гаравпулии номзадӣ барои аксари занҳое, ки мехоҳанд дар сиёсат мақом биёбанд, дастнорас аст ...
Яке аз сабабҳои дигаре, ки занҳои шоиста ва фаъол ба курсиҳои порлумон соҳиб намешаванд, ин мушкил дар ҷараёни сабти номзадӣ мебошад. Ҷамъоварии имзоҳо, маблағи номзадӣ, баробар набудани имкони пешниҳоду таблиғи номзадӣ барои як нафаре, ки мехоҳад вориди корзор шавад, мушкил пеш меорад. Ва аз ҷониби ҳизбҳо низ ин афрод пешниҳод карда намешаванд. Зеро ба бовари онҳо, аз тарафи аҳзоби ғайриҳукуматӣ агар номзад бошӣ ҳатман шикаст хоҳӣ хурд.

Дар ҳамин ҳол Марям Давлатова, яке аз занони фаъоли дигар, ки дар доираҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ҳамчун журналист шинохта аст ва фаъоли ҳифзи ҳуқуқи занон низ мебошад , сабаби аслии бо мушкилӣ роҳ ёфтани занони арзанда ба порлумони Тоҷикистонро ба маблағи номзадӣ рабт медиҳад.

Вай мегӯяд, «маблағи таъиншудаи гаравпулии номзадӣ барои аксари занҳое, ки мехоҳанд дар сиёсат мақом биёбанд, дастнорас аст. Масалан, ман мехоҳам номзадиамро пешбарӣ кунам, вале чунин маблағ надорам. Аз дигар сӯ, занҳои сарватманди мо хеле каманд».

Ба ин тартиб дар порлумини феълии Тоҷикистон аз 63 курсӣ наздики шаш дарсади онро занон дар ихтиёр доранд. То замоне, ки ин гузориши мо омода мешуд на тавассути радиову телевизион ва на аз тариқи рӯзномаҳои расмию мустақил кадом хонуме изҳори омодагӣ барои вориди корзори интихоботи моҳи феврал шудан накардааст.
XS
SM
MD
LG