Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Тоҷикистон ба иддаоҳои Узбакистон


Хусрав Ғоибов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, иддаои Тошканд дар мавриди хуруҷ аз системаи ягонаи барқро тасмими сиёсӣ номид
Хусрав Ғоибов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, иддаои Тошканд дар мавриди хуруҷ аз системаи ягонаи барқро тасмими сиёсӣ номид

Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вазорати энержӣ ва ширкати “Барқи Тоҷик” дар нишасти хабарии рӯзи 25-уми ноябр ба изҳороти сафири Узбакистон дар Душанбе дар бораи хуруҷи ин кишвар аз системаи ягонаи таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ вокуниш нишон доданд.

"Иқдоми сиёсии Узбакистон"

Хусрав Ғоибов, муовини сарвари раёсати Ҷомеаи Ҳамсуди вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар ин нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, берун рафтани Узбакистон аз ин системаро як “тасмими сиёсӣ” номид. Вай гуфт, “изҳороти сафири Узбакистонро ҳамчун иқдоми сиёсии кишвари ҳамсоя арзёбӣ мекунем. Албатта, ҳар як кишвар ҳақ дорад, ки дар ин ё он созишномаҳои байнидавлатӣ ширкат варзад ва ё иштирокашро қатъ кунад. Вале дар баробари ин қонунҳои байнулмилалӣ ва умуман ҷаҳони мутамаддин салоҳ намебинад, ки ин гуна иқдомот ба зарари кишварҳои дигар сурат гирад”.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пештар Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири то ин дам “хомӯш”-и Узбакистон дар Душанбе, хуруҷи Тошканд аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказиро шарҳ дода ва гуфта буд, ки ин як тасмими иҷтимоии дохилии кишвараш асту халос. Аммо ӯ вуқӯи садама дар аввалҳои моҳи равон дар низоми барқрасонии Тоҷикистонро як далели набуди низоми дурусти кор ва амният дар системаи энержии кишварҳои минтақа арзёбӣ кард.

Тоҷикистон системаи энержияшро таҷдид мекунад

Намояндаҳои ширкати “Барқи тоҷик” ва вазорати энержӣ ҳам то ин ки ба суоли хабарнигорон посух диҳанд, дар навбати аввал ин иддаои сафири Узбакистон ва ҳамчунин даъвоҳояш дар бораи талафот ва дуздии барқ аз тарафи Тоҷикистонро рад карданд.

Одинамуҳаммад Чоршанбиев, як масъули ширкати “Барқи Тоҷик”, ҳарфҳои ҷониби Узбакистон дар бораи фарсудагии системаҳои энержии Тоҷикистонро, ки гӯиё як сабаби хуруҷи ин кишвар аз системаи ягона шудааст, ғайривоқеӣ донист. Вай гуфт, “муддати ду соли ахир модернизатсия ва таҷдиди системаи энержии кишвар ба роҳ монда шудааст. Яке аз мисоли инҳо хатти баландшиддати 220-киловолта аз зеристгоҳи Лолазор то зеристгоҳи Хатлон аст. Гузашта аз ин, модернизатсия ва таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” ва нерӯгоҳи Марказиро низ ба роҳ мондаем. Барои ҳамин бисёр масоиле буданд, ки наомӯхта баён шудаанд”.

Роғун Тошкандро асабонӣ кардааст

Намояндаҳои вазорати энержӣ ва “Барқи тоҷик” ҳамчунин гуфтанд, бо вуҷуди он ки хуруҷ аз системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ беш аз ҳама ба худи Узбакистон зарар дорад, вале Тошканд дар ин рӯзҳои сармо, ки Тоҷикистон умдатан ба мушкили барқ мувоҷеҳ хоҳад шуд, ба хотири эҷоди мушкил даст ба ин иқдом задааст.

Абдулло Қурбонов, сардори раёсат дар вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, гуфт: “Як латифа ҳаст. Марде моҳӣ медорад ва мегӯяд, ки ба ман чӣ медиҳӣ? Моҳӣ гуфтааст, ки ба ту як медиҳам ва ба ҳармоҳат ду. Ин мард гуфтааст, ки, пас, як чашми маро бигир. Яъне як чашми инро бигирад, ду чашми ҳамроҳашро мегирад. Ба ин маъно, ки ман ду баробар зиён ҳам бинам, ба Тоҷикистон нашавад гуфтаанд”.

Коршиносон ҳам бовар доранд, ки ин иқдоми Узбакистон иқдоми саҳлу сода набудааст. Зеро ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон акнун наметавонад беш аз 1 миллиард киловат нерӯи барқи тавофуқшуда аз Туркманистонро бигирад.

Ҳомидҷон Орифов, котиби Кумитаи миллии сарбандҳои бузург, мегӯяд, талош барои бунёди Роғун бо нерӯи дохилӣ, ки Узбакистон аз мухолифони ашаддии он ба ҳисоб меояд, беш аз ҳама Тошкандро асабонӣ кардааст: “Онҳо ба ҳар роҳе талош мекунанд, ки вазъияти мо – тоҷикистониҳо хуб нашавад. Коре мекунанд, ки Роғун сохта нашавад. Фикр мекунам, ин аксияи густурда алайҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст. Ҳамчунин, Узбакистон мехоҳад ба ин восита Туркманистонро ба истилоҳ ҷазо диҳад, ки бо Тоҷикистон дар бахши энержӣ ҳамкорияҳояшро тақвият додан мехоҳад”.

Набуди чора

Ҷониби Узбакистон эълом кардаст, ки аз якуми декабри соли равон аз системаи ягонаи барқрасонии минтақа берун хоҳад омад. Аммо мақомоти Тоҷикстон мегӯянд, Узбакистон ҳанӯз дар рӯзҳои охирини моҳи октябри имсол аз ин система берун шуда буд.

Бо ин ҳол, масъулони мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд аз ин мушкилэҷодкуниҳои ба зоҳир энержӣ ва аммо сиёсатолудаи Узбакистони ҳамсоя нохушнуданд, вале алайҳи он иқдоми хосе рӯйи даст нахоҳанд гирифт. Масалан, ба унвони ҳукумати Узбакистон нота нахоҳанд навишт ва ҳам ҷумаки обашонро, ки пайваста ва бидуни мушкил ба ҳавзҳои Узбакистон мерезад, нахоҳанд баст.
XS
SM
MD
LG