Бахтинисои 21-сола, сокини шаҳри Исфара, ки як солу 9 моҳ қабл бо ҷурми дуздии телефони ҳамроҳ барои се сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, бо тифли яксолааш ба озодӣ баромад.
Вай мегӯяд, «ман тавба кардам, дигар ин гуноҳро намекунам. Ман дигар намехоҳам, ки аз тифлам ҷудо шавам.»
Бахтинисо меафзояд, волидонаш вафот карданд ва дар хонаи холааш зиндагӣ ва дар бозори Исфара талбандагӣ мекардааст. Дар баробари ин қабл аз маҳкум шудан аз дӯстдоштааш ҳомиладор мешавад ва бо тифли дар батн будааш паси панҷара менишинад.
Бахтинисо фарзандашро бо кӯмаки кормандони зиндон дар беморхонаи шаҳри Норак таввалуд мекунад. Ба ҳамин тартиб, Муҳаммадалӣ, фарзанди Бахтинисо, рӯзҳои нахустини зиндагии худро дар маҳбас оғоз карда, дар шаҳодатномаи таввалуд, зодгоҳашро шаҳри Норак навиштаанд.
Бахтинисо мегӯяд, «раҳмат ба корманди муассиса, камтар кӯмак карданд. Ба хонаи холаву язнаам меравам. Худамам хона дорам, қабул накарданд ба хонаи худам меравам.»
Бахтинисо дар ҳоле ба назди пайвандонаш бармегардад, ки ӯро касе бо тифли ғайриникоҳияш интизор нест. Аммо бо ин вуҷуд мегӯяд дигар даст ба ҷиноят намезанад ва ин тифлашро бо ҳунармандӣ ё ба қавле бо нӯги сӯзан ба воя хоҳад расонид.
Шаҳноза ҳамсӯҳбати дигари мо 23 сол дорад ва бо ҷурми авбошӣ ё шикастани оинаи мошини ронандаи таксӣ ба мӯҳлати дуюним сол маҳкум шуда буд ва ҳамакнун баъд аз 1 соли адои ҷазо ба назди пайвандонаш баргашт.
Ба гуфти ӯ, ронандаи таксӣ сари роҳи ӯро гирифтааст ва ӯ ба хотири ҳимояи хеш ба тарафи мошин санг мепартояд. Шаҳноза бори сеюм ҷиноят содир карда, аз озодӣ маҳрум шудааст. Ӯ низ аз кирдорҳои худ изҳори пушаймонӣ карда мехоҳад зиндагии навро шурӯъ кунад
Вай мегӯяд, «акнун ба кӯча меравам, зиндагиамро нағз пеш мебарам. Дар ин ҷо вақтамро нағз мегузарондам, ҳавлӣ мерӯфтам...»
Масъулин ва ҷомеашиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки аксари занони аз маҳбас озодшуда бо такрори ҷиноят аз нав ба зиндон бармегарданд. Ба гуфти худи маҳбусон, муносибати нобарори аъзоёни ҷомеа ба онҳо ва баста шудани роҳҳои дурусти зиндагӣ барояшон ба ғайр аз табаҳкорӣ интихоби дигареро намегузорад.
Робия Бекмуродова, сардори шӯъбаи фаври низоми раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи кишвар, мегӯяд, аз миёни заноне, ки ду соли пеш авф шуда буданд 60 нафар барои дуввум ё севвум бор ба зиндон баргаштаанд. Бо вуҷуди он ки бисёре аз занҳо ҷинояткорӣ ашшади маҳсуб меёбанд, аммо бахт ба рӯяшон хандид ва дубора рӯйи озодиро дидаанд.
Хонум Робия меафзояд, «аз ҳамон идораи шуғли аҳоли хоҳиш мекунам, ки инҳоро ба ҷойи кор таъмин кунанд. Аз созмонҳои ҷамъиятӣ илтимос мекунам, ки барои пайдо кардани ҷойи кор ба ин занон, ки бисёрашон соҳиби маълумоти олиянд, кӯмак кунанд. Аз сабабе, ки шароити зиндагишон бад аст, онҳо ба ҷиноят даст мезананд.»
Аммо дар ҳамин ҳол бисёре аз духтарони озодшуда мегуфтанд, ки ба оянда хушбинанд ва бо дарки гуноҳи хеш то ҳадди аксар аз такрори ҷиноят худдорӣ мекунанд.
Видеои озод шудани занонро аз маҳбаси Норак ин ҷо бубинед:

Аз ҳамон идораи шуғли аҳолӣ хоҳиш мекунам, ки инҳоро ба ҷойи кор таъмин кунанд. Аз созмонҳои ҷамъиятӣ илтимос мекунам, ки барои пайдо кардани ҷойи кор ба ин занон, ки бисёрашон соҳиби маълумоти олиянд, кӯмак кунанд. Аз сабабе, ки шароити зиндагишон бад аст, онҳо ба ҷиноят даст мезананд...