Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Конимансур» интизори сармоягузорон аст


Қабули дархости ширкатҳои сармоягузор барои иштирок дар тендери истихроҷи кони нуқраву сурбу руҳ воқеъ дар шимоли Тоҷикистон то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.

Аммо ба иттилои бархе манобеъ, таваҷҷӯҳи бештарро барои ширкат дар тендери ба даст овардани ҳаққи коркарди нуқра дар «Конимасур» ширкатҳои чинӣ зоҳир кардаанд ва эҳтимоли баранда шудани онҳо афзудааст. Агарчи қаблан гуфта мешуд, ки Русия майли бештаре барои саҳмгирӣ дар истихроҷи ин маъдан дорад.

Кони нуқраву сурбу руҳи «Конимансур», воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро дар солҳои ҳафтоди асри гузашта мутахассисони шцравӣ мавриди омӯзиш қарор дода ва зарфияту захифаи онро ташхис намуда, тарҳи коркардашро омода карда буданд, аммо ин кон ҳамчунон то кунун дастнохӯрда боқӣ мондааст.

«Конимасури калон» бузургтарин захираи нуқраи дунё маҳсуб мешавад ва ба бовари мутахассисон, 57 ҳазор тонна нуқра дорад. Аммо барои коркарди он ҳудуди ду миллиард доллар сармоягузорӣ лозим аст.

Дар ҳамин ҳол бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба иқлими самоягузорие, ки Тоҷикистон дорад ва мавҷудияти фасоди густарда ин ширкатҳои давлатӣ ва нимадавлатии Чин ҳастанд, ки омодаи сармоягузориҳои ҳангуфт дар Тоҷикистон мешавад. Вагарна на ширкатҳои ғарбӣ ва на ҳатто русӣ омода нестанд чунин сармояи ҳангуфтеро вориди иқтисодие кунунд, итминон ба ояндаи он рӯшан нест.

Дар ҳар сурат ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, баъди эълони расмии номи ширкати барандаи тендери «Конимансур» дар соли оянда истихроҷи нуқра, рӯҳ ва сурбро дар ин кон ба роҳ андозад.

Аммо ҳар ширкате онро сармоягузорӣ накунад, муҳим ин аст, ки гуфт мешавад, дар сурати роҳандозии тавлиди саноатии «Конимасури калон», қимати дастгоҳҳои радиоэлектронӣ имкон дорад, коҳиш пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG