Дар ин авохир шумори зиёди ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ҳамин тавр созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳатто аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ба чунин даъват ҳамаовозӣ мекунанд ва тавре ба назар мерасад, Душанбе ба манзури ҷалби сармояи худӣ ба эҳдоси ин нирӯгоҳ маъракаи густардаеро сар кардааст.
Таҳлилгарон ҳатто мегӯянд, ки бунёди Роғун дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун як андешаи миллӣ, ки мардум дар меҳвари он аз як гиребон сар барорад, хидмат кунад.
МАЪРАКАИ ТАБЛИҒОТӢ?
Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ба хотири ҷалби зарфиятҳои дохилӣ ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун аллакай аз авоили соли оянда саҳмияҳои ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро ба фурӯш барорад. Аммо зоҳиран дар Тоҷикистон аз ҳоло маъракаи бузургеро ба хотири ташвиқи мардум барои мушорикат дар ин сохтмони бузург, ки дар матбуоти расмӣ ҳатто “марзи нангу номус ва ватандорӣ” ба қалам дода мешавад, оғоз кардаанд.
Тақрибан дар ҳама маҳофил ва маҷолиси Тоҷикистон дар ин шабу рӯз аввалу охири сӯҳбати ҳам мақомот, ҳам аҳли назар ва ҳам мардум аз Роғун аст ва соҳибназарон ҳатто аз сохтмони ин нирӯгоҳ бофтани матоъи андешаи миллии Тоҷикистонро маслиҳат медиҳанд.
Ниҳодҳои мухталиф низ дар амри даъвати мардум барои мушорикат дар сохтани ин нирӯгоҳ гӯё ба як сабқат пардохта, кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумат, барои мисол, алакай аз баргузории анҷумани вижае дар мавзӯъи “Саҳми занон дар бунёди Роғун” хабар дода ва хабаргузории расмии “Ховар” ҳам бо ҳамовозӣ ба ин ибтикор гуфтааст, ки низ саҳми хоксоронаи худро дар Роғун хоҳад гузошт.
Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон низ рӯзи панҷшанбе аз мардум даъват кард, бо ихтисоси маоши якмоҳаи худ дар ин сохтмон саҳм бигиранд. Раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев шумори мардуми соҳиби ҷойи кор дар кишварро 2 миллиону 147 000 нафар ва маоши миёна дар Тоҷикистонро ҳудуди 80 доллар баршумурда, гуфтааст, ки агар ҳамаи ин мардум як маоши худро ба Роғун бубахшанд, 154 миллион доллар ба даст хоҳад омад. Яъне мблағи тақрибан муодили 148 миллион долларе, ки давлат дар будҷаи соли ояндааш барои Роғун ихтисос додааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки бо дарназардошти муҳимияти нирӯгоҳи Роғун дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишвар дар харидории саҳмияҳои он ширкат хоҳад кард.
Муҳиддини Кабирӣ, раиси ин ҳизб гуфт, мушорикати гурӯҳҳои сиёсӣ ба таъмини шаффофияти истифода аз маболиғи ҷамъшуда мусоидат карда, имкони такрори сарнавишти саҳмияҳои нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро камтар хоҳад кард.
СОЯИ САНГТӮДА
Таҷрибаи талхи саҳмияҳои нирӯгоҳи Сангтӯда, ки мақомот дар миёнаи солҳои навад ҳамин тавр ба гунаи гӯё ихтиёрӣ ба мардум фурӯхта буданд, омилест, ки ба назари маҳофил, метавонад рӯи ибтикори ҷадиди давлат ҷиҳати ҷалби пасандозҳои мардум ба сохтмони Роғун соя андозад.
Қарори маълум, бо роҳи баргузории марафонҳои телевизионӣ ва ихтисоси маоши мардум дар даҳаи гузашта маблағи қобили мулоҳизае барои нирӯгоҳи Сангтӯда ҷамъ шуда буд, вале давлат дар ниҳоят 75 дарсади саҳмияҳои сохтмони ҳанӯз ниматамоми ин нирӯгоҳро дар 5 соли пеш дар ивази қарзҳояш ба Русия супурд ва аз саҳмияҳои ба мардум фурӯхтааш дигар лаб накушод.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, аз ин лиҳоз таъмини замонатҳои қавии саҳмияҳои Роғун аз ҷониби давлатро як амри лозим дар роҳи ҷалби сармояи мардум ба ин сохтмон медонад. Вай мегӯяд: "Дар ҷомеаи мо чунин сармоя ҳаст. Бизнеси "мӯҳра" чанд сол пеш нишон дод, ки тоҷирони қаблакӣ тавонистанд, дар Душанбе ва атрофи он қариб 40 миллион доллар сафарбар кунанд. Барои ҳамин агар мо саҳмияҳоро бо як роҳи дуруст ба фурӯш барорему бозори озодеро фароҳам кунем, мардум бо бовар дар он ширкат хоҳад кард. Аммо таҷрибаи Сангтӯда метавонад, як монеаи сахте дар ин роҳ бошад. Барои эҳёи боварӣ бояд он саҳмияҳои Сангтӯдаро табдил дод ба саҳмияҳои Роғун."
Оқои Муҳаммадазимов мегӯяд, Душанбе дар роҳи ҷустуҷӯи андешаи миллӣ рӯи 3 мавзӯъи умда ва меҳварӣ - раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, таъмини амнияти озуқа ва таъмини амниятӣ энержӣ - чарх мезанад, вале дар мавриди аввал хостҳояш бо хостҳои Чин созгор омаду барои бунёди роҳҳои худ аз Пекин сармояи фаровоне сарозер шуд, дар мавриди дуввум, яъне таъмини озуқа барои кӯтоҳ муддат боришоти фаровони баҳори имсол ва ба фоидаи маҳсулоти ғизоӣ кам шудани майдони кишти пахта ба кӯмакаш расид. Ва акнун Роғун мондааст, ки ба ақидаи ин таҳлилгар, бояд дар зеҳни, ба хусус, қишри рӯшанфикр ҷойи нолаву маломати бохти Самарқанду Бухороро бигирад.
ОЁ ДАРВОҚЕЪ ПУЛ ҲАСТ?
Агарчӣ сарвати касе аз соҳибкорони тоҷик ба сатҳи, масалан, маҷаллаи “Форбс” нест, дар ҳар сурат дар Тоҷикистоне, ки беш аз нисфи ҷамъияташ зери хатти фақр ба сар мебарад, давлат дар амри ҷалби сармоя ба Роғун асосан рӯи ҳамин қишри соҳибкор ҳисоб мекунад.
Хайрулло Саидов, муовини раиси Иттиҳодияи тавлидкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, мегӯяд, ки онҳо барои мушорикат дар сохтани Роғун омодаанд, вале бояд итминони хотир бигиранд, ки сармояи дар ин сохтмони гузоштаи аҳли тиҷорат гум нахоҳад шуд.
Омили дигаре, ки дасти соҳибкорони тоҷикро аз мушорикати зиёдтар дар ин барнома метавонад кӯтоҳтар кунад, ба эътиқоди оқои Саидов, пайомадҳои манфии бӯҳрони иқтисодист: "Мо дар нақша дорем, агар шаффофият ва амнияти сармоя таъмин бошад, аз саҳмияҳо харидорӣ намоем. Аммо боз бастагӣ дорад ба он ки сармоягузорон чӣ қадар сармoя доранд. Ин вобастааст ба бӯҳрон, ки ба тавонмандии соҳибкорони мо низ таъсир кардааст."
Тавре аз сӯҳбати сокинони Душанбе бо Радиои Озодӣ бармеояд, назарҳо ба даъвати мақомот ҷиҳати ихтисоси як маоши моҳона ба сохтани Роғун мухталифанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба ин видео:
Ҳазинаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро мақомот дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар баровард мекунанд. Албатта, дар шароите ки Тоҷикистон ҳар фасли сармо бо бӯҳрони шадиди энержӣ рӯбарӯст, сохтани ин нирӯгоҳ барои Тоҷикистон масъалае дар воқеъ ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз аст. Вале тавре як ҳамсӯҳбати мо суол гузошт, оё чунин маблағи бузургро метавон аз мардуми Тоҷикистон, ки беш аз нисфаш зери хатти фақр зиндагӣ мекунад, ҷамъ овард? Ва оё сохтмонеро ба чунин бузургӣ мешавад танҳо бо нохун задан ба ҳисси ватанхоҳии мардум ва бо роҳи, ба истилоҳ, “ҳашар” сохт?
Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ аммо мегӯяд: "Ман фикр намекунам, ки ҳамаи ин ҳазинаро ҷомеаи Тоҷикистон дода тавонад, вале ҳадди ақал барои шурӯъ ба кор кардани чанд агрегати он метавон аз худи мардуми тоҷик сармоя ҷамъ кард ва ин вобаста ба он аст, ки мардум ин даъватро ҳамчун як шиори навбатӣ қабул мекунанд ё воқеан ҳамчун як андешаи миллӣ."
Дар ҳар сурат, ба назари таҳлилгарон, Душанбе дар пайи Соли Имоми Аъзам, ки инак кам-кам ба поён мерасад, такяи аслии худро рӯи сохтани Роғун хоҳад кард ва талош мекунад, мардумро дар меҳвари ҳамин андеша муттаҳид кунад.
Вале муваффақияти Душанбе дар амри ҷалби сармоя ба ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз, аз наҳваи фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ, ки қарор аст, аз аввали соли оянда шурӯъ шавад, сахт вобастааст.
Мардуме, ки таҷрибаи манфии гум шудани саҳмияҳои худ дар нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро дар гузашта доранд, ин бор нисбат ба ибтикори нави давлат, албатта, бо эҳтиёти хеле зиёдтар рафтор хоҳанд кард. Бо ин ҳол, ба инки Тоҷикистон илоҷе ба ҷуз аз сохтани Роғун надорад ва ин нирӯгоҳ бояд ҳатман сохта шавад, ҳама мувофиқанд. Чӣ мардум, чӣ аҳли назар, чӣ давлат ва чӣ мухолифонаш.
Агар Шумо дар ин масъала гуфтание доред, лутфан ба сафҳаи баҳси вижаи Роғун ворид шавед.
"Дар ҷомеаи мо чунин сармоя ҳаст. Бизнеси "мӯҳра" чанд сол пеш нишон дод, ки тоҷирони қаблакӣ тавонистанд, дар Душанбе ва атрофи он қариб 40 миллион доллар сафарбар кунанд...

Мо дар нақша дорем, агар шаффофият ва амнияти сармоя таъмин бошад, аз саҳмияҳо харидорӣ намоем. ...