Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон марг дар ҷодаҳо


Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дар давраи 10 соли ахир дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 16 ҳазор садама рух додаст, ки дар натиҷа 4 ҳазору 682 нафар кушта ва наздики 19 000 нафар захмҳои мухталиф бардоштаанд.

Нилуфари 8-сола, ки се рӯз пеш дар гузаргоҳи роҳи мошингарди назди мактаб зери чархи мусофирбари «Тангем» мондааст, бо ҷароҳатҳо дар беморхонаи Қараболои пойтахт бистарӣ аст. Ба гуфти пизишкон, баъди ҷарроҳӣ ва устахонбандии пойи чапи Нилуфар вазъи ӯ беҳтар гаштааст.

Аммо дар ҳуҷраҳои дигари маркази шикастабандии ин беморхона, чандин ҳамсоли дигари Нилуфар бистарӣ мебошанд, ки бар асари садамаҳои мошинҳо ба инҷо оварда шудаанд.

Модари Нилуфар дар сӯҳбат аз ин ҳодиса ёдовар шуда гуфт, «Тангем вақте духтари маро задааст, ки вай аз гузаргоҳ мегузаштааст. Албатта айби ронандаи «Тангем» шудааст. Худи маро қариб дар назди ҳамин истгоҳ мошин зада буд. Мошинҳо чунон тез мераванд, ки метарсӣ аз кӯча гузарӣ...»

Дар соли 2009 мизони садамаҳо ва маргумир дар ҷодаҳои Тоҷикистон камтар аз солҳои пешин нест ва ҳамарӯза аз 2 то 5 нафар дар садамаҳо ҷони худро аз даст медиҳад ...
Бозрасии автомолии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар соли 2009 мизони садамаҳо ва маргумир дар ҷодаҳои Тоҷикистон камтар аз солҳои пешин нест ва ҳамарӯза дар ҷодаҳои кишвар тақрибан аз 2 то 5 нафар дар садамаҳои автомобилӣ ҷони худро аз даст медиҳанд ва бештар аз ин маҷрӯҳ мешаванд.

Масъулини мақомоти ҳифзи тартибот афзоиши зиёди мошинҳо, беаҳамиятии роҳгузарон, надонистани қоидаи роҳ аз ҷониби ронанадаҳо ва бо шаҳодатномаҳо ё, ба истилоҳ, праваҳои харида, ноогоҳии пиёдагардҳо, набуди аломату ишораҳои махсус, ҷодаҳои ноҳамвори мошингардро сабабҳои аслии ба маротиб афзудани ҳодисаҳои нохуш медонанд, ки аксар бо марги мусофирону пиёдагардҳо анҷом меёбанд.

Нозирҷон Муродов, бозраси шӯъбаи тарғитботу ташвиқоти раёсати Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «аз аввали соли 2009 то имрӯз дар роҳҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 ҳазору 454 ҳодисаи нохуш рух додааст, ки дар натиҷа 411 нафар ҷони худро аз даст додааст ва 1 ҳазору 4941 нафар ҷароҳат бардошта , бистарӣ шудаанд».

Оқои Муродов афзуд, агарчӣ тибқи омор дар соли 2009 садамаҳои автомобилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта то андозае камтар ба қайд гирифта шудаанд, аммо ин наметавонад бозгӯйи он бошад, ки чунин ҳодисаҳо имсол камтар шудаанд.

Пас аз сӯҳбат бо намояндаи бозрасии роҳ мо ба беморхонаи Қараболои пойтахт рафтем. Пизишкони шуъбаи шикастабандии ин беморхона теъдоди афродеро, ки дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ дар ин ҷо бистарӣ ва бархеи дигар барои табобат муроҷиат кардаанд, дар чанд моҳи соли 2009 нистбат ба соли 2008 қариб се маротиба бештар мегӯянд. Ба гуфтаи ин мусоҳибони мо, дар аксар маворид мошинҳои мусофирбари «Тангем», ки теъдодашон рӯз то рӯз дар ҷодаҳои пойтахт меафзояд, сабаби садамаҳо ва куштори роҳгузарон мешаванд.

Яке аз сабабҳои садамаҳо риоя нашудани қоидаҳои роҳ аз сӯи ронандагон ва пиёдагардон унвон мешавад
Дар ин лаҳзае, ки мо бо пизишки шӯъбаи шикастабандӣ сӯҳбат доштем, як сокини Душанбе, ки худро Муҳаббат муаррифӣ кард, ба хабаргирии писари 19-солааш омада буд. Субҳон, фарзанди Муҳаббат, гуфт, ду моҳи пеш мусофирбари «Тангем» аз роҳи худ берун омад ва ба мошине, ки у ва 4 нафар дӯстонаш нишаста буданд, бархурд. Дар натиҷа 5 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Худи Субҳон ду маротиба ҷаррроҳӣ дидааст ва феълан китфу як дасташ шифо наёфтааст.

Дар сӯҳбат ба мо Сулаймон Ҳайдаров, як сокини пойтахт, бештар аз бефарҳангии ронандаҳо шикоят кард. Мо бо ӯ дар чораҳаи Қараболо вохӯрдем, ки ҳамроҳи духтарчааш гузаргоҳро убур мекард. Вай гуфт, ҳарчанд бовар дорад, ки фарзандаш қоидаи гузаштани роҳро медонад, вале ӯ нигарон аз он аст, ки аксари ронандагон қоидаҳоро риоят намекунанд ва ба пиёдагардҳо роҳ намедиҳанд.

Ва аммо як ронандаи такси, ки худро Абдуллоҷон Дӯстматов муаррифӣ кард, мегӯяд, ба назари ӯ, садамаҳои афтомобилӣ бештар бо айби роҳгузарон рух медиҳанд ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ӯро маҳз таҷрибаи зиёди ронандагӣ ва чолокӣ аз як чунин садамаи шадиде, ки метавонист боиси марги боз як хурдсол шавад, вораҳонидааст.

Нозири идораи бозрасии ҷумҳурӣ Азизулло Давлатов, ки дар дасташ радар ҳаракати мошинҳоро назорат мекард ,бо нигаронӣ таъкид мекунад, ки барояш назорат кардани пиёдагардон нисбат ба мошинҳо душвортар аст. Зеро, мегӯяд вай, пиёдагардон хусусан ноболиғон куллан ба қоидаи роҳ, ҷароғаки сари роҳ ва ҳатто ҳуштаки нозирон аҳамият намедиҳанд ва бештар аз ҷойҳое, ки гузаштан манъ аст, давида мегузаранд, ки дар аксари ҳолатҳо зери чархи мошин мемонанд.

Камбуди барқ ба ҳаракати мошинҳо дар хиёбонҳои пойтахт бетаъсир намондааст. Бебарқии ҷароғакҳои роҳ боиси ҷамъ шудани мошинҳо дар роҳҳо мешавад ...
Дар ҳоли ҳозир камбуди барқ, ба ҳаракати мошинҳо дар хиёбонҳои пойтахт бетаъсир намондааст. Бебарқии чароғакҳои роҳ боиси ҷамъ шудани мошинҳо дар роҳҳо мешаванд. Дар баъзе хиёбонҳои ба монанди хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз самти Гулистон ба Ватан корвони панҷоҳметраи мошинҳоро ҳар субҳ метавонед мушоҳида кунед. Ба қавли ронанандаҳо, роҳҳои танг ва афзоиши мошинҳо дар аксари кӯчаҳо, ба истилоҳ, пробкаҳоро ба вуҷуд меорад.

Дар ҳамин ҳол Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба хотири ҷорӣ намудани тартиб дар ҷодаҳо ҳангоми ҳаракати мошинҳо ва пиёдагардҳо қонун дар бораи ширкати шаҳрвандон дар таъмини тартибу низом дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба тасвиб расонид, ки бар асосии он нозирони ихтиёрӣ дар ҷодаҳо монда хоҳанд шуд.

Шумораи садамаҳои рӯи олам афзоиш меёбанд ва тибқи омори созмонҳои байнулмилалӣ, ҳар сол бар асари садамаҳо то 1 миллиону сесад ҳазор нафар ҳаёти худро аз даст медиҳанду то 50 миллион нафар захмӣ мегарданд.
XS
SM
MD
LG