Ин марказ афзоиши 97 дарсади аҳолиро аз ҳисоби кишварҳои фақиртарини ҷаҳон донистааст. Бар асоси ин пажӯҳиш, аҳолии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи кишварҳои фақиртарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, 84 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Гузориши ин маркази амрикоӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки масъулони Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон онро воқеӣ намедонанд ва мегӯянд, муддати 40 соли ахир мизони аҳолӣ дар ин кишвар ҳудуди ду баробар коҳиш ёфтааст. Бахтия Муҳаммадиева, муовини раиси Кумитаи давлатии омор дар ин бора гуфт, «солона афзоиши аҳолӣ дар кишвар 2,1 дарсадро ташкил медиҳад. Вале агар солҳои 70 ва 75 –и асри гузаштаро бубинем, рушди аҳолӣ 3,5 то 4 дарсадро ташкил медод. Ин далели ду баробар кам шудани мизони афзоиши аҳолиро нишон медиҳад».
Ин дар ҳолест, ки яке аз барномаҳои муҳими давлати Тоҷикистон, ки дар соли 2002 тасвиб шуда буд, ба масоили демографии аҳолӣ, бахусус танзими хонавода дар ин кишвар ихтисос дошт. Дар канори ташвиқу тарғиби масоили демографӣ, ки ҳадаф таваллуди кам, вале фарзанди солим буд, дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон марказҳои танзими хонавода ташкил карда шуд. Ҳамакнун бо гузашти ҳафт сол давлат мегӯяд иҷрои ин барнома ва фаъолияти марказҳои танзими хонавода дар ҷиҳати танзими масоили демографӣ, яъне коҳиш додани саршумории аҳолӣ кумак кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Гулнора Саломова, корманди Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии вазорати меҳнат ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон мегӯяд, мизони саршумории аҳолӣ дар муддати понздаҳ соли ахир тағйир накарда ва дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи хонум Саломова, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар заминаи таваллуд дар мақоми аввал қарор дорад, ки ин амр аз сабабҳои аслии афзоиши аҳолӣ дониста мешавад, «дар воқеъ таваллуди зиёд омили афзоиши аҳолӣ аст. Зеро вуҷуди анъанаҳо дар миёни мардум, яъне серфарзандӣ боис шуда, ки мардум таваллуди зиёдро меписанданд. Аз сӯи дигар, фарзанд барои хонаводаҳои тоҷик барои иҷрои корҳо зарур аст. Ҳамчунин, поин будани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии занон аз дигар сабабҳои афзоиши сатҳи аҳолӣ аст. Зеро занон дар таваллуди фарзанд танзимро риоя намекунанд ва аз таҷҳизоти зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз таваллуди бидуни фосила истифода намебаранд».
Мутахассисони арса мегӯянд, афзоиши сареи ҷамъият дар Тоҷикистон ба болоравии сатҳи бекорӣ, фақр ва дар ниҳоят ба камбуди маводи ғизоӣ мунҷар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Кумитаи давлатии омор дастикам 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар вазъи фақр ва камбизоатӣ ба сар мебаранд. Аз сӯи дигар, ҳарчанд омори расмии бекорӣ дар кишвар 2, 4 дарсадро ташкил медиҳад, аммо таҳқиқотҳои созмонҳои минтақаи ва байналмилалӣ мутаносибан ба 16 ва 30 дарсади неруи қобили меҳнат дар Тоҷикистон баробар аст. Зеро ба гуфтаи Гулнора Саломова, корманди Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон, оморҳои расмӣ дар асоси дархости афроди корҷӯ ба марказҳои шуғлиаҳолии ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар таҳия шудааст, ки нишондиҳандаи воқеии бекоронро бозгӯ намекунад.
Рустам Бобоҷонов, соҳибназари масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, низ мӯътақид аст, ки афзоиши саршумории аҳолӣ ба пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ ворид кардааст, «бубинед афзоиш зиёд аст, аммо ҷои корӣ нест. Ҷавонону нафахӯрон зиёд шудаанд ва ин боре бар дӯши дигарон аст. Аз сӯи дигар қувваи корӣ сол аз сол зиёд мешавад, вале иқтисод пешрафт надорад. Чун мушкили бекорӣ омили ин аст».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифpи аҳолии Тоҷикистон, солона дар ин кишвар 100 ҳазор неруи қобили меҳнат афзоиш меёбад. Ин аст, ки дар муддати чанд соли ахир муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар ҳоли афзоиш буда ва ҳатто бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва иқтисодӣ натавонистаааст, пеши роҳи ин равандро бигирад. Чун бекорӣ дар кишвар ва фақру камбизоатӣ бештари сокинонро водор мекунад, то барои дарёфти қути лоямут ба Русия ва дигар кишварҳои минтақа бираванд. Як моҳе қабл Барномаи ғизои СММ шумори мардуми ниёзманди кумаки ғизоӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 1, 5 миллион нафар хонда буд. Аммо бо ин ҳама мушкилоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, ҳанӯз ҳам иддаи зиёди шаҳрвандони ин кишвар ба таваллуди фарзанди бисёр, ки дар замони Шӯравии пешин як амри маъмулӣ дониста мешуд, таваҷҷуҳ доранд. Исмоил, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дорои ҳафт фарзанд аст, дар ин бора гуфт, «серфарзандӣ ҳеҷ зараре надорад, баръакс сабаби файзу баракати хонавода мешавад. Танзиму дигар чизҳо мегӯянд, ин нодуруст аст. Зеро ризқи фарзанд дар дасти Худо аст. Масалан, мо дар хонавода даҳ нафар ҳастем, ки танҳо падарамон кор карда ва моро хӯронда, пӯшонда, соҳиби маълумот ва хонаву дар кардааст. Ин танзимҳо ҳамааш гап аст».
Дар даврони Шуравии пешин давлат барои оилаҳои серфарзанд кумакпулиҳо ва имтиёзоти молиеро қоил буд. Аз ҷумла, ба модароне, ки аз нӯҳ фарзанд зиёд доштанд, ҷоизаи «Қаҳрамонмодар» дода мешуд. Вале ҳамакнун дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ин имтиёзот аз байн рафта ва давлат хоҳони танзими масоили демографӣ, ба хусус танзими таваллуди фарзанд аст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли ҷорӣ теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба беш аз 7 миллиону 500 ҳазор нафар расидааст. Ин гузориш ҳокист, ки дар авввали соли ҷорӣ ин рақам ҳафт миллиону сад ҳазор нафарро ташкил медод.
Гузориши ин маркази амрикоӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки масъулони Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон онро воқеӣ намедонанд ва мегӯянд, муддати 40 соли ахир мизони аҳолӣ дар ин кишвар ҳудуди ду баробар коҳиш ёфтааст. Бахтия Муҳаммадиева, муовини раиси Кумитаи давлатии омор дар ин бора гуфт, «солона афзоиши аҳолӣ дар кишвар 2,1 дарсадро ташкил медиҳад. Вале агар солҳои 70 ва 75 –и асри гузаштаро бубинем, рушди аҳолӣ 3,5 то 4 дарсадро ташкил медод. Ин далели ду баробар кам шудани мизони афзоиши аҳолиро нишон медиҳад».
Ин дар ҳолест, ки яке аз барномаҳои муҳими давлати Тоҷикистон, ки дар соли 2002 тасвиб шуда буд, ба масоили демографии аҳолӣ,
Занон дар таваллуди фарзанд танзимро риоя намекунанд ва аз таҷҳизоти зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз таваллуди бидуни фосила истифода намебаранд. Гулнора Саломова.
Ин дар ҳолест, ки Гулнора Саломова, корманди Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии вазорати меҳнат ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон мегӯяд, мизони саршумории аҳолӣ дар муддати понздаҳ соли ахир тағйир накарда ва дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи хонум Саломова, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар заминаи таваллуд дар мақоми аввал қарор дорад, ки ин амр аз сабабҳои аслии афзоиши аҳолӣ дониста мешавад, «дар воқеъ таваллуди зиёд омили афзоиши аҳолӣ аст. Зеро вуҷуди анъанаҳо дар миёни мардум, яъне серфарзандӣ боис шуда, ки мардум таваллуди зиёдро меписанданд. Аз сӯи дигар, фарзанд барои хонаводаҳои тоҷик барои иҷрои корҳо зарур аст. Ҳамчунин, поин будани сатҳи огоҳӣ ва маърифатнокии занон аз дигар сабабҳои афзоиши сатҳи аҳолӣ аст. Зеро занон дар таваллуди фарзанд танзимро риоя намекунанд ва аз таҷҳизоти зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз таваллуди бидуни фосила истифода намебаранд».
Мутахассисони арса мегӯянд, афзоиши сареи ҷамъият дар Тоҷикистон ба болоравии сатҳи бекорӣ, фақр ва дар ниҳоят ба камбуди маводи ғизоӣ мунҷар хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Кумитаи давлатии омор дастикам 50 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар вазъи фақр ва камбизоатӣ ба сар мебаранд. Аз сӯи дигар, ҳарчанд омори расмии бекорӣ дар кишвар 2, 4 дарсадро ташкил медиҳад, аммо таҳқиқотҳои созмонҳои минтақаи ва байналмилалӣ мутаносибан ба 16 ва 30 дарсади неруи қобили меҳнат дар Тоҷикистон баробар аст. Зеро ба гуфтаи Гулнора Саломова, корманди Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон, оморҳои расмӣ дар асоси дархости афроди корҷӯ ба марказҳои шуғлиаҳолии ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар таҳия шудааст, ки нишондиҳандаи воқеии бекоронро бозгӯ намекунад.
Рустам Бобоҷонов, соҳибназари масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, низ мӯътақид аст, ки афзоиши саршумории аҳолӣ ба пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ ворид кардааст, «бубинед афзоиш зиёд аст, аммо ҷои корӣ нест. Ҷавонону нафахӯрон зиёд шудаанд ва ин боре бар дӯши дигарон аст. Аз сӯи дигар қувваи корӣ сол аз сол зиёд мешавад, вале иқтисод пешрафт надорад. Чун мушкили бекорӣ омили ин аст».
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисони Пажӯҳишгоҳи шуғл ва ҳифpи аҳолии Тоҷикистон, солона дар ин кишвар 100 ҳазор неруи
Ҷавонону нафахӯрон зиёд шудаанд ва ин боре бар дӯши дигарон аст. Рустам Бобоҷонов.
Дар даврони Шуравии пешин давлат барои оилаҳои серфарзанд кумакпулиҳо ва имтиёзоти молиеро қоил буд. Аз ҷумла, ба модароне, ки
Серфарзандӣ ҳеҷ зараре надорад, баръакс сабаби файзу баракати хонавода мешавад. Исмоил, падари 7 фарзанд.