Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии боз як гурӯҳи занон аз маҳбас


Дар пайи қабули Қонуни афв имрӯз боз як гурӯҳи занони маҳбус аз зиндони шаҳри Норак озод карда шуданд.

Зебо, як зани 44-сола, ки ду сол қабл бо ҷурми қочоқи мухаддирот барои 13 сол зиндонӣ шуда буд, имрӯз дар қатори 56 зан ба озодӣ баромад.

Ин гурӯҳи занон бар асоси афви раисиҷумхур ба озодӣ баромадаанд.

Мусоҳиби мо Зебо мегӯяд, ӯ ҳатто умед надошт, ки ба ин зудӣ рӯи озодиро мебинад ва ҳар рӯзу ҳар соат барояш чун сол дар интизори дидори фарзандонаш сипарӣ мешуд. Ҳарчанд, мегӯяд Зебо, дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳраки Норак масъулини зиндон муносибат ва шароити хубро барояшон фароҳам оварда буданд, аммо ба ёди оила дилаш гум мезад.

Ӯро пеш аз ба озодӣ баромадан ҳаяҷон фаро гирифта буд, зеро мегӯяд, аз он шод аст, ки ба оила бармегардад, аммо бовар надорад, ки ҷомеа ӯро хуш қабул хоҳад кард ё на.

Зебо мегӯяд, «зиндагии дохили маҳбас аз берун фарқ дорад. Дар ҷомеа зиндагӣ душвортар аст. Муносибати одамон бо мо комилан фарқ мекунад ва бо назардошти ин мо бояд зиндагиро пеш барем».

Аксари ин заноне, ки имрӯз ба озодӣ баромаданд, барои дуввум ё сеюм бор ҷиноят содир карда, ба зиндон баргаштаанд. Зебо низ бори дувум аст, ки ба озодӣ расидааст. Ӯ соҳиби маълумоти олии тиббӣ аст ва мегӯяд, бори аввал вақте афв гардид, бо доғи судӣ дари корхонаҳо ба рӯяш баста буд ва ба хотири пайдо кардани маблағ аз нав ба ҷиноят даст зад.

Зебо меафзояд, «зиндагӣ вазнин набошад, ягон банда ин корро намекунад. Сад дарсад гунаҳкорам. Ман баъди ба озодӣ баромадан ба чанд ҷо рафтам, маро ба кор нагирифтанд. Фикр кардам, ки роҳи осон қочоқи маводи мухаддир аст. Иштибоҳ кардам...»

Робия Бекмуродова, сардори шӯъбаи фаври низомии раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, мегӯяд, то ба имрӯз нисбати занони зиндони ду маротиба афв ба амал омадааст. Аммо аз шумори заноне, ки соли гузашта озод шуда буданд, 60 нафарашон такроран даст ба ҷиноят зада, маҳкум ба зиндон шудаанд.

Хонум Бекмуродова дар робита ба ин ки пас аз ба озодӣ баромадани занони маҳбус ҳоло чанд нафар дар зиндон мондаанд, гуфт, «ғайр аз моддаи 104, ки куштор аст, дигар нисбати ҳама занон қонуни афв татбиқ шуд. Дар дохил ҳудудан 54 нафар боқӣ мондаанд. Аммо ба ин заноне, ки ҷиноятҳои махсус вазнин содир карданд, аз чор як ҳиссаи соли ҷазояшон камтар карда шуд».

Акнун каҳрамони гузориши мо Зебо, ки бори дуюм аст, ки аз панҷараҳои маҳбас раҳо шудааст, талош хоҳад кард, то бори сеюм вориди зиндон нашавад. Вай мегӯяд, бо камтарин имкони зиндагӣ сабр намуда, даст ба ҷиноят нахохад зад.

XS
SM
MD
LG