Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратмандтарин афроди ҷаҳон аз нигоҳи "Forbes"


Маҷаллаи амрикоии "Форбес" рӯзи панҷшанбеи 12-уми ноябр барои аввалин бор рӯихатти қудратмандтарин афроди ҷаҳонро ба нашр расонд.

Маҷаллаи "Форбес" ин суханони Наполеон Бонапартро ҳусни оғози пажӯҳиши нави худ қарор додааст "Ман қудратро дӯст медорам. Вале ҳамчун як ҳунарманд, ҳамчун як ромишгаре, ки ғижжаки худро дӯст медорад ва аз торҳои он оҳанги ҷӯре берун меорад."
...чеҳраҳои бисёр бонуфузи рӯҳониро мебинем, ки дар ҳамон манзили худ нишаста, ба рӯзгор ва тасмимгирии мардум дар саросари кишвар таъсир мерасонанд...

Аз ин зовия, маҷалла, раисиҷумҳури Амрико, Барак Обамаро қудратмантарин шахс дар ҷаҳон номид. Ҷои дувумро дар ин феҳрасти иборат аз 67 ном, раҳбари Чин, Ҳу Ҷинтао ва савумро сарвазири Русия, Владимир Путин ишғол карданд. Сипас, номгӯйро чанде аз сарони давлатҳо, сармоядорону тоҷирони бузург, рӯҳониёну вазирон ва ҳам чанд чеҳраи баҳбарангез идома додаанд.

ҚУДРАТ ЧИСТ?

Маҷалла иқрор мекунад, ки дар таъини мафҳуми "қудрат" ва мизону меъёрҳои пажӯҳиши нави худ ", ки аввалин бор анҷом дод, бо чанд мушкили бунёдӣ рӯбарӯ гаштааст.

Муаллифони гузориш менависанд, пас аз баҳсу муқоисаҳои зиёд, тасмим гирифта шуд, қудрати ин ё он чеҳраи ҷаҳонӣ аз рӯи чаҳор шохис муайян гардад.

Аввалан, оё шахс ба чӣ теъдод аз мардум нуфуз дорад? Чунончӣ, Попи Рум, Бенедикти XVI раҳбари рӯҳонии зиёда аз 1 миллиард нафар ва ё шашяки аҳолии дунёст. Аммо дар ниҳояти амр, номи ӯ зинаи ёздаҳуми феҳрастро ишғол кард ва мудири ширкати "Волмарт"-и Амрико, Майк Дюк, ки ҳамчун ширкати хусусӣ бештарин шумораи кормандонро дорад, ҷойи ҳаштумро гирифт.

НУФУЗИ НОНАМОЁН

Аз мусулмонон, Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал-Сауд, подшоҳи Арабистони Саудӣ (9), шайх Аҳмад бин Зойид ал-Наҳён, мудири иҷроии Бунгоҳи сармоягузории Абу Дабӣ (27), Усома бин Лодин, террористи шумораи аввали ҷаҳон (37), Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон (40), низ номбар шудаанд.

Дар симои аксари онҳо мақоми давлатию сиёсӣ бо ҷойгоҳи рӯҳонии онҳо тавъам аст. Бахше аз нуфузи онҳоро маҳз ҷойгоҳи исломияшон таъмин кардааст. Рақобати қудрати давлатӣ ва динӣ ба бисёре аз кишварҳои муслмоннишин нисбат дода мешавад, аммо коршиноси тоҷик, Масъуд Собиров мегӯяд, дар Тоҷикистон, масалан, рӯҳониён, сармоядорон, адибу ҳунарпешагон нуфузи зиёд надоранд. Пас кӣ дорад?

"Ҳукуматдорон. Ҷавоби ман чизе ба ҷуз ин нест. Танҳо ҳокимияти метавонад, нуфуз ва тавон диҳад. Ва мутаассифона, мардуми мо бисёр ҳокимпарвар аст."

Вале коршиноси дигари тоҷик, Абдуллоҳи Раҳнамо дар ҳавои баҳсҳои марбут ба мафҳуми нуфуз мегӯяд, бояд миёни "шинохт" ва "нуфуз" фарқ гузошт. Эътироф ҳанӯз маънии нуфуз ё қудратро нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, агар "Форбес" чунин пажӯҳишро дар Тоҷикистон анҷом медод, бартарии рӯҳониён бар ҳамаи дигарон маълум мегашт.

Вай мегӯяд: "Имрӯз мо нуфузи ҳеҷ қишри дигарро бо нуфузи қиёс карда наметавонем, зеро, масалан, чеҳраҳои бисёр бонуфузи рӯҳониро мо мебинем, ки бидуни дастрасӣ ба ҳеҷ гуна аз воситаҳои электронии ахбори ом дастрасӣ надоранд, дар телевизион зоҳир намешаванд ё дар маросиму маҳфилҳо ширкат намекунанд, аммо дар ҳамон манзили худ нишаста ба рӯзгор ва тасмимгирии мардум дар саросари кишвар таъсир мерасонанд, дар ташаккули афкори мардум нақш доранд."

ПУЛ ҲАМЧУН ҚУДРАТ

Пас аз баррасии нуфузи сиёсӣ, маҷаллаи "Форбес" ба захираҳои молии чунин афрод, ҳамчун меъёри дигари арзишёбии тавоноии онҳо муроҷиат кардааст.

Дар мавриди сарони кишварҳо даромади нохолиси миллии ин мамолик ва дар мавриди раисони ширкатҳо даромаду моликияти онҳо нақш бозидаанд.

Тақрибан 80 дарсади феҳрастро номи онҳое ташкил додааст, ки дар номгӯи сарватмандтарин ашхоси ҷаҳон низ такрор мешаванд.

Меъёри савум ин буда, ки оё нуфузи афрод ба чанд риштаи дигар низ асар дорад? Чунончӣ, Силвио Берлусконӣ ҳам сарвари давлат аст, ҳам сиёсатмадор, ҳам соҳиби муҷтамаъи монополистии нашаротӣ ва дастаи футболи Милан.

Ва чаҳорум, онҳо то куҷо аз тавонмандиҳои худ истифода мекунанд? Раҳбари 83-солаи ширкати "Икеа", Ингвар Кампрад ҳамчун бойтарин марди Аврупо дар пешнависи феҳраст зикр мешуд, вале бо сабаби, ба истилоҳ, "беамал" будани ин нуфузаш, аз номгӯй фурӯ афтод. Аз тарафи дигар, автократи рус, Владимир Путин имкониятҳои зиёдеро корбаст намуда, гоҳе олигархҳоро зиндонӣ мекунад, қаламрави кишварҳои ҳамсояашро ишғол менамояд ва мунтазам лӯлаи гази Аврупои Ғарбиро мебандад.

ТАЗОДҲОИ ФЕҲРАСТ


Ба президенти Русия, Дмитрий Медведев дар феҳрасти "Қудратмандтарин афроди ҷаҳон" ҷои 43-юм дода шудааст, ки аз Путин 40 ва аз ноиби сарвазири Русия, Игор Сечин, 1 зина поинтар аст. Сечин аз наздикони Путин ба шумор меравад ва гоҳе ӯро чеҳраи манфур ё ба истилоҳ, "кардинали сиёҳ"-и Кремл меноманд.

Нуктаи дигари баҳсбарангез дар феҳрасти маҷаллаи "Форбес" ба номи раҳбари шабакаи маводи мухаддири Мексика, Йоахим Гузман пайванд мегирад. Сарвати хусусии ӯ 1 миллиард доллар тахмин мешавад ва худаш дар кӯҳҳои дурдасти шимоли Мексика пинҳон буда, барои сараш 2 миллион доллар ҷоиза ваъда шудааст.

Аввали имсол, ҳукумати Мексика ба маҷаллаи "Форбес" шикоят карда буд, ки набояд, номи накробарон дар феҳрасти миллиардерҳо паҳлуи номи тоҷирону ҳунарпешагон ҷой бигирад. Аз ҳоло маълум аст, ки номгӯи нави "Форбес" баҳсҳои наверо ба бор хоҳад овард. Худи маҷалла ҳам инро "оғози сухан" номида, ишора ба гуфтаҳои Наполеон кардааст ва мегӯяд, интизори шарҳу назарҳост.
XS
SM
MD
LG