Вай вобастагии идомаёбандаи Русияро аз сохторҳои саноатии даврони Шӯравӣ ва содироти маводи хом танқид кард ва ба рушди фанновариҳои нав ба хотири дастёбӣ ба пешрафтҳои иқтисодӣ даъват ба амал овард. Дар суханронии имрӯзааш дар баробари парлумони Русия, ки баъди сари қудрат омадани ӯ бори дуюм аст, сурат мегирад, Дмитрий Медведев коҳиши шумори манотиқи аз лиҳози вақту соат тафовутдоштаро ба хотири дастёбӣ ба муассирияти иқтисодаш пешниҳод кард.
Зимни муроҷиат ба сиёсатмадорони кишвараш дар Кремл раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъвати худро оид ба зарурати навсозии барномаҳои саноатии замони Шӯравӣ бунёдшуда такрор кард ва гуфт, ки ҳоло фурсати он расидааст, ки Русия ба як қудрати азими ҷаҳонӣ табдил шавад. Медведев гуфт:
“Обрӯи ватан ва шукуфоии миллӣ наметавонанд то беохир бо дастовардҳои гузаштааш арзёбӣ шаванд. Қисмати аслии сохторҳои марбут ба тавлиди газу нафт, ки бахши азими даромади буҷаро ташкил медиҳад, силоҳи ҳастаӣ, ки амнияти моро кафолат медиҳад, зербиноҳои саноативу хоҷагидорӣ - ҳамаи ин ҳанӯз бо дасти мутахассисони шӯравӣ сохта шудааст”.
Медведев дар ин суханрониаш аз барномаҳои даврони Шӯравӣ ситоиш кард, ки имкони табдили як ҷомеаи кишоварзиро ба як қудрати саноатӣ фароҳам овардаанд, вале, гуфт ӯ, Маскав наметавонад дар шароити тоталитаризм дар ҷаҳон қобили рақобат бимонад. Вай гуфт, барномаҳои навсозӣ бояд бар пояи арзишҳои демократӣ бунёд шаванд.
“Бар ивази як ҷомеаи кӯҳнашудаи архаистӣ, ки дар он доҳиҳо ба ҷои ҳама фикр карда тасмим мегиранд, як ҷомеаи одамони боақлу озод ва бомасъулият мешавем”.
Суханронии имрӯзаи Медведев, ки беш аз яку ним соат тӯл кашид, ба таъкиди феҳрасти тӯлонии ислоҳоти зарурӣ дар Русия тамаркуз дошт. Вай гуфт, ки нақшаҳои навсозии ӯ пешбурди саноатҳои тиббиву энержӣ, кайҳон ва фанновариҳои иттиллотиро дар бар мегирад. Вай гуфт, ки “боқӣ мондани кишвар аз навсозии ин ҳама соҳаҳо вобаста мебошад”.
Медведев инчунин ба коҳиши шумори манотиқе пешниҳод кард, ки аз лиҳози вақту замон тафовут дошта, боиси халалдор шудани иқтисод мешаванд. Вай инчунин ба ислоҳоти корхонаҳои азими давлатӣ, ки аз ҷониби раҳбари пешин Владимир Путин ташкил шудаанд, даъват кард.
Президенти Русия бо шеваи шабеҳ ба раҳбарони собиқи шӯравӣ аз ҳамватанонаш хост, ки бештару беҳтар кор карда, барои ҷилавгирӣ аз фасоду ришват, ки ба қавли ӯ муҳимтарин монеаи пешрафт шудааст, талош кунанд.
Дар миёни масоиле, ки ба таври хосса таъкид шуд, нақшаи ислоҳот дар низоми раъйдиҳӣ ва интихоботҳо буд. Медведев ба хатми таҷрибаи овоздиҳиҳои пеш аз вақт ва муқобила бо тақаллубҳои интихоботӣ даъват намуд. Ин сӯҳбат дар ҳоле карда мешавад, ки интихоботи ахири маҳаллӣ мавридҳои фаровони тақаллубу поймолкунии қонунҳоро ба намоиш гузошт.
Вай ҳамчунин ба беҳбудсозии нирӯҳои мусаллаҳи кишвар тавассути истиқрори 30 мушаки нави баллистикӣ то соли оянда таъкид ва инчунин ваъда кард, ки барои мубориза бо терроризм дар Қафқози Шимолӣ барномаҳои сармоягузориро роҳандозӣ хоҳад кард. “Мо ҳама талошамонро ба харҷ медиҳем, то ки зиндагии мардум дар Қафқози Шимолӣ беҳбуд ёбад”, гуфт ӯ.
Медведев, ки нисфи мӯҳлати чаҳорсолаи раҳбарии худро ба анҷом мерасонад, аз нигоҳи таҳлилгарони бетараф дар муқоиса бо раҳбари пешини Русия Владимир Путин обрӯи як рабҳари сулҳомезу ризоиятхоҳро ҳифз кардааст. Ҳарчанд матни суханронии имрӯзаи ӯ пинҳон аз чашми матбуот нигоҳ дошта мешуд, вале тибқи хабарҳо, вай барои машварат рӯшанфикрону соҳибназарони кишварро наздаш хонда буд. Моҳи сентябр ӯ бо нашри матлабе дар як сайти интернетии бетараф ба беҳбудёбии вазъи иқтисодии кишвар, пешрафтҳои иқтисод ва бештар бозу озод шудани ҷомеаи кишвараш даъват кард.
Вале бо ин вуҷуд, дар Русия бисёриҳо мутмаин ҳастанд, ки на ӯ шахси аслиест, ки ин кишварро идора мекунад. Чунки то ҳол аксарият Владимир Путин, раисҷумҳури пешин ва нахуствазири кунунии ин кишварро чун таъинкунандаи самтгириҳои аслии ҳукумат дар масоили муҳими давлатӣ арзёбӣ ва ба мустаҳкам будани қудрати ӯ тавассути дастнишондаҳояш дар ҳукумати кунунӣ ишора мекунанд. Зимнан, имрӯз, тибқи рейтинги нашршуда дар маҷаллаи Forbes нахуствазир Владимир Путин баъди раисҷумҳуриҳои Амрикову Чин сеюмин раҳбари бонуфузтарини ҷаҳон унвон шуд, дар ҳоле, ки насиби Дмитрий Медведев танҳо мақоми 43-юми ин феҳраст будааст. Дар феҳрасти бонуфузтарин шахсиятҳои Русия аз рӯи раддабандиҳои нашрияи маҳаллии “Независимая газета” Медведев ҳамчунин баъди Владимир Путини сарвазиру Игор Сечин, муовини нахуствазир танҳо дар мақоми сеюм ҷо гирифт.