Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод дорад, то замони интихоботи порлумонии кишвар аз моҳи феврал ба баҳор гузаронида шавад.
Раҳматулло Зоиров, пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки барои интихоботи порлумонӣ интихоб шудааст, номувофиқ мебошад ва сардиҳои зимистон ва мушкилот бо барқ омодагиҳои аҳзоб ба интихоботро баҳам мезанад. Ӯ гуфт, дар пешорӯи интихобот аҳзоб бояд аз ҷумла бо мардум дидорҳо бигузаронанд, ва тасаввури он ки дар моҳи январ, дар сардӣ, ва бебарқӣ шумори мардуми зиёде ба ин гуна мулоқот бо аҳзоб биояд, душвор аст.
Раиси ҲСДТ гуфт, бо назардошти ҳамаи ин, ӯ пешниҳод дорад, то интихоботи порлумонии кишвар на дар моҳи феврал, балки ҳадди ақал дар даҳаи аввали моҳи апрел доир бишавад.
Мӯсо Асозода, раиси бахши ҲХДТ дар Душанбе набудани барқро ҷузъ як баҳона аз сӯи аҳзоби дигар беш намедонад. Ба назари ӯ, аҳзоби дигар ба интихобот омода нестанд ва ба ҳамин далел набудани барқро баҳона пеш овардаанд.
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби демократ, ки аз сӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон ба ин симат шинохта шудааст, ба Озодӣ гуфт, пешниҳоди тағйири замони интихобот қаблан низ вуҷуд дошт. Ӯ мегӯяд, хуб медонист, ки сарфи назар аз ваъдаҳои ҳукумат маҳдудияти барқ ҷорӣ хоҳад шуд. Ба андешаи ҷаноби Собиров, интихобот дар хонаи гарму равшан бо дили гарм баргузор шавад, боз беҳтар аст.
Вале Ҳизби коммунистии Тоҷикистон барои баргузории интихобот дар фасли баҳор ҳеҷ асосе намебинад. Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ мегӯяд, вазъи сиёсӣ ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ба гармиву сардӣ ва равшаниву торикӣ иртиботе надорад. Ҳизб бояд ҳамеша барои тарғиби ормонҳои худ омода бошад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, пешниҳоди ҲСДТ-ро мантиқӣ хонд, вале, гуфт, мушкили қонунӣ дорад ва ба ин далел баъин медонад, ки ин пешниҳод аз сӯи ҳукумат пазируфта шавад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ бо ин пешниҳоди худ ба КМИР расман муроҷиат кардааст. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР, гуфт, баҳор вақти оғози киштукор аст ва ҳар лаҳза барои деҳқон ғанимат аст. Фикри шахсии ҷаноби Додоҷонов ин будааст, ки интихобот дар вақташ баргузор шавад. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар ин бора порлумон ва КМИР тасмим намегирад, балки раисҷумҳур замони интихоботро таъин мекунад.