Ҷумҳурии Беларус. Бо вуҷуди наздикии ин ҷумҳурӣ ба Украина, ки ҳафтаи гузашта аз лиҳози олудагӣ ба ин беморӣ дар як ҳолати даступохӯрда қарор дошту, дар бораи нигарониҳояш ба тамоми ҷаҳон хабар медод, раисҷумҳур Александр Лукашенко ҳамоно дар ин замина шаккок аст. Дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 5-уми ноябр ҳамроҳ бо ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко раҳбари Беларус ширкатҳои дорусозиро дар талоши фиреб кардани мардум бо воҳимаи паҳншавии вирус муттаҳам кард.
Вай гуфт: “Ман хеле хуб огаҳам, ки дар ин ҳалқаи фасодзадаву авобошонаи тавлидкунандаҳои маводи тиббӣ чиҳо мегузарад!”.
Ҳоло дар Беларус 128 ҳодисаи таъйидшудаи гирифтории мардум ба зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Як бахше аз ҳодисаҳои маргу мири мардум дар ин кишвар ба илтиҳоби шуш рабт дода шудааст.
Укроин: Нахуствазири Украина Юлия Тимошенко гуфт, ки эпидемияи зукоми хук ба эътидол омада шумори гирифторони ин вирус дар кишвар коҳиш меёбад.
Феълан, ҳамоно 32,500 ҳазор сокини ин кишвар гирифтори ин вирус мебошанду, 155 нафар бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.
Аслан дар Украина ҳоло мизони баландтарини гирифторӣ ба вирус дар қораи Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Нигарониҳо ба он андоза зиёд аст, ки мақомоти боғи вуҳуши шаҳри Харков тасмим гирифтанд, то қафаси маймунҳоро аз тамос бо тамошобинон як муддат дур нигаҳ доранд. Раҳбари боғи ҷонварон гуфт, ки маймунҳо қобилияти олудагӣ ба маризиҳои хоси инсонро доранд.
Молдова: Дар ин кишвар ҳоло 269 ҳодисаи тасдиқшудаи олудагӣ ба зукоми хук ва чаҳор ҳодисаи марг бар асари ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст.
Нигарониҳо то он ҷо расидааст, ки мақомоти беҳдошт ба карантини якҳафтаинаи ҳама муассисаҳои таълимии кишвар амр доданд. Вале чунин тасмим боиси он шуд, ки бархе дар кишвар тахмин заданд, ки шояд ҳоло донишҷӯёни донишгоҳҳои Молдова ин фурсати холиро барои ширкат дар тазоҳуроту раҳпаймоиҳо ба хотири интихоби номзади ғарбгарои президентӣ Мариан Лупу истифода кунанд.
Вазири беҳдошти Молдова Владимир Ҳотиняу ба саволи омезиши сиёсату зуком чунин посух дод:
”Баъзе сиёсатмадорон аз зуком шояд ҳам баҳраҳои сиёсӣ бардоранд, онҳое, ки чандон ростгӯ нестанд. Вале ман таъкид карданӣ ҳастам, ки ин ҷо, дар Молдова набояд бимонем, ки як вазъияти иҷтимоӣ аз назорат берун шавад. Муҳимтарин чиз ин аст, ки дар ҷомеа воҳимаву ҳангома нашавад”.
Русия: Дар минтақаи Шарқи дури Русия, дар Хабаровск, ки дар бораи гирифтории беш аз 318 нафар гузориш мешавад, мақомот амри пӯшидани ниқобҳои тиббиро додаанд. Кормандони риштаи нақлиёт ва ғизофурӯшӣ бояд ҳатман тамоми вақт бо ниқоб гарданд.
Барои онҳое, ки ин муқарраротро риоя намекунанд, ҳатто ҷарима муайян шуда, барои раҳбарони нақзкунандаи ин қонуни нав ба андозаи 17 доллар, барои мудирони корхонаҳо, яъне мақомдорони баландтар дар ҳаҷми 130 доллар ва барои ширкатҳо дар ҳаҷми 640 доллар ҷарима таъин шудааст.
Туркманистон: Вале дар Туркманистон, чунин ба назар мерасад, ки мардумро барои ҷилавгирӣ на аз зукоми хук, балки аз зукоми аз он пеш бадномшудаи зукоми мурғ огаҳӣ медиҳанд.
Тавре хабарнигорони радиои Озодӣ дар Ашқободу вилоятҳои Марву Лабиоб гузориш медиҳанд, ахиран дар хиёбонҳо дар миёни мардум варақаҳое паҳн шудааст, ки барояшон машварат мешавад, дар сурати баланд шудани ҳарорати баданашон дар хона бимонанду аз маводи дорувори маъмулии зиддизуком истеъмол кунанд, ки мешавад бидуни иҷозаи духтур ҳам харидорӣ кард. Вале ин машваратҳо ва аслан мавзӯи баҳс зукоми мурғ будааст, ки дар Туркманистон иштибоҳӣ шарҳ дода шудааст.
Тоҷикистон: Ва дар Тоҷикистон, ҳарчанд ҳанӯз ягон ҳодисаи гирифторӣ ба зукоми хук ба қайд гирифта нашудааст, нигарониҳо аз торафт наздик шудани масофаи хатари ин вирус ба марзҳои ин кишвар тавассути Чин, Афғонистон ва Қирғизистон афзоиш меёбаду, масъулин талош доранд, то тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирии ин беморӣ рӯи даст дошта бошанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар назди Вазорати тандурустӣ ситоди пешгирии паҳншавии вируси зукоми хук таъсис шудааст ва доруву ваксинаҳо аз хориҷи кишвар низ оварда шудаанд, ки барои наздики 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Оқои Ҷаъфаров афзуд, ахиран ду асбоби навтарини ташхиси вируси зукоми парранда ва хук дар фурудгоҳи марказӣ насб карда шудааст, ки тавассути он меҳмонону сайёҳон, хусусан мусофирони аз кишварҳои ин беморӣ ошкоршуда муоина мешаванд.
Сар аз 1-уми октябри соли равон намояндагони ситоди мазкур дар мактабу донишгоҳҳо ва корхонаву муассисаҳо, инчунин, маҳаллаҳо гашта, мардумро бо нишонаҳои фарқкунандаи зукоми хук аз зукоми мавсимӣ ва пайомадҳои он огаҳ месозанд.