Ҳизби “Яблоко” бо пахши баёнияе зери унвони “Миллатгароии ҷангҷӯёна таҳдидест ба Русия” гуфтааст, дар ин рӯз гурӯҳҳои миллатгарову сартарошида, ҷавонфашистҳову нажодпарастон барои шиорпартоиву таблиғи ақоиди худ ба майдонҳо мерезанду, раҳпаймоиҳои муҷоз доир мекунанд. Имсол, дар ин рӯз дар 16 шаҳри Русия ба истилоҳ “Маршҳои русӣ” ташкил мешаванд, ки баргузории онҳоро мақомот иҷоза додаанд ва ин дар ҳолест, ки тамоюлҳои бегонаситезӣ дар ҷомеаи ин кишвар рӯз то рӯз афзоиш ёфта, ояндаи ин миллатро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мекунад.
Аз рӯи маълумоти маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон, “Сова”, дар Русия имсол 50 нафар аз дасти гурӯҳҳои миллатгаро ба қатл расида, наздики 300 нафар бо сабаби дигар будани миллату рангу пӯсту забонашон лату кӯб шудаанд. «Яблоко» гуфтааст, кӯмак дар баргузории раҳпаймоиҳои натсистӣ танҳо боиси болоравии ихтилофҳои миллӣ дар ҷомеаи ин кишвар мешавад, ки оқибатҳои ногуфтанӣ дар пай дошта метавонад.
Аз соли 2005, замони таъсиси ин ид гурӯҳҳои миллатгаро ва зидди муҳоҷирон дар Русия рӯзи 4-уми ноябрро барои баргузории“Маршҳои русӣ” истифода карда, рӯҳияи бегонаситезии худро низ пинҳон намедоранд. Маркази “Русский вердикт”, яке аз созмонҳои маъруфи фашистӣ, яке дигар аз ширкатдорони раҳпаймоиҳои рӯзи чоршанбе дар Маскав буд. Алексей Барановский, як узви ин созмон дар ин замина ба радиои Озодӣ гуфт: “Рӯзи 4-уми ноябр баҳонаест барои мо, ки масъалаи ҳимояи миллати рус, аз ҷумла аз дасти муҳоҷиронро матраҳ кунем. Миллати рус, аксарияти рустабори ҷомеа ҳамчунин ҳақ дорад, ки ҳуқуқашро ҳимоя кунад. Ҳуқуқи онҳо дар мавридҳои зиёд поймол мешавад, вале касе парво надорад”.
Дар рӯзи ваҳдати мардумии Русия дар баъзе майдонҳои Маскав инчунин ҷавонҳои зиддифашист ҳам ба нишони эътироз аз болоравии рӯҳияи бегонаситезӣ намоиши эътирозии худро ташкил карданд. Максим Степанов, ки худро як ҷавони фаъоли ҷунбишҳои зиддифашистӣ муаррифӣ кард, мегӯяд, ин гуна гурӯҳҳо одат доранд худро патриот, яъне ватандӯст унвон кунанду, даст ба куштори муҳоҷирону хориҷиҳо зананд, дар ҳоле, ки амалҳои онҳо зидди худи миллати рус равона шудааст. Ӯ мегӯяд, аъмоли ин гурӯҳҳо метавонад дар ниҳоят ба парокандагии давлати Русия оварда расонад.
Аксар ҷомеашиносон мегӯянд, пеш аз ҳама ҳукумат ва мақомоти Кремл гунаҳгоранд, ки огоҳона фаъолияти ин гуна нирӯҳоро тарафдорӣ ва дар рӯзҳои иди миллӣ барояшон иҷоза медиҳанд, ки ақоиди худро бештар таблиғ кунанд. Таҳлилгар Марк Урнов дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд:
“Ман албатта мефаҳмам, ки дар мавҷи ваҳшатноки миллатгароии имрӯза барои натсистҳо баҳонаи хубе барои иду ҷашнгирӣ пайдо мешавад. Вале хеле бад аст, ки онҳо худро ба як иди давлатӣ иртибот додаанд, чунки дар ниҳоят мазмуни худи иди ваҳдати миллӣ ба як карикатураи хеле даҳшатнок мубаддал мешавад”.
Ва ин дар ҳоле, ки телевизионҳои миллии ин кишвар бештар ба ҷанбаи тафреҳиву идеологии масъала такя карда, консертҳои ҳунариву намоишҳои идонаи ситораҳои ҳунарро ташвиқ мекунанду, аз сарҷамъ шудани фаъолони гурӯҳи рӯ ба Кремли “Наши”, созмони серҷамъияти ҷавонҳои миллатгаро, гузоришҳо медиҳанд. Рӯзи чоршанбе 20 ҳазор фаъоли ин созмон дар маркази Маскав барномаи идона ташкил карданд.
Вале дар ин рӯз ҷавонҳои зиёд дар манотиқи дурдасти Русия, ба вижа онҳое, ки дар ҷумҳуриҳои миллӣ ба сар мебаранд, мегӯянд, мафҳуми иди ваҳдати мардумиро дарк кунанд ҳам, намехостанд ин рӯзҳо дар шаҳрҳои калонтарини кишварашон бошанд, чунки худро дар ин ҷашн то андозае бегона эҳсос мекунанд.
Залим Маремуков аз шаҳри Налчики ҷумҳурии Қабардину Балқор, ки 23 сол дорад, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт:
“Ба фикри ман, ҷомеаи Русия дар маҷмӯъ муттаҳид нест. Ҳар минтақа дар дохили худ шояд муттаҳид бошаду аммо дар сатҳи миллӣ не. Шояд ин гуна ваҳдат дар сатҳи сиёсӣ бошад, аммо на дар миёни мардум. Масалан, имрӯз агар ман аз Налчик баромада, ба Маскав равам, он ҷо худро нороҳат ҳис мекунам, чунки онҳо ба ман на ҳамчун ба як ҳамватан, балки чун ба як нафари аз берун омада баҳо хоҳанд дод. Дигар масъала ин ки дар ин рӯз гурӯҳҳои натсистӣ ҳам фаъол мешаванд ва ман дар куҷо ки бошам, дар доираи ин афрод худро ҳеҷ гоҳ амну бехатар ҳис намекунам. Мушкили ваҳдати миллӣ боз дар он аст, ки элитаи сиёсии кишвар аз мардум хеле дур ва ҷудо мебошад ва он сиёсати худро дикта мекунанд”.
Залим Маремуков афзуд, ваҳдати миллӣ ва мардумӣ дар Русияи бузург танҳо дар сурате ба миён меояд, ки ҷавони оддии қафқозӣ мисли ӯ тавонанд дар канори миллатҳои дигар, пеш аз ҳама русҳои маҳаллӣ худро комилҳуқуқ эҳсос кунаду, наҳаросанд, ки ӯро зери дурбини терроризму тундгароӣ арзёбӣ хоҳанд кард.
Аз рӯи маълумоти маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон, “Сова”, дар Русия имсол 50 нафар аз дасти гурӯҳҳои миллатгаро ба қатл расида, наздики 300 нафар бо сабаби дигар будани миллату рангу пӯсту забонашон лату кӯб шудаанд. «Яблоко» гуфтааст, кӯмак дар баргузории раҳпаймоиҳои натсистӣ танҳо боиси болоравии ихтилофҳои миллӣ дар ҷомеаи ин кишвар мешавад, ки оқибатҳои ногуфтанӣ дар пай дошта метавонад.
Аз соли 2005, замони таъсиси ин ид гурӯҳҳои миллатгаро ва зидди муҳоҷирон дар Русия рӯзи 4-уми ноябрро барои баргузории
"Чаҳоруми ноябр баҳонаест барои мо, то масъалаи ҳимояи миллати русро, аз чумла за дасти муҳоҷирон матраҳ кунем"
Дар рӯзи ваҳдати мардумии Русия дар баъзе майдонҳои Маскав инчунин ҷавонҳои зиддифашист ҳам ба нишони эътироз аз болоравии рӯҳияи бегонаситезӣ намоиши эътирозии худро ташкил карданд. Максим Степанов, ки худро як ҷавони фаъоли ҷунбишҳои зиддифашистӣ муаррифӣ кард, мегӯяд, ин гуна гурӯҳҳо одат доранд худро патриот, яъне ватандӯст унвон кунанду, даст ба куштори муҳоҷирону хориҷиҳо зананд, дар ҳоле, ки амалҳои онҳо зидди худи миллати рус равона шудааст. Ӯ мегӯяд, аъмоли ин гурӯҳҳо метавонад дар ниҳоят ба парокандагии давлати Русия оварда расонад.
Аксар ҷомеашиносон мегӯянд, пеш аз ҳама ҳукумат ва мақомоти Кремл гунаҳгоранд, ки огоҳона фаъолияти ин гуна нирӯҳоро тарафдорӣ ва дар рӯзҳои иди миллӣ барояшон иҷоза медиҳанд, ки ақоиди худро бештар таблиғ кунанд. Таҳлилгар Марк Урнов дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ мегӯяд:
“Ман албатта мефаҳмам, ки дар мавҷи ваҳшатноки миллатгароии имрӯза барои натсистҳо баҳонаи хубе барои иду ҷашнгирӣ пайдо мешавад. Вале хеле бад аст, ки онҳо худро ба як иди давлатӣ иртибот додаанд, чунки дар ниҳоят мазмуни худи иди ваҳдати миллӣ ба як карикатураи хеле даҳшатнок мубаддал мешавад”.
Ва ин дар ҳоле, ки телевизионҳои миллии ин кишвар бештар ба ҷанбаи тафреҳиву идеологии масъала такя карда, консертҳои ҳунариву
"Аъмоли ин гурӯҳҳо дар ниҳоят ба парокандагии давлати Русия оварда мерасонад"