Максим Боқиеви 32-сола дирӯз дар нахустин нишасти хабариаш дар ин симат гуфт, дар фаъолияташ рӯи 4 риштаи умда, аз ҷумла бунёди манозили арзон барои мардум дар пойтахт тамаркуз хоҳад кард.
Аммо ба назари таҳлилгарон, раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо интисоби фарзандаш ба ин мақом роҳ ба пайроҳаи Озарбойҷон гузошта ва ҷиддан дар фикри интихоби вориси оянда шудааст.
Ва аммо нуфузи хонаводаи президент дар сиёсат хоси танҳо Қирғизистон нест, балки дар соъир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ дида мешавад.
МАКСИМ БОҚИЕВ КИСТ?
Максим Боқиев рӯзи 2 ноябр дар нахустин нишасти хабариаш ба ҳайси раиси Ожонсии давлатии рушду сармоягузорӣ ва навовариҳои Қирғизистон гуфт, дар ин симат рӯи 4 барномаи умда – таъсиси ширкати ҳипотекие, ки дар пойтахт, шаҳри Бишкек барои мардум 150 000 метри мураббаъ манзили арзон хоҳад сохт, бунёди шабакаи ироаи қарзҳои хурд барои фермерҳо ва сокинони русто, рушди Корпоратияи давлатии кишоварзӣ ва таъсиси ширкати лизинге, ки соҳаи кишоварзиро бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мекунад, тамаркуз хоҳад кард.
Максим Боқиев, ки одатан бо забони русӣ сӯҳбат мекунад, дар ин нишаст аз ҷумла гуфт: “Ба ҳайси яке аз вазифаҳои аввал ва авлавиятдор мо бояд кишварро арзёбӣ кунем, яъне арзёбии куллия захираҳои кишвар – ҳам захираҳои табиӣ, ҳам захираҳои инсонӣ ва ҳам захираҳои ҷуғрофии мо. Бояд ин ҳама захоирро муҳосиба ва баҳогузорӣ кунемва бидонем, ки мо чӣ дорем. Ва дар пайи чунин ҳисобукитоб тавонем, ки ин ҳама захоирро дар оянда ба хотири рушд ва шукуфоии кишвар дуруст истифода барем.”
Максим Боқиев, фарзанди дуввуми раисиҷумҳури Қирғизистон, 32 сол дошта, 10 сол қабл бахши ҳуқуқи донишгоҳи славянии Бишкекро хатм кардааст. Максим Боқиев то кунун асосан ба соҳибкорӣ машғул буд ва дар шӯрои мудирони ширкати латвонии “Мaval Activity” масъулияти таҳияи стротежии рушди ин ҳолдингро бар ӯҳда дошт. Ӯ дар ҳафтаи гузашта ба мақоми муҳими раҳбари Ожонсии давлатии сармоягузории Қирғизистон таъйин шуд.
ИНТИҚОДҲО АЗ МАҚОМИ НАВИ МАКСИМ
Интисоби Максим Боқиев ба ин симат билофосила дар маҳофил ва матбуоти чӣ Қирғизистон ва чӣ хориҷ вокунишҳои тунд ва умдатан манфӣ эҷод кард. Бардошти аксар аз ин тасмим чунин аст, ки Қурмонбек Боқиев бо рӯи вазифа овардани фарзандаш роҳро барои такрори сенарияи Озарбойҷон дар кишвараш ҳамвор мекунад.
Озарбойҷон, қарори маълум, дар 5 соли пеш нахустин кишвари пасошӯравӣ шуд, ки дар он қудрат аз падар –Ҳайдар Алиев – ба писари ӯ - Илҳом гузашт.
Матбуот ва маҳофил бо ишора ба тасмими ахир аз оғози амалиёти ба истилоҳ “Ворис” дар Қирғизистон сӯҳбат мекунанд.
Сарвазири пешини Қирғизистон Феликс Қулов гуфт, ҳамагон бе ин ҳам медонистанд, ки Максим Боқиев кишварро аз паси парда идора мекард ва акнун ба ҳузури ӯ дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон машрӯъият дода шуд.
ВА ЯК ПАҲЛУИ МУСБАТ
Таҳлилгари қирғиз Марс Сариев мегӯяд, Максим Боқиев то расидан ба мақоми давлатӣ низ дар таъйини сиёсатҳои давлат нақши муассир дошт ва аз ҷумла стротежии пешбурди маъракаи ахири пешазинтихоботии падараш ва ҳам барномаи ахири ислоҳи ҳукумат ва рушди Қирғизистонро марокизи таҳлилии таҳти назари ӯ таҳия кардаанд: “Дар асл, Максим Боқиев ба сурати ғайрирасмӣ низ дар иқтисоди Қирғизистон ва дар соҳоти будҷавии иқтисоди кишвар нуфузи хеле бузург дошт. Дар чунин шароит, ба назари ман, интисоби расмии Максим Боқиев паҳлуҳои мусбат дорад, чунки ба дӯши ӯ акнун масъулияти азиме бор хоҳад шуд ва Боқиев акнун дар баробари масоили иқтисодии Қирғизистон масъулияти мушаххаси шахсӣ эҳсос хоҳад кард. Ин тамоюли мусбат аст, чунки ӯ бе ин ҳам ба таври ғайрирасмӣ нуфузи зиёд дошт.”
Марс Сариев эътироф мекунад, ки интисоби Максим Боқиев дар ҷомиа, ба хусус дар миёни нухбагони маҳаллӣ, вокунишҳои зиддунақизеро эҷод кардааст, вале ба бовари ӯ, доираҳои сиёсии Қирғизистон феълан хеле заиф шудаанд ва тавони ба таври ҷиддӣ ба чолиш кашидани ин тасмимро надоранд.
МАКСИМ ТАНҲО НЕСТ
Максим Боқиев танҳо намояндаи хонаводаи президенти Қирғизистон дар мақоми масъули давлатӣ нест. Фарзанди дигари Қурмонбек Боқиев - Марат – мушовири раиси Хадамоти амнияти миллӣ ва бародари президент – Ҷониш Боқиев раҳбари Хадамоти ҳифозати давлатист. Ду бароДари дигари ӯ - Марат ва Одил- яке сафири Қирғизистон дар Олмон ва дигарӣ намояндаи тиҷоратии Бишкек дар Чин будааст.
Ва аммо таҳлилгарони қирғиз дар мавриди интисоби Максим Боқиев ба як ихтилофи ҳуқуқӣ ишора мекунанд, чунки қонуни Қирғизистон дар бораи хидмати давлатӣ интисоби хешовандони раисиҷумҳур ба мақомҳоеро, ки мустақиман ба худи ӯ итоат мекунанд, манъ кардааст.
Максим Боқиев ба ҳайси раиси Ожонсии сармоягузорӣ, қарори маълум бевосита тобеъи дастгоҳи худи президент аст.
Ба назари маҳофил, дар пешорӯи хусусигардонии корхонаҳои бузург президент Боқиев талош меварзад, маҷрои сармоягузориҳо ба иқтисоди кишварашро таҳти назорати бештари хонаводаи худ қарор диҳад ва таъйиноти Максим Боқиев аз ин нигоҳ бештар қобили арзёбист.
Мирослав Ниёзов, дабири собиқи Шӯрои амнияти Қирғизистон мегӯяд, шеваи хонаводагии идораи давлат дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле роиҷ аст ва фарқи Қирғизистон аз боқии кишварҳои минтақа фақат ин аст, ки дар мавриди Максим Боқиев масъалаи интиқоли қудрат аз падар ба писар ба гунаи хеле ошкортар матраҳ мешавад: “Ва танҳо фарқи Қирғизистон шояд ҳамин бошад. Дар боқии масоил он аз хаттимашши сиёсие, ки раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ пеш мебаранд, фарқе намекунад. Ин табиист, вале ин сиёсате, ки имрӯз пеш бурда мешавад, бешаккушубҳа ҷомиаи Қирғизистонро асабонӣ мекунад. Дида мешавад, ки Бишкек ошкоро роҳи Озарбойҷонро пеш гирифтааст. Ин ҷойи шакк надорад. Вале ин ки давлатдорон дар ин амр муваффақ хоҳанд шуд, ё хайр, масъалаи дигар ва як мавзӯъи хеле ҷиддист.”
АЗ ПАДАР БА ПИСАР? Ё БА ДУХТАР?
Ҳузури аъзои хонаводаи раҳбарони аввал дар боқӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ низ падидае маъмулӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон, барои мисол, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар баҳори имсол ба мақоми муовини раиси Созмони ҷавонон(комсомоли собиқ) интихоб шуд. Духтари дигари президент – Озода Раҳмонова , ки дувуним сол қабл ба курсии раҳбари идораи консулии вазорати умури хориҷӣ нишаст, ахиран муовини вазири хориҷа таъйин шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар – дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарони умур, бар изофаи фарзандон, домодҳои президент низ дар майдони сиёсат ва тиҷорати кишвар нақш ва нуфузи боризе доранд.
Коршиноси масоили сиёсӣ Раҷаби Мирзо бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури Рустами Эмомалӣ дар сафарҳои раисиҷумҳур, ширкати ӯ дар бархе ҷаласоти ҳатто ҳукумат ва ҳам тавассути телевизионҳои давлатӣ пайваста пахш шудани бозиҳои тими футболи “Истиқлол”, ки низ гуфта мешавад, ба Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад, мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон маъракаи дар майдони сиёат матраҳ кардани шахси фарзанди Эмомалӣ Раҳмонро шурӯъ кардаанд: “Имрӯз дар Тоҷикистон қувваҳои нисбатан қавии демократӣ то андозае саркӯб шудаанд, ки онҳо сар боло карда наметавонанд. Ва аз ҳамин хотир, масалан, телевизиони Тоҷикистон ва тамоми расонаҳои дигаре, ки қобили ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ ҳастанд, ба он мусоидат мекунанд, ки барои роҳандозӣ шудани интиқоли қудрат аз падар ба писар мусоидат кунанд. Бубинед, ҳатто барномаҳои варзишие, чун футбол, наметавонанд, ки берун аз ҳамин қоида амал кунанд.”
ГУЛНОРА Ё ЛОЛА? ДОРИҒА Ё ДИНОРА?
Аммо собиқаи ба майдони сиёсати бузурги кишвар роҳ додани фарзандони раҳбари аввал дар Осиёи Марказӣ аз Қазоқистону Узбакистон оғоз гирифта буд.
Дориға, духтари аввали президенти Қазоқистон ба дунболи фирори шавҳари дар гузашта муттанаффизаш Роҳат Алиев, таъсири қаблии худро ба Нурсултон Назарбоев гӯиё аз даст дода ва феълан бо раҳбарии Сандуқи президенти аввал қаноат варзидааст. Хоҳари ӯ Олия худ ба соҳибкорӣ ва умдатан дар бахши сохтмон машғул буда, шавҳараш Темур Ҳусейнов дар ширкати роҳи оҳани Қазоқистон мақоми баланд дорад.
Аммо феълан хонаводаи Динора, духтари севвуми Назарбоев хоҳарони худро, ба истилоҳ, ба як нӯл мезанад. Худи Динора раҳбари Сандуқи маорифи Қазоқистон буда, шавҳари ӯ Темур Қулибоев раиси Шӯрои мудирони се ширкати бузургтарини энержии Қазоқистон – “Қазмунайгаз”, “Қазатомпром” ва “Самруқэнерго”-ст ва амалан назорати соҳоти нафту газ, нирӯи барқ ва энержии ҳастаии кишварро дар даст дорад.
Гулнора ва Лола - духтарони раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов яке ба ҳайси намояндаи Тошканд дар СММ дар Женева ва дуввумӣ ба сифати намояндаи кишвараш дар ЮНЕСКО дар Порис ифои вазифа мекунанд.
Ва аммо дар ҳамаи ин кишварҳо як мавзӯъи матраҳ ва вирди забонҳо нуфуз ва нақши афзояндаи ақрабо, бо шумули фарзандони президентҳо, ба ҳаёти сиёсист ва ба бовари бисёре коршиносон, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда ногузир аз ҳамон роҳе хоҳанд рафт, ки Озарбойҷон ҳанӯз 5 сол пеш таҷруба карда буд. Яъне таҳвили қудрат аз падар ба фарзандон.
...масалан, телевизиони Тоҷикистон ва тамоми расонаҳои дигаре, ки қобили ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ ҳастанд, ба он мусоидат мекунанд, ки барои роҳандозӣ шудани интиқоли қудрат аз падар ба писар мусоидат кунанд...