Барои ҳалли мушкил Бунёди аҳолии СММ ҳафтаи ҷорӣ сиёсатмадорони байнулмилалӣ, вазирони ҳукуматҳо ва қонунгузоронро дар ду конфронс дар Адис-Абебаи Ҳабашистон гирдиҳам овардааст.
Раиси бахши гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва фарҳанги Бунёди аҳолии СММ Аминапа Тоуре мегӯяд, “Дар аксари ҷомеаҳои ҷаҳон модарон бисёр қадрдонӣ мешаванд. Бо вуҷуди ин, нарасидани таваҷҷӯҳ ва ҷиддият ба мушкили маргумири модарон мушоҳида мешавад. Ҳатто дар бисёре аз кишварҳои рушдёфта имкони расидан ба ҳадафи аз ҷониби СММ муайяншуда дар робита ба саломатии модарон шубҳанок ба назар мерасад.”
СММ умед дорад, маргу мири модаронро аз соли 1990 то соли 2015 ба се чоряк коҳиш диҳад. Аз нигоҳи таҳлилгарон, аз ҳамаи ҳадафҳои ҳазорсолае, ки СММ гузоштааст, дар солҳои ахир дар ин бахш пешравии камтарин дида мешавад.
Ҳар сол, наздик ба ним миллион занон аз мушкилиҳо ҳангоми ҳомила буданашон ва ё таваллуди кӯдак мефавтанд. Профессори бахши беҳдошти умумии Донишгоҳи Коламбия Лин Фридман як замон дар СММ мушовир дар робита ба маргу мири модару кӯдак буд. Вай бар ин назар аст, ки: “Воқеъият ин аст, ки барои анҷоми ин ҳадаф сармояҳои лозим пешбинӣ нашудааст. Барои иҷрои ин тарҳ таваҷҷӯҳе зарур аст, ки пешбинӣ нашуда буд. Илова бар ин, барои ҷамъ кардани тамоми бахшҳо ва иҷрои ин тарҳ алоқамандии ҳам сиёсӣ ва ҳам ҷомеа зарур аст. Агар ҳамаи инро мо тавонем гирдиҳам оварем, пас расидан ба ин ҳадаф имконпазир аст.”
Тибқи омори Барномаи рушди СММ аз соли 2005, дар саросари кишварҳои дар ҳоли рушд занҳо дар аксар ҳангоми таваллуди кудак мефавтанд. Миёни кишварҳои ҷаҳон сатҳи маргу мири модару кӯдак дар Афғонистон яке аз баландтарин аст. Дар он кишвар аз ҳар сад ҳазор таваллуд, 1 800 модар мефавтад. Ин нишондодро мешавад танҳо бо минтақаи Саҳрои бузурги Африқо муқоиса намуд. Кобул ваъда додааст, ки то соли 2020 маргу мири модаронро ба 20 дарсад коҳиш медиҳад. Аммо монеъаҳои мазҳабӣ ва фарҳангӣ якҷо бо норасоии табибону ҳамшираҳо иҷрои ин тарҳро мушкилтар мекардаанд.
Дар Ироқ, ба ҳар сад ҳазор таваллуд 300 марги модарон рост меояд, дар Эрон бошад ин нишондод ба 140 марги модар баробар аст.
Дар аксарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар 100 ҳазор таваллуди кӯдак тақрибан 100 марги модар ба қайд гирифта мешавад. Аз ҳар 100 ҳазор таваллуди кӯдак дар Қазоқистон 140, Туркманистон 130, Тоҷикистон 170 ва Қирғизистон 150 модар мефавтанд. Омори расмии Узбакистон хеле беҳтаранд, мақомоти Узбакистон мегӯянд, аз ҳар 100 ҳазор таваллуд дар он кишвар ҳамагӣ 24 зан мефавтад ва мутахассисон ҳадс мезананд, ки ин омор ғайридақиқ аст.
Аз 100 ҳазор таваллуд дар Русия 28, Украина 18, Гурҷистон 66, Озарбайҷон 82 ва Арманистон 76 зан мефавтанд. Дар саросари кишварҳои пешрафта мизони маргу мири модарон 25 зан ба ҳар 100 ҳазор таваллуд аст. Масалан, дар Амрико аз 100 ҳазор таваллуд 18 зан фавтидааст ва дар Шветсия бошад танҳо 3 зан.
Профессор Фридман панҷ мушкили аслиро, ки сабаби маргу мири модару кӯдак дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, номбар кард. Инҳо хунравии беидора, уфунат, падидаҳои сақти ҷанини нодуруст, кори вазнини бисёрсоата ҳангоми ҳомила будан ва касалии фишори хун ҳангоми бордорӣ мебошанд. Хонум Фридман хулоса мекунад, ки тибби имрӯза аксари сабабҳои маргу мири модару кӯдакро хуб мефаҳмад. Вай гуфт, бо истифода аз манобеъи зарурӣ ҳамаи ин сабабҳоро мешавад бартараф намуд.