Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зуҳри имрӯз барои анҷоми як сафари серӯзаи давлатӣ озими Маскав - пойтахти Русия шуд.

Бар пояи иттиллои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар президенти Тоҷикистон бо роҳбарони сатҳи аввали Русия, азҷумла президент Дмитрий Медведев ва сарвазири ин кишвар Владимир Путин, дидору мулоқот анҷом дода ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Гуфта мешавад, дар ин сафар яке аз мавзӯъҳои асосии мавриди баҳс идомаи шароити ҳуқуқии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва низ ширкати сармояи русӣ ба тарҳҳои энержии давлати Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳамчунин интизор меравад дар мулоқоти роҳбарони сатҳи аввали ду кишвар шароити ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия мавриди баррасӣ қарор бигирад.

НАҲВАИ ҲУЗУРИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ – МАВЗУИ АСЛИИ МУЛОҚОТ

Тоҷикистон ахиран хостори бознигарии наҳваи ҳузури пойгоҳи низомии Русия шудааст
Бештари таҳлилгарон ва коршиносони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба шиддатгирии баҳсҳои Тоҷикистону Русия бар сари шароити ҳуқуқии пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон мӯътақиданд, ки масъалаи равобити ҳарбӣ миёни ин ду кишвар аз мавзӯъҳои аслии сафари давлатии президент Раҳмон ба Маскав хоҳад буд.

Ҳарчанд масъулони дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавриди муҳокима қарор гирифтани «маҷмӯи масоили вобаста ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия» сӯҳбат карда ва ин сафарро дар идомаи равобити дуҷониба бо аҳамият арзёбӣ мекунанд, вале аз ҷузъиёти барномаҳои ин дидор худдорӣ карданд.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, таъйид кард, ки масъалаи идомаи будубоши низомиёни Русия дар Тоҷикистон бар пояи шароити тоза аз мавзӯъҳои муҳими ин сафар хоҳад буд. Оқои Шарифов афзуд, Русия наметавонад ба унвони як кишвари абарқудрат ва ҳамчунин як шарики муҳими стратегӣ пешниҳодҳои тозаи Тоҷикистон бар сари наҳваи нави ҳузури пойгоҳи низомиаш дар Тоҷикистонро сарфи назар кунад. Аммо раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ӯ мутмаин нест, ки ин масъала маҳз дар ин сафар ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад.

Вай ҳамчунин масъалаи ширкати сармояи Русия дар тарҳҳои бузурги обию энержии Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғунро аз мавзӯи мавриди баҳс дар ин сафар арзёбӣ кард. Аммо, гуфт ӯ, Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ҳеҷ кишвар, аз ҷумла Русияро ба сифати яке аз моликони ин нерӯгоҳ намепазирад. Зеро давлати Тоҷикистон ин нерӯгоҳро моликияти истисноии давлат эълон карда ва давлатҳо ва созмонҳои молиро ба унвони танҳо шарики иқтисодӣ қабул хоҳад кард.

МУҲОҶИРОНИ КОРӢ - ФИШАНГИ МАСКАВ ДАР МУЗОКИРОТ


Коршиносон бар ин назаранд, ки Маскав муҳоҷирони кории тоҷикро ҳамчун фишанг дар музокирот бо Душанбе истифода хоҳад кард
Зимнан яке аз масоили мавриди баҳси раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия сарнавишти беш аз якуним миллион аз шаҳрвандони тоҷик аст, ки дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ ба сар мебаранд.

Ҳарчанд Сӯҳроб Шарифов бар ҳалли мусбати масъалаи муҳоҷират миёни ҳарду кишвар хушбин аст, аммо коршиносон, аз ҷумла Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки ҳалли ин масъала ба чи тарз ҳал шудани сарнавишти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва ҳиссаи Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғун вобаста аст. Дар сурати ғайр, мегӯяд оқои Мамадазимов, Русия ин масъаларо метавонад ҳамчун омили фишор болои давлати Тоҷикистон истифода кунад.

Ин дар ҳолест, ки Иброҳим Усмон, донишманди дигари тоҷик бар ин ақида аст, ки Тоҷикистон метавонад ҳама масоил ва мушкилоти мавҷуда бо Русияро бидуни беш аз ин тира шудани равобит ҳаллу фасл кунад. Зеро бо вуҷуди ҳама мушкил ва печидагиҳои равобит Русия барои Тоҷикистон кишвари бегона нест ва аз тарафи дигар бо назардошти имконот ва зарфияти иқтисодии кишвар аз сармояи русӣ барои иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ аз ҷумла бунёди нерӯгоҳи Роғун истифода кардан ба манфиати давлат ва миллат хоҳад буд

Зимнан дар доираи ин сафар президенти Тоҷикистон бо намояндагони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ дидору мулоқот анҷом хоҳад дод. Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ин эҳтимолро, ки давлат барои ҳимояи мавқеи худ дар баҳси пойгоҳи низомии Русия порлумони Тоҷикистонро низ шарик созад мумкин медонад. То тавассути қабули қонун ё санадҳои меъёрӣ шароити ҳузури пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар Тоҷикистонро бо манофеи давлат ҳамсӯ кунад.
XS
SM
MD
LG