Дар ин бора сухангӯи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон Нурмуҳаммад Нур дар як нишасти матбуотӣ дар Кобул эълон кард.
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бо пуштибонӣ аз ин тасмим гуфт, ки ин як қадам ба пеш дар равандҳои демократии ин кишвар мебошад.
Дар даври дуюми интихобот Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди рақобат хоҳанд шуд. Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои гузориши Комиссиюни шикоятҳои СММ садо дод, ки тибқи он, дар интихоботи рӯзи 20 августи имсол дар 210 ҳавзаи интихоботӣ тақаллуби фаровон ба назар расида ҳамаи баргаҳои раъйи ин ҳавзаҳо бекор дониста шудааст.
НАТИҶАҲОИ НОСАҲЕҲИ ҚАБЛӢ
Бино ба натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ки қаблан эълон шуда буд, Ҳомиди Карзай 55 дарсади овозҳо ва рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 фоизро дар интихобот ба даст оварданд.
Рӯзи сешанбе сухангӯи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки таҳқиқот нишон дод, ки саҳми воқеии Карзай дар раъйдиҳии рӯзи 20 август 49,6 дарсад будааст. Ин маънои онро дорад, ки Карзай дар асл садди 50-дарсада барои эълони пирӯзӣ дар интихоботро убур накардааст.
Ҳомиди Карзай дар ҷараёни нишасти матбуотие дар Кобул имрӯз гуфт, ки вай натиҷаҳои таҳқиқоти Комиссиюни шикоятҳои интихоботиро қабул дорад. Вай афзуд, “мо ин иқдоми Комиссиюни мустақили интихоботро як иқдоми қонунӣ ва барҳақ медонем, ки дар мутобиқат ба қонуни асосии Афғонистон аст, бар манофеи миллии Афғонистон ва бар таҳкими демокросӣ ва мардумсолории кишварамон як қадами умда ба тарафи пешрафт ва таҳкимаш аст”.
ОМОДАГИҲО БАРОИ ДАВРИ ДУВВУМ
Ҳомиди Карзай изҳори умедворӣ кард, ки дар даври дуюми интихобот ҳузури раъйдиҳандагон назар ба даври аввал бештар хоҳад шуд. “Ҳоло фурсате нест, ки таҳқиқоти анҷомшударо баҳс кунем, ҳоло вақти он расидааст, ки ба хотири дастёбӣ ба эътидол ва ваҳдати миллӣ ба пеш ҳаракат кунем”, гуфт Карзай.
Дар нишасти матбуотии мазкур, ки соатҳои панҷи шоми сешанбе ба вақти Кобул ҷараён гирифт, инчунин раҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон Кай Эйде ва сенатор Ҷон Керрӣ ширкат доштанд. Ҷон Керрӣ бо истиқбол аз тасмими мақомоти интихоботии Афғонистон гуфт, ки “раисиҷумҳур Карзай худ дар ҷараёни интихобот пурсишҳои ҷиддӣ доштааст”. Вале имрӯз, гуфт ӯ, вай “ҳунари хуби сиёсатмадориро ба намоиш гузошта” тасмим гирифт, ки ба пеш ҳаракат кунад ва бо риояи қонун кишварро таҳким бубахшад.
Ҷон Керрӣ гуфт, “тавре, ки дар авҷи нофаҳмиҳо касе дарк кардааст, интихобот хеле дур аз як раъйдиҳии олӣ буд. Вале ин ба ҳеҷ сурат ӯҳдадориҳо ва қурбониҳоеро, ки баргузории ин интихоботро имконпазир гардондааст, зери по намекунад”.
Сенатори амрикоӣ таъкид кард, ки “эътимод ба баргузории даври дуюми интихобот” мақомотро имкон медиҳад, ки раҳбарии кишварро бо риояи тамоми муқаррарот ва қонунҳо ба роҳ монанд. Вай гуфт, доктор Абдуллоҳ ҳам чунин як тасмиме гирифтааст ва “ҳарду номзад омодагии худро барои бунёди як демократияи давомдор” намоиш доданд. Ҷон Керрӣ афзуд, ки Карзай бо тасмими имрӯз гирифтааш намунаи “раҳбарии воқеиро ба намоиш гузошт”.
ВОКУНИШҲО БА ЭЪЛОМИ ДАВРИ ДУВВУМИ ИНТИХОБОТ
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Амрико нахустин нафаре буд, ки ба хабари аслии Афғонистон вокуниш нишон дод. Хабаргузории Ройтерс менависад, ки раисиҷумҳур Барак Обама тасмими баргузории даври дуюми интихоботро дар Афғонистон аз ҷониби Ҳомиди Карзай истиқбол кард ва гуфт, ки ин як иқдоми муҳим дар роҳи демократия мебошад.
Вай афзуд, «хеле муҳим аст, ки ҳама унсурҳои ҷомеа барои идомаи ҳаракат дар роҳи демократия, сулҳ ва адолат бояд ҳамроҳ шаванд”. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки ба баргузории даври дуюми интихобот боумед дида дӯхтааст, то ки ҷараёни интихоби президенти Афғонистон пурра анҷом шавад.
Нахуствазири Бритониё Гордон Браун ҳам аз тасмими Ҳомиди Карзай оиди баргузории даври дуюми интихобот ҳамчун як изҳороти “шоистаи як давлатмарде” ситоиш кардааст.
Дар ҳамин ҳол Бан Ки Мун, дабири кулли СММ бо истиқбол аз изҳороти рӯзи сешанбеи Карзай гуфт, ки баргузории даври дуюми интихобот як чолиши азиме хоҳад буд. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Ню-Йорк вай гуфт, ки ҷаҳон ҳама талошро ба харҷ хоҳад дод, то ки даври дуюми раъйдиҳӣ озоду қобили эътимод баргузор шавад. “Мо набояд хатоҳои дафъаи аввалро такрор кунем” – гуфт ӯ.
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бо пуштибонӣ аз ин тасмим гуфт, ки ин як қадам ба пеш дар равандҳои демократии ин кишвар мебошад.
Дар даври дуюми интихобот Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вориди рақобат хоҳанд шуд. Изҳороти мазкур як рӯз баъд аз эълони натиҷаҳои гузориши Комиссиюни шикоятҳои СММ садо дод, ки тибқи он, дар интихоботи рӯзи 20 августи имсол дар 210 ҳавзаи интихоботӣ тақаллуби фаровон ба назар расида ҳамаи баргаҳои раъйи ин ҳавзаҳо бекор дониста шудааст.
НАТИҶАҲОИ НОСАҲЕҲИ ҚАБЛӢ
Таҳқиқот нишон додааст, ки саҳми воқеии Ҳомиди Карзай дар раъйдиҳии рӯзи 20-уми август 49,6 дарсад будааст ...
Рӯзи сешанбе сухангӯи Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон гуфт, ки таҳқиқот нишон дод, ки саҳми воқеии Карзай дар раъйдиҳии рӯзи 20 август 49,6 дарсад будааст. Ин маънои онро дорад, ки Карзай дар асл садди 50-дарсада барои эълони пирӯзӣ дар интихоботро убур накардааст.
Ҳомиди Карзай дар ҷараёни нишасти матбуотие дар Кобул имрӯз гуфт, ки вай натиҷаҳои таҳқиқоти Комиссиюни шикоятҳои интихоботиро қабул дорад. Вай афзуд, “мо ин иқдоми Комиссиюни мустақили интихоботро як иқдоми қонунӣ ва барҳақ медонем, ки дар мутобиқат ба қонуни асосии Афғонистон аст, бар манофеи миллии Афғонистон ва бар таҳкими демокросӣ ва мардумсолории кишварамон як қадами умда ба тарафи пешрафт ва таҳкимаш аст”.
ОМОДАГИҲО БАРОИ ДАВРИ ДУВВУМ
Ҳомиди Карзай изҳори умедворӣ кард, ки дар даври дуюми интихобот ҳузури раъйдиҳандагон назар ба даври аввал бештар хоҳад шуд. “Ҳоло фурсате нест, ки таҳқиқоти анҷомшударо баҳс кунем, ҳоло вақти он расидааст, ки ба хотири дастёбӣ ба эътидол ва ваҳдати миллӣ ба пеш ҳаракат кунем”, гуфт Карзай.
Эътимод ба баргузории даври дуюми интихобот мақомотро имкон медиҳад, ки раҳбарии кишварро бо риояи тамоми муқаррарот ва қонунҳо ба роҳ монанд ...