Амрико, ки ҳанӯз 100-150 сол пеш дар масъала ҳуқуқи кӯдак мушкилоти зиёд дошта, кори хиёбониву пурзаҳмати атфол, латтукӯбу хушунати кӯдакон барои ин ҷомеа як чизи маъмулӣ буд, тавонист тавассути қонунҳои қавиву муқаррароти шадид вазъи кӯдаконро дар ҷомеа зери назорат бигирад.
Абубакр Иномов, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки бо ҳайати тоҷикистонӣ аз Амрико дидан кардааст, мегӯяд, ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷомеаи Амрико эҳтиром мегузоранд ва созмонҳои ҷамъиятию ҳукумат барои ҳимоя аз ҳуқуқи наврасон барномаҳои гуногунро амалӣ месозанд.
Оқои Иномов меафзояд, «беш аз ҳама ба ман ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат писанд омад. Дар он ҷо ба мисли мо институтҳои бузурги идоракунии ҳокимияти давлатӣ мавҷуд нест. Балки низоми махсусе вуҷуд дорад, ки дар он иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ нақши худро доранд. Ин созмонҳо ба сифати иҷрокунандаи фармоишҳои иҷтимоии ҳукумат хизмат мекунанд. Ҳукумат ба онҳо маблағ медиҳад ва онҳо дар самти фаъолияти пешакардаашон корашонро идома медиҳанд. Ман ҳайрон шудам, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ то 500 корманд доранд. Дар ҳоле ки чунин созмонҳо дар кишвари мо то ба 3, 500 ба қайд гирифта шуда, одатан ду то се нафарро бо кор таъмин кардаанд. Баъдан созмонҳои мо самти муайяни фаъолият надоранд. Агар имрӯз ЮНИСЕФ ба онҳо пул диҳад, ҳуқуқи кӯдаконро дифоъ мекунанд, аммо фардо Созмони муҳоҷират барномаашонро дастгирӣ кунад, пешаи худро тағйир медиҳанд. Яъне дар ҷомеаи мо як намуди ҳамакорӣ ва ҳамадонӣ аст ва дақиқан пешравиро дар ҷомеаамон намебинам».
Мусо Тошхуҷаев, масъули ҳифзи ҳуқуқи атфоли мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, мегӯяд, дар шаҳри Линколни аёлоти Небраска дар тули 15 рӯз кӯдакони хиёбонӣ ва наврасони оворагардро мушоҳида накардаанд. Ӯ мегӯяд, нисбат ба Тоҷикистон дар макотиб ва дигар муассисаҳои кор бо кӯдакон ба ҳуқуқи атфол эҳтироми бештар мегузоранд.
Мусо Тошхуҷаев мисол меорад, ки озодии интихоб ба кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ фароҳам оварда мешавад: «Вақте ки мо ба як мактаб рафтем, дидем, ки кӯдакон бо либосҳои гуногун омада буданд. Як духтар либоси расмӣ дошт, ман пурсидам, ки чаро либоси ту аз дигар бачаҳо фарқ мекунад? Ӯ гуфт, чунки ман ин усулро дӯст медорам. Ба гуфти бачаҳо, касе онҳоро барои пӯшидани либоси махсус маҷбур намекунад ва мегӯянд, «мо озодем ва худамон тасмим мегирем, ки чиро ба бар кунем».
Мусо Тошхуҷаев мегӯяд, ҳарчанд Амрико созишномаи ҳуқуқи кӯдакро ба имзо нарасонидааст, аммо новобаста аз вазъи иҷтимоӣ барои атфол то ҳадди аксар шароити хуби тарбия ва инкишофи ҷисмониву маънавиро фароҳам овардааст.
Дар ин замина Фарҳод Маҳмудов, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки ноҳияи Бохтар, мегӯяд, дар Амрико кӯдакони душвортарбияро аз дигарон ҷудо намекунанд. Ӯ мисол меорад, ки ҳатто дар маркази кор бо наврасону ҷавонон, ки мисоли мактаби махсуси кишварҳои мост, нишонаҳои аз ҷамъият ва кӯдакони маъмули фарқ доштаи онҳо ба назар нарасидааст.
Вай гуфт, «худи номи «мактаби махсус» аллакай ҳуқуқи кӯдакро поймол мекунад. Мо ба ин мактаб рафтем ва худро дар як мактаби оддӣ эҳсос кардем. Ягон панҷара ё дарҳои вазнини оҳанӣ ба назар намерасид. Чораҳои бехатарӣ андешида шудааст, аммо онҳо нонамоёнанд».
Ширкатдорони барномаи табодули шӯрои маорифи байнулмилалии Амрико мегӯянд, баъд аз шиносоӣ бо кори ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятии Амрико дар роҳи таъмини зиндагии арзанда барои кӯдакон, ки аз солимии онҳо ояндаи ҳар як давлату миллат бастагӣ дорад, мехоҳанд дар Тоҷикистон низ то ҳадди аксар донишҳои андухташонро дар амал татбиқ созанд.