Тибқи ин пешгӯиҳо, такони ин заминларза дар ин манотиқ то 7-8 дараҷаи ҷадвали 12-баллиро ташкил хоҳад кард. Коршиносон мегӯянд, ин дар ҳолест, ки ягон пажӯҳишгоҳ ё маркази зилзиласанҷии ҷаҳон ин рӯйдоди табиатро дақиқ пешгӯӣ намекунад ва дақиқ нест, ки кай ва дар куҷо заминларза ба вуқӯъ хоҳад пайваст.
Ба гуфтаи мутахассисон, пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии Қирғизистон соли гузашта пешгӯӣ карда буд, ки дар деҳаи Нураи ноҳияи Олой такони заминларза 7 дараҷаро ташкил хоҳад кард. Бар асари ин заминларза 75 кас ҷони худро аз даст дод ва ин заминларза манзилҳои зиёди мардуми деҳаи Нураро хароб кард.
Қанат Абдураҳматов, мудири пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии Фарҳангистони улуми Қирғизистон, рӯйдоди зилзиларо дар 7 соли оянда дар қаламрави кишвараш тахмин кардааст. Вай мегӯяд, пажӯҳишҳои ахири онҳо далолат медиҳанд, ки дар давоми солҳои 2010 то 2016 дар қаламрави вилояти Чуй, вилояти Иссиқкӯл ва водии Олой 7-8 дараҷаи ҷадвали 12-баллӣ заминларза рух хоҳад дод.
Вай афзуд, дар ҳамин ҳол аксари биноҳо ва иншоотҳое, ки дар солҳои ахир сохта шудаанд, ба заминларзаи шадид тобовар нестанд. Ба гуфтаи Қанат Абдураҳматов, вилояти Ӯш низ ба таҳдидҳои заминларза мувоҷеҳ хоҳад шуд. Вай мегӯяд, аз эҳтимол холӣ нест, ки такони заминларза дар ин минтақа то 9 дараҷа бирасад. Гуфта мешавад, ки дар давоми солҳои 2011 ва 2013 дар шаҳри Бишкек то 8 дараҷаи ҷадвали Рихтер такони замин рух хоҳад дод.
Ба таъкиди мудири пажӯҳишгоҳи Фарҳангистони улуми Қирғизистон вале дар ҳамин ҳол мақомоти кишвараш дар мавриди эҳтимоли заминларза ва пешгӯиҳои мутахассисони ин соҳа комилан бетафовутанд.
Дар баъзе марказҳои зилзиласанҷӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз таҳдиди ин офати табиӣ аз сагҳо ва моҳиҳо истифода мекунанд. Коршиносони ин бахш мегӯянд, аз ҷумла дар кишвари Исроил маҳз бар асари таҷрибаҳои батакрори олимон маълум шудааст, ки саг ва моҳӣ аз такони зилзила қаблан хабардор мешаванд. Ин манобеъ меафзоянд, аммо дар Эфиопия ва Туркия дар тафовути Исроил аз дастгоҳҳое истифода мекунанд, ки рӯйдоди зилзиларо пештар ба қайд мегиранд. Истифодаи ин дастгоҳҳо боиси аз ҳалокат наҷот бахшонидани одамони зиёд шудаанд.
Ба таъкиди мутахассисон, вале дар кишварҳои Осиёи Марказӣ марказҳои зилзиласанҷӣ бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз нашудаанд ва ин ҳол пеш аз заминларза огоҳ кардани мардумро ба кори сахту сангин табдил додааст.