Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Руқия Қурбонова дар нишасти СММ


Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ҳамоиши СММ эътироф кард, ки маргу мири модару кӯдак мушкили умда дар кишвар боқӣ мемонад.

Руқия Қурбонова дар як ҳамоиши Маҷмаи Умумии Созмони Милал гуфт, соли 2008 дар ҳар 100 ҳазор мавриди таваллуд 48 зан фавтидааст. Ба гуфтаи ӯ, иллатҳои маргу мири атфоли хурдсолу навзодон дар соли гузашта умдатан бемориҳои сироятиву вогир ва беэътиноии занон ба замони обистанӣ будааст.

Бо вуҷуди саъйи зиёди ҳукумат ҷиҳати коҳиши мушкилоти занону кӯдакон ва ба танзим даровардани афзоиши аҳолӣ масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мемонанд, муҳимтарини он рафъи нодорист ...
Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дастгирии оила ва кӯдаконро аз авлавиятҳои кори худ медонад ва ба ҳамин хотир аксарияти санадҳои марбут ба ҳуқуқи занон, манъи хушунат алайҳи онҳо ва кӯдаконро ба тасвиб расондааст. Хонум Қурбонова гуфт, бо вуҷуди саъйи зиёди ҳукумат ҷиҳати коҳиши мушкилоти занону кӯдакон ва ба танзим даровардани афзоиши аҳолӣ масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мемонанд, ки муҳимтарини он рафъи нодорист.

Муовини нахуствазир гуфтааст, дар Тоҷикистон тамоюли коҳиши таввалуд ба назар мерасад ва солона дар кишвар аз 190 ҳазор то 200 ҳазор нафар таввалуд мешавад. Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи Тоҷикистон, таввалуди зиёд сабаби камбизоат мондани хонаводаҳои серфарзанд шудааст.

Хонум Қурбонова афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон камбизоатиро ҳамчун мушкили умдатарин эътироф намуда, барои поин овардани сатҳи он кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Ба гуфтаи вай, барои муҳайё намудани шароитҳо барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии одилона ва боло бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ порлумони кишвар соли 2002 Стратегияи поин овардани камбизоатиро тасвиб кард.

Муҳоҷиратро Руқия Қурбонова дигар омили таъсиргузор ба теъдоди аҳолӣ дар Тоҷикистон хонд. Вай гуфт, дар авоили солҳои 90-и асри гузашта ҳар сол Тоҷикистонро то 100 ҳазор нафар тарк мегуфт ва аммо дар айни ҳол ин раванд коҳиш ёфта, соли 2008 муҳоҷират аз кишвар танҳо 10 ҳазору 400 нафарро ташкил дод. Аз сабабҳои аслии муҳоҷират имрӯз таҳсил, ҷои кор ва сатҳи пасти даромади аҳолӣ маҳсуб мешавад.

Хонум Қурбонова ба вижа гуфт, “сатҳи баланди таваллуд ва шумораи зиёди кӯдакон дар оила бевосита ба мақоми иҷтимоӣ ва иқтисодии оилаҳо, иштироки зан дар иқтисод ва сатҳи маърифати онҳо таъсир мерасонад. Шумораи занҳо дар Тоҷикистон 3 миллиону 674 ҳазор нафар ё 49,8 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад”.

Хонум Қурбонова гуфт, соли 2004 ҳукумати Тоҷикистон Тарҳи стратегии саломатии тавлидкунандаи аҳоли то соли 2014-ро тасвиб кард. Ва дар айни ҳол ба таҳсили ходимони тиббӣ дар ин соҳа таваҷҷӯҳи зиёд бахшида мешавад.
XS
SM
MD
LG