Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли фаровонии ғалла


Солҳои 1992-1995 мардуми Тоҷикистон он қадар барои дарёфти як пора нон азият мекашид, ки барои пайдо кардани чанд дона нон сарсону саргадон ва пои пиёда аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мерафтанд.

Бархеҳо барои наҷот аз гуруснагӣ гандуми заҳрноки махсуси киштро орд карда ва нон мепухтанд, ки теъдоде ҳам аз ин нон заҳролуд шуда ва фавтида буданд. Дар бозорҳо ҳатто тухми ҷуворимакка ва ҷавро пайдо кардан ғайримумкин буд. Мардуме ҳам буданд, ки тухмии ҷорубро орду нон мекарданд. Яъне пораи нон гаронтар аз зар буд. Қимати тахминан ҳама чиз ба арзиши гандуму нон баркашида мешуд.

Тоҷикистон, ки ғизои асии мардумаш нон аст, то солҳои наздик аз камбуди орду гандум азият мекашид. Ҳарчанд мардум дар ҳар хонавода порчаи заминеро ҳам гандум кишт мекард, аммо ниёзмандии мардум бароварда намешуд ва воридоти орду ғалла аз хориҷ, махусан аз Қазоқистон, мардуми кишварро бо нон таъмин мекард.

Аммо дар 17 соли истиқлолияти кишвар барои бори нахуст вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки Тоҷикистон бештар аз 1 миллион тонна ғалладона ҷамъоварӣ кардааст. Яъне тақрибан баробар ба ниёзмандии яксолаи мардуми кишвар. Албатта қисмати аъзамин ин ғалла марбути хоҷагиҳои хусусӣ аст, ки вориди бозор мешавад.

Яъне аз агар ин рақами пешниҳодии вазорати кишоварзӣ дар мавриди ҷамъоварии ғаллаи соли ҷорӣ бовар кардани бошад, пас нахуст ин гузориши барои мардуми Тоҷикистон хушбинкунандаи вазорати кишоварзиро дар осиёбҳо мешавад мушоҳида кард. Осиёбҳое, ки пас фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ макони умед барои хони пурнеъмати мардуми кишвар аст.

Ин аст, ки ман Барот Юсуфӣ, бо иттифоқи ҳамкорам Ҳумоюни Шаҳриёр дар ин нашри маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» ибтидо меҳмони осиёббон ва осиёбе мешавем, то самари гандуми соли ҷорӣ аз ӯ бипурсем.

GANDUM
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00
XS
SM
MD
LG