Дар ин бора нашрияи фаронсавии Primiere бо такя ба иттилоъи раҳбари студияи синамои Gaumont Жером Сейд хабар додааст. Ба гуфтаи Сейд, тамошобинон метавонанд ин филмро моҳи марти соли оянда бубинанд. Ӯ афзудааст, ки агар Поланскиро аз ҳабс озод накунанд, рӯзҳои наздик ҳайати эҷодӣ ба идомаи бандубасти наворҳо ва садобандиву оҳангбандии филм шурӯъ хоҳад кард. Ва аммо Ҷефф Берг, намояндаи худи Роман Полански, ин иттилоъро таъйид накард ва гуфт, ки бар асари ҳабси таҳиягар шояд замони намоиши филми “Арвоҳ” ба таъхир уфтад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Берг, айни ҳол бандубасти ниҳоии наворҳои филм идома дорад.
Филми “Арвоҳ” аз рӯи китоби адиби маъруф Роберт Ҳаррис рӯи навор меояд ва он аз рӯзгори сарвазири собиқи Бритониё Адам Лэнг ва нависандае қисса мекунад, ки бояд зиндагиномаи сарвазирро нависад. Дар ин филм ситораҳои Ҳолливуд Юэн МакГрегор, Пирс Броснан, Ким Кэтролл, Ҷеймс Белушӣ ва Том Уилкинсон нақш офаридаанд.
Ёдовар мешавем, ки Роман Полански рӯзи 26-уми сентябр баъди он боздошт шуд, ки барои ширкат дар ҷашнвораи синамо вориди шаҳри Сюрихи Швейсария шуд. Дар ин ҷашнвора ба ӯ бояд ҷоиза барои саҳми бузург дар синамои ҷаҳониро эҳто мекарданд.
Таҳиягари маъруф барои алоқаи ҷинсӣ бо Саманта Геймери 13-сола дар соли 1977 айбдор мешавад. Ӯ соли 1978 ба хотири муҷозот нашудан Иёлоти Муттаҳидаро тарк кард ва муқими Фаронса шуд. Баъди ин Полански боре ҳам ба Амрико нарафт ва аз сафар ба Бритониё ҳам худдорӣ мекард, зеро имкон дошт он ҷо ӯро боздошт ва ба Амрико истирдод кунанд. Мақомоти иёлати Калифорния изҳор намуданд, ки дархост ба ҳукумати Швейсария барои истирдоди таҳиягар Полански ба ИМА тайи ду моҳи оянда ироа хоҳад шуд.