Мақомоти Тоҷикистон ду рӯз ба ин сӯ меҳмонони ин ҳамоиши байнулмилалиро пазироӣ мекунанд. Дар ҳама гӯшаву канори шаҳр овеза ва лавҳаҳо дар робита ба ин ҳамоиш насб шудаанд. Дар кӯчаҳои Душанбе теъдоди кормандони милиса ҷиҳати таъмини амнияти меҳмонон ва ҷилавгирӣ аз ҳаводиси нохуш афзоиш ёфтааст. Таблиғоти ҳамоиши байнулмилалии «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар шабакаҳои давлатии Тоҷикистон шабонарӯз пахш мешаванд.
Ин ҳамоиши байнулмилалӣ ба 1310 – солагии асосгузори мазҳаби ҳанафия Нӯъмон ибни Собит, мулаққаб ба Абӯҳанифа ва машҳур ба Имоми Аъзам бахшида шудааст, ки 95 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави ӯянд.
Муҳаммад Сиддиқи Афғон, риёзидони машҳури Афғонистон мегӯяд, агар рақами 1310 бо рақами 6, рамзи шаш «Аллоҳу Акбар»-и намоз ва 6 самти мавҷуд зарб зада шавад, рақаме ҳосил мешавад, ки ба ҳисоби абҷад каломи «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» ба вуҷуд меояд. Оқои Сиддиқи Афғон мегӯяд, ин тасодуфӣ нест ва рамзи ибтидои замони накӯ дар Тоҷикистон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон қаблан изҳор медошт, ки далели гиромидошти сарвари мазҳаби ҳанафия бештар ба мардум ошно кардани шахсиятва таълимоти ӯст. Аммо коршиносон мегуфтанд, далели ин тасмими мақомоти Тоҷикистон ҳамоно ҷилавгирӣ аз густариши ҳизбу ҷараёнҳои навбаромади исломӣ, аз қабили Салафия, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷамоаи таблиғ ва ғайраву ҳоказо аст, ки ҷавонони кишварро мутаваҷҷеҳи худ кардаанд.
Як олими покистонӣ теъдоди пайравони мазҳаби ҳанафиро 80 дарсади мусалмонон ва як олими эронӣ беш аз 50 дарсад арзёбӣ карданд.
Доктор Мазҳарӣ, устоди Донишгоҳи Панҷоби Покистон мегӯяд, ҷашни Имоми Аъзам ва таҷаммӯъи уламои саршиноси олами Ислом дар Тоҷикистон далели ба ҳам омадани мусалмонон дар баробари хатароти фарҳангии ҷаҳони муосир аст. Ӯ гуфт, фармуда ва таълимоти Имоми Аъзам сабаб шуд, то мусалмонон ба ҳам оянд ва ба ҳам наздик бишаванд. Доктор Мазҳарӣ гуфт, ин ҳамоиш низ сабаб хоҳад шуд, то мусалмонон ин бор дар Душанбе гирдиҳам оянд ва ба ҳам наздик бишаванд.
Доктор Саидҷалоли Мироғоӣ, донишманди эронӣ мегӯяд, мавзӯъи гузориши ӯ дар ҳамоиш муносибати Имоми Аъзам ба аҳли байт, хонадони паёмбар ва алавиён хоҳад буд. Ӯ гуфт, Абӯҳанифа дӯстдори хонадони паёмбар буд ва дар замонаш яке аз тарафдорони алавиён буд, ба хотири ҳимояташ аз алавиён ба зиндон ҳам афтид, шиканҷа низ дид ва дар ин роҳ ба шаҳодат расид. Ба гуфтаи доктор Мироғоӣ, муҳаббати Абӯҳанифа ба аҳли байти паёмбар яке аз ҷанбаъҳои бузурги шахсияташ аст.
Дар арафаи ҳамоиш се китоби Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти Имоми Аъзам ба нашр расид. Раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 4-уми октябр, дар деҳаи Тӯдаи ноҳияи Ҳисор масҷиди ҷомеъеро, ки аз ҳисоби мардум сохта шудааст, ифтитоҳ кард. Ҳамчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи аввали ҳамоиш бо ширкати меҳмонон ва низ вазирони корҳои хориҷии Швейсарияву Дания санги нахустини бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ барои 150 ҳазор нафарро хоҳад гузошт.
Ин ҳамоиши байнулмилалӣ ба 1310 – солагии асосгузори мазҳаби ҳанафия Нӯъмон ибни Собит, мулаққаб ба Абӯҳанифа ва машҳур ба Имоми Аъзам бахшида шудааст, ки 95 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави ӯянд.
Муҳаммад Сиддиқи Афғон, риёзидони машҳури Афғонистон мегӯяд, агар рақами 1310 бо рақами 6, рамзи шаш «Аллоҳу Акбар»-и намоз ва 6 самти мавҷуд зарб зада шавад, рақаме ҳосил мешавад, ки ба ҳисоби абҷад каломи «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» ба вуҷуд меояд. Оқои Сиддиқи Афғон мегӯяд, ин тасодуфӣ нест ва рамзи ибтидои замони накӯ дар Тоҷикистон аст.
Ҳукумати Тоҷикистон қаблан изҳор медошт, ки далели гиромидошти сарвари мазҳаби ҳанафия бештар ба мардум ошно кардани шахсият
"Агар рақами 1310 бо рақами 6, рамзи шаш «Аллоҳу Акбар»-и намоз ва 6 самти мавҷуд зарб зада шавад, рақаме ҳосил мешавад, ки ба ҳисоби абҷад каломи «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» ба вуҷуд меояд. Ин тасодуфӣ нест ва рамзи ибтидои замони накӯ дар Тоҷикистон аст."