Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон


Мавзӯи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар дидори президентони ду кишвар дар Маскав ҳал хоҳад шуд.

Ин матлабро Сергей Степашин, раиси Палатаи бозрасии Русия дар Душанбе баён кардааст. Сергей Степашин, дуввумин мақоми баландпояи Русия аст, ки мавзӯи ҳузури низомии кишвараш дар Тоҷикистонро дар дидор бо президент Эмомалӣ Раҳмон, матраҳ кардааст. Ду ҳафта қабл Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия низ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифта, вале ҳар ду кишвар то ҳол ба тавофуқи ниҳоӣ дар заминаи пардохти маблағ барои ин пойгоҳ даст наёфтаанд.

Бо он ки ҳадафи сафари ҷаноби Степашин ба Душанбе, ширкат дар ҷаласаи шӯрои раҳбарони ниҳодҳои назорати молӣ ва мубориза бо фасоди кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд будааст, аммо натоиҷи дидораш бо президент Раҳмон баёнгари он аст, ки дурнамои ҳузури низомии Руссия дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар муносиботи миёни ду кишвар маҳсуб мешавад. Степашин гуфт, масъалаи марбут ба пардохти маблағи истиқрори пойгоҳи низомии Русия мавриди баррасии дуҷониб аст ва ин мавзӯъро президентони ду кишвар дар Маскав ҳал хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Степашин, раисҷумҳури Тоҷикистон қавл додааст, ки дар қаламрави ин кишвар ба ҷузъ пойгоҳи низомии Русия, пойгоҳи дигаре, аз ҷумла амрикоӣ ва дигар кишваре вуҷуд нахоҳад дошт. Интизор меравад, сафари давлатии президент Раҳмон ба Русия ба таърихи 20-уми октябр анҷом шавад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, корманди маркази таҳлии «Диалог» бар ин назар аст, ки натиҷа надодани сафарҳои мақомоти Русия аз Тоҷикистон дар ин авохир зарурати мулоқоти мустақими Раҳмон бо Медведев, дар Маскавро бештар кардааст, «роҳи ҳалли масъала чаро байни вазирони дифоъ набуд? Чаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири хориҷа намояндагӣ кард? Имрӯз ки Степашин меояд, ин фард ҳам аз нигоҳи низомӣ ва ҳам аз нигоҳи равобити иқтисодӣ, шахсияти муҳиме дар Русия аст. Барои ин Медведев ва доираҳои ҳавасманди Русия ба ин назар ҳастанд, ки қабл аз он ки Раҳмон ба Маскав сафар мекунад, масъалаи низомии Русия, дар ин ҷо ҳал шавад. Яъне, зарурати матраҳ шудани ин масъаларо байни ду лидер намебинанд. Вале Эмомалӣ Раҳмон ба ин дигар бовар надорад. Танҳо райъи аввалин нафари Русияро ба даст орад. Мо умед дорем, ки мушкиле, ки байни Тоҷикистон ва Русия вуҷуд дорад, Медведев аз дидгоҳи нав ба он таваҷҷуҳ кунад ва ҳал шавад».

Ин дар ҳолест, ки бархе аз манобеъ гуфтаанд, дар музокироти Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дархост шудааст, ки Русия барои ҳузури низомиаш дар Тоҷикистон солона маблағи беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунад.

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳод дар заминаи пардохти маблағ барои ҳузури ин пойгоҳ аз як соле пеш матраҳ будааст. Сафаров бар он таъкид дорад, ки Русия бояд ба ҳарфи Тоҷикистон гӯш бидиҳад, «ба ҳарфи Тоҷикистон гӯш кардани Маскав ҳатмист. Чаро ки Тоҷикистон ҳама ричагҳо ё василаҳои таъсир расондан ба Русияро дорад ва пурқувват ҳастанд. Масалан, узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии ЕвроОсиё, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд, аз сӯи дигар, Тоҷикистон дар марзи ҷанубии кишварҳои ҳамсуд қарор дорад ва комплекси назорати кайҳонии «Окно» низ дар қаламрави кишвар аст, ки василаҳое барои таъсир расондан мебошанд. Ба ин далел, дар сурати зарурат метавон аз ин фишангҳо истифода кард»

Парвиз Муллоҷонов, соҳибназари масоили сиёсӣ дар мавриди ҳузури низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон шакке надорад, вале мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба дигар шудани шароити геополитикӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар минтақа Русия маҷбур аст, манфиатҳои тарафи Тоҷикистонро дар мадди назар дошта бошад. Зеро ба гуфтаи Муллоҷонов, дар сиёсати берунии Тоҷикистон на танҳо Россия, балки дигар кишварҳои абарқудрат, ба вижа Амрико низ авлавият дорад. Аммо Муллоҷонов, мегӯяд, ба иллати мавҷудияти пойгоҳҳои Русия дар бархе дигар кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва шароити феълии иқтисодӣ, эҳтимол дорад, пардохти маблағи 300 миллион доллар барои Русия душворӣ дошта бошад, Вай мегӯяд, «шояд ин пардохти бевосита ҳам набошад, вале шояд дар шакли сармоягузорӣ ба ягон лоиҳаи бузурги Тоҷикистон, ки дар ҷараён аст, шакл бигирад. Албатта, манфиати асосии давлати Тоҷикистон неругоҳи Роғун аст. Азбаски барои сохтмони Роғун дар кишвар маблағ нест, коршиносони энержӣ мегӯянд, дар сурати маблағгузорӣ ду - се агрегати аввал дар зудтарин фурсат мавриди истифода қарор бигирад».

Ин дар ҳолест, ки эҳдоси неругоҳи «Роғун» нахустин танишҳоро дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Русия ба вуҷуд овард. Чун дар октябри соли 2004 дар ҷараёни сафари Владимир Путин, президенти вақти Русия ба Тоҷикистон ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус сохтмони неругоҳи «Роғун» дода буд, аммо ин ваъда дар коғаз монд. Ҳамакнун, бархе аз соҳибназарон аз он бим доранд, ки сенарияи соли 2004 –и Русия аснои зиёрати давлатии президент Раҳмон такрор нашавад.
XS
SM
MD
LG