Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои қарзи газ ва бегазӣ дар Тоҷикистон


Узбакистон баъд аз се рӯзи қатъи газ ба иллати пардохт нашудани пули он аз сӯи Тоҷикистон интиқоли онро аз сар гирифтааст.

Қарзи ширкати Тоҷиктрансгаз аз Узбакистон ҳудуди 18 миллион долларро ташкил медиҳад. Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати Тоҷиктрансгаз, гуфт, Тоҷикистон дар ин се рӯз беш аз 50 дарсади қарзаш ба Узбакистонро пардохт намудааст. Дар ҳоли ҳозир Саидмамад Шарофиддинов, раиси ширкати Тоҷиктрансгаз, дар Тошканд ба масъалаи пардохти қарзи газ машғул аст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, пули барқеро, ки имсол Тоҷикистон ба Узбакистон фурӯхтааст, ширкати Барқи тоҷик ба ширкати Трансгази Узбакистон хоҳад дод. Зеро Барқи тоҷик низ аз ширкати Трансгази Тоҷикистон қарздор аст.

Моҷарои қарзи Тоҷикистон аз Узбакистон аз оғози соли ҷорӣ бад-ин сӯ матраҳ аст. Вале ширкати Тоҷиктрансгаз дар масъалаи пардохти қарз ҳамеша истинод ба он мекунад, ки ширкатҳои бузурги саноатии кишвар, аз ҷумла Барқи тоҷик, Корхонаи семент, Тоҷиказот ва ғайра қарзи худро саривақт пардохт намекунанд.

Чанд моҳ аст, ки Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро дар ҳудуди 20-25 ҳазор метри мукааб маҳдуд кардааст. Рӯзи гузашта низ ба ҳамин миқдор интиқоли газро аз сар гирифтааст, ки ба қавле, барои мардум аст. Зеро як сол аст, ки бахши аъзами сокинони кишвар аз ҳисобкунакҳои ҷадиди электронӣ истифода мебаранд ва пули газро пешпардохт мекунанд.

Пас суоле матраҳ аст, ки пули пардохтаи мардум куҷо меравад? Гузашта аз ин, даҳҳо ҳазор минибусу мошинҳои гуногуни мусофирбар ва таксиҳо дар Тоҷикистон бо газ кор мекунанд ва ҳамарӯза бо пули нақд ҳазорҳо метри кубӣ газро истифода мебаранд. Тӯли се рӯзе, ки Узбакистон интиқоли газро қатъ кард, даҳҳо ҳазор минибусу таксиҳо дар шаҳрҳо аз ҳаракат бозмондаанд. Боз ҳамон суол, ки ин қадар пули нақд кучо меравад?

Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати Тоҷиктрансгаз, дар ҷавоб ба ин суол гуфт, ки суханони мардум асос надорад, зеро, ба гуфтаи ӯ, пули мардум кирои пардохти қарзро намекунад. Вай афзуд, «пардохти пул аз сӯи мардум ва «заправкаҳо» ҳамагӣ 15 дарсади қарзро ташкил мекунад, ки пули ночиз аст. Қарзи аслӣ аз сӯи корхонаҳост». Вале ӯ аз ёдовар шудани корхонаҳои қарздор худдорӣ кард.

Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, муовини раиси ширкати Тоҷиктрансгаз саҳми мардумро андак нишон додааст. Баҳодур Ҳабибуллоев, раиси иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон, мегӯяд, ширкати Тоҷиктрансгаз бо баҳонаи қарзи корхонаҳо набояд аз масъулият шона холӣ кунад ва ин ширкат бар асоси қонун вазифадор аст, ки мардумро бо газ таъмин кунад. Ва ин шаҳодати нотавонии Тоҷиктрансгаз аст, ки натавонистааст шартнома бо Узбакистонро иҷро кунад.

Баҳодур Ҳабибуллоев, раиси иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон, гуфт, пешпардохти пули газ аз сӯи мардум ғайриқонунист ва агар касе пешпардохт кардааст ва газ нагирифтааст, ҳақ дорад, ки пули додаашро талаб кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон ба далели қарздорӣ ва 40 дарсади талафоти гази воридшуда ба Тоҷикистон ва, ба гуфтаи раисиҷумҳур, қочоқи он, раиси ширкати Тоҷиктрансгазро аз мақомаш барканор карда буд.

Ва вазъият дар ин 9 моҳи сипаришуда нишон медиҳад, ки кори ширкати Тоҷиктрансгаз ба низом наомадааст, зеро дар нуқтаҳои газфурӯшӣ барои мошинҳо газ ҳаст, вале барои мардум, ки пешпардохт кардаанд, газ дода намешавад.
XS
SM
MD
LG