Сабаби аслии тайи чанд бор тағйир додани рӯзи баргузории озмуни мазкур дар мушкилоти молии ҷониби Русия арзёбӣ шудааст. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, онҳо омодаанд, мувофиқи созишномаи ба тасвиб расида, тамоми вазифаҳои ба дӯш доштаашонро иҷро созанд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов ба хабаргузориҳо гуфтааст, ин ҳама маънои комилан баргузор нагаштани озмуни «Панҷ ситораи Интервидения»-ро дар Тоҷикистон надорад ва агар то охири моҳи октябр масоили молӣ ҳалли худро наёбад, қарор аст, озмун ба соли 2010 гузаронида шавад.
Дар ҳамин ҳол, мавриди зикр аст, ки Бунёди ҳамкориҳои башарии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, барои омодагӣ ба озмуни мазкур 125 миллион рубли русӣ кӯмак кардааст.
Гуфтанист, Тоҷикистонро дар ин озмун Ален Абдулфайзов, овозхони ҷавони тоҷик, ки барандаи бахши тоҷикистонии озмун эълон шуда буд, муаррифӣ хоҳад кард. Ален Абдулфайзов 30 сол дорад ва зодаи шаҳри Истаравшан аст. Ба гуфтаи ӯ, қаблан ба таври касбӣ овозхонӣ накардааст.
Соли гузашта Таҳмина Ниёзова аз Тоҷикистон барандаи ин озмуни овозхонҳои попи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҷумҳуриҳои назди Балтик гардида буд.