Маҳмудҷон, писари холаи Гулиро, ки тӯли 4 солу ду моҳ дар Русия дар муҳоҷирати корӣ буд, акнун дохили тобут ба ватан оварданд.
«Марги писарамро бачаҳои ҳамқишлоқиаш пул ҷамъ карда фиристоданд. То ба ҳанӯз сабабҳои марги писарам маълум нест. Ҳарчанд даҳҳо мактуб кардам, вале посух нагирифтам. Чандин маротиб ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кардам. Аммо натиҷа надод».
Ҳарчанд, ки писари холаи Гулӣ дар Русия дар яке аз вазифаҳои баланд кор мекардааст, аммо маъмурияти корхона барои интиқоли ҷасади писараш ягон кӯмаки молӣ нарасонидаанд. Вай мегӯяд, аз рӯи аломатҳои зарби бадани писараш, маълум шудааст, ки ӯро бо хушунат куштаанд. «Баданаш ҳама кабуд буд, ба чубдасти резинӣ хуб зада шуда буд, ки дигар ягон ҷойи бадани ӯро фарқ карда намешуд»
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 500 тобути шаҳрвандони кишвар аз Русия ба Ватан оварда шуданд. Маҳмадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати мазкур, меафзояд, дар муқоиса бо кишварҳои дигар шумораи қурбониён дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аст. «Бо назардошти он ки беш аз 500 ҳазор мардикорони тоҷик дар Русия фаъолият доранд, яъне, теъдодашон дар ин кишвар зиёд аст, тобути шаҳрвандони мо аз ин ҷо бисёр оварда шудааст. Албатта, ин ҳолат нигаронкунанда аст, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо хадамоти муҳоҷирати Русия нисбати ин масъала ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони мо тадбирҳои заруриро ба роҳ мондаанд".
Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Асадуллоев, сабабҳои маргумири шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Русия гуногунанд. Аксарияти онҳо дар натиҷаи муноқишаҳои байни миллатҳо ва ё байнихудии муҳоҷирон, садамаҳои ногаҳонӣ, ҳангоми кор бо таври табиӣ ва ё дигар ҳолатҳои ба ин монанд кушта мешаванд. Теъдоди ками онҳо аз тарафи миллатчиёни рус ба ҳалокат расидаанд. Оқои Асадуллоев гуфт, сабабҳои кушта шудани шаҳрвандони тоҷик дар Русия аз тарафи мақомоти зирабт мавриди тафтиш қарор мегиранд, аммо модари марҳум Маҳмудҷон, холаи Гулӣ мегӯяд, ҳарчанд барои ошкор кардани онҳое, ки писарашро куштаанд, кӯшиш кардааст, аммо ягон мақомот ба додаш нарасидаанд. Вай гуфт «Борҳо муроҷиатҳои телефонӣ ва номавӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия кардем, аммо то ба ҳанӯз натиҷа надодааст. Агар аз як тараф кушта шудани фарзандони мо худ даҳшат бошад, паҳлӯи дигар сари вақт ба Ватан овардани тобути онҳо хароҷоти сангинро талаб мекунад».
Коршиносони тоҷик иллати аслии афзоиш ёфтании ҳолати марги шаҳрвандонро дар Русия дар вазъи бади зисти онҳо медонанд. Меҳмоншо Шарифов, таҳлилгари мустақил, ки борҳо шоҳиди зисти шаҳрвандон дар Русия будааст, мегӯяд, Русия як кишвари дорои ҷамъияти калон мебошад, дар нисбати дигар кишварҳо шароити муҳоҷирон дар ин кишвар бадтар аст. Ва Тоҷикистон бо шарики стратегии худ, Русия, то ба ҳанӯз натавонистааст, ки сиёсати муҳофизакории шаҳрвандони хешро роҳандозӣ кунад. «Русия як кишвари нимтамаддун аст, он шароити баде ки мардикорони тоҷик дар бозори Черкиз бозор доштанд, ягон муҳоҷирони дигар кишварҳо надоштанд. Ва ин саҳлангории давлатмардони мо аст, ки то ба имрӯз натавонистаанд, ки нисбати куштори шаҳрвандони хеш ягон тадбир андешанд»
Дар ҳоле, ки теъдоди маргу мири шаҳрвандони тоҷик дар Русия нисбат ба нимсолаи соли гузашта афзоиш ёфтааст, ҳудуди 40 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик бар асари бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба ватан баргаштаанд. Соли 2008 расман ҳудуди 600 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан оварда шуданд.