Ҷаҳон дар соли 2007 дар аксҳо

1
Теҳрон, 18 январи 2007 - Сарфи назар аз ташаннуҷҳо ва баҳсҳо сари барномаи ҳастаии Эрон ва таҳдидҳои ҳамла ба ин кишвар, зиндагии сокинони Эрон аз манотиқи дигари ҷаҳон камтар тафовут дошт. Агар ки тафовуте ҳам дошт, он ҳам дар намоишгоҳҳои либосҳои мӯд.

2
Ишқобод, 14 феврали 2007 - Дар рӯзе, ки барои аксари ҷавонони ҷаҳон чун рӯзи ошиқон маҳсуб мегардад, Туркманистон расман соҳиби президенти нав шуд.

3
Грозний, 8 марти 2007 - Имсол барои президенти ҷавони чечен Рамзан Қодиров бобарор омад. Ҳам, курсии падарашро соҳиб шуд, ва ҳам дар ин рӯзи бонувон нахустин ҳавопаймои мусофирбарӣ аз Маскав ба Грозний фуруд омад.

4
Маскав, 24 апрели 2007 - Аммо соли 2007 барои нахустин президенти Русия - Борис Елсин охирин соли ҳаёт буд.