Онҳо мегӯянд, агар мизони таваллуди кӯдакон ба таври чашмрас поин бурда нашавад, то соли 2050 аҳолии ҷаҳон ба 11 миллиард нафар хоҳад расид. Дар айни замон дар рӯи Замин шаш миллиарду 800 миллион нафар ба сар мебаранд ва агар инсоният аз тариқи барномаҳои мухталифи тарҳрезии оила ва дастрасии мардум ба василаҳои пешгирии бордорӣ иқдом накунад, мутахассисони СММ ба даҳуним миллиард нафар расидани аҳолии ҷаҳонро дар миёнаҳои аср пешгӯӣ мекунанд.
Пажӯҳишгарон иттилоъ медиҳанд, ки ҳар ҳафта дар саросари ҷаҳон якуним миллион кӯдак таваллуд мешавад ва ин барои муҳити зист паёмадҳои баде хоҳад дошт, ки дар навбати худ ба норасоии маводи хурока ва варшикастагии баъзе давлатҳо хоҳад овард.
Малколм Потс аз донишгоҳи Калифорния дар Берклӣ, ки моҳи феврал дар он ҷо конфронс доир гашта буд, гуфт, имкон дорад, ки идомаи рушди босуръатӣ аҳолӣ дар аксарияти кишварҳои ба гуруснагӣ, бесаводӣ ва ба низоъҳо биёрад. Дар таҳияи ин гузориш 42 мутахассиси соҳоти муҳитзистӣ, иқтисод ва оморгирӣ ширкат кардаанд. Ин пажӯҳишро фарҳангистони улуми Бритониё ба нашр расондааст.
Профессори донишгоҳи Мелбурни Австралия Роҷер Шорт мегӯяд, ки бидуни шубҳа мизони кунунии рушди аҳолӣ ғайри қобили таҳаммул аст. Вай афзуд, ки афзоиши босуръати аҳолӣ манобеи маъмулии энержиро хаста ва партобҳоро бештар карда, ба гармоиши саросарӣ суръат мебахшад. Дар натиҷа теъдоди кишварҳои муфлис меафзояд ва дар аксар вақт дар чунин кишварҳо низоъҳои дохилӣ ба амал меоянд.
Ин дар ҳолест, ки бино бар пешгӯиҳо 98 дарсади рушди аҳолӣ дар кишварҳои ақибмонда, ба вижа дар қораи Африқо, дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки дар Африқо то соли 2050 аҳоли ба ду миллиард нафар хоҳад расид. Ҳамин тавр аҳолии Нигерия, ки ҳоло 11 миллион нафар аст, 50 миллион хоҳад шуд. Соли 1950 дар Уганда ҳамагӣ 5 миллион нафар ба сар мебурд, дар айни ҳол бошад 25 миллион, аммо олимон мегӯянд, ки то соли 2050 аҳолии он кишвар 127 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
Аммо нигарониҳо дар бораи рушди аҳоли як чизи нав нест. Ҳоло соли 1798 олими илми риёзии Бритониё Томас Малтус гуфта буд, ки рушди таърихӣ ба гуруснагии саросарӣ хоҳад овард ва ин дар ҳоле, ки он замон аҳолии Замин ҳамагӣ як миллирд нафарро ташкил медод. Он замон ҳушдорҳои Малтус нигарониҳо ҷиддиро ба амал овард, аммо бо ҷоришудани кишоварзӣ бо истифода аз фанновариҳои пешқадам маҳсулотнокии ин соҳаро ба каратҳо афзуд. Дар натиҷаи ба ном инқилоби сабзи солҳои 60 асри гузашта инсоният эҳсосе пайдо кард, ки сарватҳои табиии Замин беинтиҳоянд.
Аммо дар натиҷаи афзоиши бекарони талабот, косташавии заминҳои зироатӣ, тамомшудани моҳӣ дар баҳру уқёнус, камбуди оби ошомиданӣ ва таҳдиди тағйри иқлим ҳушдори Малтусро дубора ба рӯи миз овард. Таҳиягарони гузориш мегӯянд, ки ҳатто дар мавриде ки таъсири аҳолии беш аз андоза ҳоло ба ҳама равшан аст баҳсҳо ва ҳурофот роҳи ҳали ин масаларо мушкил мегардонанд.
Баъзе монеаҳо сирф руҳонианд, назири манъи сақти ҷанин аз ҷониби калисои католикӣ. Аммо бино ба муаллифони гузориш дар дойраҳои дуняви низ аз таваҷҷуҳ ба ин мавзу сарфиназарӣ мушаҳида мешавад. Ҳамин тавр контроли рушди аҳолӣ ба ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ дохил нашуда буд. Яке аз сабабҳо дар он аст, ки аз нигоҳи баъзеҳо кӯшишҳои Чин ва Ҳиндустон барои контроли рушди аҳоли аз тариқи сақти ҷанин ва ахта ин нақзи ҳуқуқи инсон аст.
Ва ин дар ҳолест, ки пажӯҳишгарон мегӯянд, агар Чин барномаи як оила як кӯдакро рӯи даст намегирифт, имрӯз аҳолиаш 300 ё 400 миллион нафар бештар мешуд. Пажӯҳишгарон бар ин ақидаанд, ки беҳбуди вазъи иқтисодӣ ба коҳиши мизони таваллуд меорад. Аммо онҳо инчунин мегӯянд, ки оилаҳои камшумор яке аз роҳҳои расидан ба сармоядорӣ мебошад.
Дар гузориш омадааст, ки 40 дарсади ҳамаи бордориҳои сол ки тақрибан 80 миллион маврид аст, бордориҳои ғайрихонда ва ғайриинтизорианд. Дар натиҷа нисфи ин занҳои ҳомиладор даст ба сақти ҷанин мезананд ва аз онҳо тақрибан панҷ миллионашон ё сахт маҷруҳ мешаванд ё ба ҳалокат мерасанд. Ба ҳамин хотир мегуянд муаллифони гузориш ба таҳрезии ойла бояд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда тамоми занонро аз таваллудҳои ғайриинтизорӣ мухофизат намуд.
Пажӯҳишгарон иттилоъ медиҳанд, ки ҳар ҳафта дар саросари ҷаҳон якуним миллион кӯдак таваллуд мешавад ва ин барои муҳити зист паёмадҳои баде хоҳад дошт, ки дар навбати худ ба норасоии маводи хурока ва варшикастагии баъзе давлатҳо хоҳад овард.
Малколм Потс аз донишгоҳи Калифорния дар Берклӣ, ки моҳи феврал дар он ҷо конфронс доир гашта буд, гуфт, имкон дорад, ки идомаи рушди босуръатӣ аҳолӣ дар аксарияти кишварҳои ба гуруснагӣ, бесаводӣ ва ба низоъҳо биёрад. Дар таҳияи ин гузориш 42 мутахассиси соҳоти муҳитзистӣ, иқтисод ва оморгирӣ ширкат кардаанд. Ин пажӯҳишро фарҳангистони улуми Бритониё ба нашр расондааст.
Бидуни шубҳа, мизони кунунии рушди аҳолӣ ғайри қобили таҳаммул аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ манобеи маъмулии энержиро хаста ва партобҳоро бештар карда, ба гармоиши саросарӣ суръат мебахшад ...