Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархнома барои кист?


Модарам самбӯсаҳои хеле хушлаззати варақин мепазанд.

Барои ид ман аз он кас пухтани самбӯсаро хоҳиш кардаму супориши харидории гӯштро ба зиммаам гузоштанд.

Пеш аз ба дафтар омадан баъди ҷамъоварии садоҳои гузориши имрӯза рост ба бозори Шоҳмансури пойтахт рафтам. Аз таъсири барномаи дирӯзаи шабакаи аввали Тоҷикистон ё телевизиони "Сафина", хуб дар ёд надорам кадом шабака буд, бо табъи болида ба бозор ворид шудам.

Дар барномаи телевизионӣ журналист кори ғайриодиву имконнопазири раҳбарони бозор ба хусус бозори Шоҳмансурро аз таҳи дил таърифу тавсиф кард. Роҳбарони бозор ҳам бо ифтихор гуфтанд, ки баъди мулоқоти махсуси шаҳрдорӣ кӯшиш карданд, ки ҳамаи нархҳо дар арафаи ид арзон карда шаванд.

Ҳамчунин сухан аз кори савоб ва инсофу имон ҳам рафт. Ҳарчанд чунин ваъдаҳо ҳар сол дода мешаванд, аммо инсон шири хом хӯрдааст, боз фикр кардам, ки афсус ки баъди ид ҳатман баҳои анвои хурдани аз нав гарон мешавад.
Хуб бармегардам ба бозор, нахустин чизе ки таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард, дидани меваи ананас буд. Дар Амрико он ҳамагӣ аз 1 то 3 доллар арзиш дошт, аммо дар Тоҷикистон чи? 50 сомонӣ!

Хуб аз баҳри хӯрдани ананас гузаштаму вориди растаи гӯшт шудам. Он ҷо аз ҳарвақта дида серодамтар буд. Дар варақҳои сафед, бо ҳуруфи рақами 20 –ти компютерӣ баҳои гӯшти гов 15 сомонӣ ва баҳои гӯшти гӯсфанду буз 17 сомонӣ навишта шуда буд.
Баъдтар маълум шуд, ки бар ивази 15 сомонӣ гӯшти пур аз устухон ва қариб нимаш пораи чарбу фурӯхта мешудаст.

Ба ёдам омад, ки рӯзи гузашта саросема аз аввали бозор гӯшт харидаму гӯшти оши барои зодрӯзи бародарам таҳиякардаро ягон нафар аз меҳмонон хӯрда натавонист. Зеро то ҳадде сахт буд, ки дандони сунъӣ чи ки дандонҳои модарзод дар хоиданаш парида мерафтанд.

Имрӯз вақте ки фурӯшанда ба ман ҳам гӯшти пур аз безу устухонро додани буд, хоҳиш крадам ки барои самбӯса ба ман гӯшт диҳад. Гуфт, ки гӯшти пинҳонӣ ҳам дорам аммо вай 25 сомонӣ. Агар хоҳам, ки чун таври маъмул гӯшти дуруст аммо, устухондор харидорӣ кунам 18 сомонӣ. Гӯшти 18 сомонӣ ҳам камустухон не. Ба ёдам самбӯсаҳои хушлаззат омаду, хостам аз гӯшти «нағз» бихарам.

Бинам бар ивази ҳамон 25 сомонӣ ҳам гӯшти пурраи лаҳм дода намешавад, балки 3 кило бо худ қариб ё беш аз ним килло устухон дошт. Баъди харидории гӯшти гов ба маблағи 65 сомонӣ, ба ақиб нигаристам, ки як муштарӣ бо фурӯшанда ҷанҷол мекард.

Яке бо исрор талаб мекард, ки инҷо 15 сомонӣ навишта шудаасту, ба ман гӯшти хуб деҳ, қассоб дар даст гӯшти пурравғану пардадор, мегуфт, агар гӯшти нағз хоҳи барои як килоаш 25 сомонӣ бидеҳ. Яъне расман гӯшт арзон шудааст -- 15 сомонӣ, вале дар асл ҳамон 25 сомонӣ, ки буд. Пас, ид муборак!
XS
SM
MD
LG