Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати сифати маводи ғизоӣ шадид мешавад


Нахустин лабораторияи таъини сифати маҳсулоти ғизоии зудвайроншаванда дар Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода шурӯъ ба кор кард.

Таҷҳизоти ин лабораторияро Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон ворид кардааст. Ташкили чунин лабораторияҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асоси барномаи Иттиҳодияи Аврупо, ки «Тавсеаи марказҳои муҷаввиздиҳии маводи ғизоии зудвайроншаванда» ном гирифтааст, сурат мегирад.

Наргис Ҳомидова аз муассисаи ҳамлу нақли автомобилии Тоҷикистон дар бораи моҳияти ин лаборатория гуфт, «дар ин лабораторияҳо авзои фаннии мошинҳои борбар ва сифати маҳсулоти ғизоии зудвайроншаванда ташхис мешавад. Ва воридкунандаву содиркунандаи мол дар бораи сифат муҷаввиз дарёфт мекунад. Агар маҳсулот ҷавобгӯи талабот набошад, муҷаввиз дода намешавад. Ва ҳамин тариқ сифати маводи зудвайроншаванда назорат мешавад».

Ба гуфтаи кормандони муассисаи ҳамлунақли автомобилии Тоҷикистон, ин лаборатория кори ҳамлунақли автомобилиро осон намуда, мӯҳлати транзити колоҳоро аз ҳисоби зудрасии кормандони ин лаборатория ба сифати маҳсулот кутоҳ мекунад. Ва намегузорад, ки маводи озуқаи зудвайроншаванда дар нуқоти гумрукии марзӣ маътал шавад.

Наргис Ҳомидова гуфт, интизор меравад дар Тоҷикистон боз якчанд лабораторияҳои озмоишӣ дар оянда ташкил шавад. Ҳазинаҳои ташкили ин лабораторияҳоро Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ хоҳад кард.

Барномаи ташкили лабораторияҳои нав аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо дар ҳудуди 2 миллион евро сармоягузорӣ мешавад. Бар асоси тавофуқномаи имзошуда дар соли 2007-ум 45 кишвари дунё, аз ҷумла ду кишвари Осиёи Марказӣ - Узбакистон ва Қазоқистон узви ин барнома ҳастанд.

Ҳадафи ин барнома таъмини шароит ва воситаҳои ҳамлунақли маводи ғизоии зудвайроншаванда аз тариқи воситаҳои нақлиётие сурат мегирад, ки ба воситаҳои фаннии нигоҳдории режими ҳарорати ҳаво таъмин бошад.
XS
SM
MD
LG