Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони маҳрум аз ҳаққи шаҳрвандӣ


Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки панҷ сол берун аз кишвар зиста, дар ин муддат дар намояндагиҳои давлат сабти ном нашудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мешаванд.

Ин меъёри Қонун дар бораи мақоми шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар соли 1995 қабул шуда буд, мавриди баҳсу баррасии намояндагони давлат, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ дар як нишаст дар шаҳри Душанбе қарор гирифт.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи ин қонун аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, сокинони манотиқи шарқи Тоҷикистонанд.

Шумори дақиқи сокинони Тоҷикистон, ки аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, то ҳоли ҳозир маълум нашудааст. Вале қисмати аъзами онҳо дар замони нооромиҳои солҳои 90-ум зиндагӣ дар хориҷ аз кишварро ихтиёр кардаанд ...
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ин қонун мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ нест ва ниёз ба ислоҳ дорад. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки ин меъёр дар қонунгузории кишварҳои дунё вуҷуд дорад.

Шумори дақиқи сокинони Тоҷикистон, ки аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, то ҳоли ҳозир маълум нашудааст. Вале қисмати аъзами онҳо дар замони нооромиҳои солҳои 90-ум зиндагиро дар хориҷ аз кишвар ихтиёр кардаанд.

Дилором Қодирова, сардори шӯъбаи шаҳрвандӣ дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, «мо барои ашхоси аз шаҳвандӣ маҳрумшуда гувоҳинома барои нафари бешаҳрвандиро хоҳем дод».

Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба мардикорӣ машғуланд ва теъдоде аз ин онҳо низ бо далелҳои мухталиф дар давоми панҷ ва ҳатто бештар аз он низ натавонистаанд ба ватан баргарданд. Аз сӯи дигар Тоҷикистон, ки як кишвари фақир маҳсуб мешавад, сафорат ва консулгариҳои камшумор дорад.

Сергей Романов, ҳуқуқшиноси Дафтари ҳуқуқи инсон - як созмони иҷтимоӣ, ки таҳқиқотеро дар мавриди вазъи ҳуқуқи афроди бешаҳрвандӣ дар Тоҷикистон анҷом додааст, мегӯяд, ин меъёр мухолиф бо муқаррароти байналмилалист ва он бояд ислоҳ карда шавад.

Аммо Ашӯрбой Имомов, донишманди илми ҳуқуқ, мегӯяд, як чунин меъёр дар қавонини аксарияти кишварҳои олам вуҷуд дорад. Албатта мӯҳлат ва замони муқарраркардаи давлатҳо дар ин бора гуногун аст, вале наметавон онро мухолиф бо муқаррароти байналмилалӣ арзёбӣ кард.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки ворид кардани ин меъёр дар соли 1995 ангезаи сиёсӣ дошт ва мақомот дар роҳи бозгашти роҳбарони мухолифин бо истифода аз ҳар навъи васила монеа эҷод мекард. Зеро роҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни тоҷик дар он замон дар хориҷ аз қаламрави кишвар ба сар мебурданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдуқодир Исматов, муовини сардори шӯъбаи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки тарҳи тозаи Қонун дар бораи мақоми шаҳрвандӣ дар дасти баррасии вазорат ва идораҳои марбутаи кишвар қарор дорад ва ба эҳтимоли қавӣ ин меъёр мавриди бознигарӣ қарор хоҳад гирифт.

Нуктае дигар,ки дар нишасти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт ин буд, ки Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои ҳамсояаш бархе аз асноди байналмилалӣ, ки шароити ҳуқуқии афроди бешаҳрвандиро мушаххас мекунад, имзо накардааст.
XS
SM
MD
LG