Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон


Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия
Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия

Мулоқоти вазири дифои Русия бо масъулони вазорати умури хориҷӣ ва дифои Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва бидуни эълони натоиҷ ба поён расид.

На аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ва на аз сӯи сафорати Русия дар Душанбе касе ҳозир нашуд дар бораи ҷузъиёти ин мулоқот бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд.

Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия, ки субҳи имрӯз ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст. Сафари вазири дифои Русия дар бар асоси тавофуқи қаблӣ миёни руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Русия сурат гирифтааст.

Вазири дифои Русия бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев масъалаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, шумораи сарбозу афсар, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, маҳалли истиқрори пойгоҳи мазкур ва ҳаққи солонаи иҷорапулии онро баҳсу баррасӣ кардааст. Ва ду созишномаи байниҳукуматӣ миёни ин кишварҳо дар бораи шароити ҳуқуқии ҳузури пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон таҷдиди назар шудааст.

Ҳузури беш аз як миллион атбои тоҷик, ки рӯзии худро дар Русия дарёфт мекунанд ва ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки асосан бо абзору техникаи сохти русӣ таъмин шудааст, метавонад ҳамчун фишанги фишор дар ин мулоқот истифода шавад.

Ҳузури беш аз як миллион атбои тоҷик, ки рӯзии худро дар Русия дарёфт мекунанд ва ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки асосан бо техникаи русӣ таъмин шудааст, метавонад ҳамчун фишанги фишор дар ин мулоқот истифода шавад ...
Ин созишномаҳо дар тирамоҳи соли 2004 дар ҷараёни сафари давлатии президенти вақти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд. Давлати Тоҷикистон он замон бар ивази ваъдаи 2 миллиард доллари сармояи русӣ ва махсусан такмили сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба ҳузури ройгони низомиёни Русия дар Тоҷикистон ризоият дода буд. Аммо вақте ин маблағро дарёфт накард талаби бознигарии шароити ин созишномаҳоро кард.

Зимнан масъалаи пулакӣ шудани пойгоҳи низомии Русия чандест, ки дар расонаҳои ҳарду кишвар ба як мавзӯи доғ табдил шудааст. Ва ҳамин тавр назари коршиносони ҳарду ҷониб низ дар ин замина мутафовит аст. Аммо ахиран Дмитрий Медведев президенти Русия гуфт, ки масъалаи пулакӣ шудани пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон ҳалшавандааст.

Коршиносон низ бо таваҷҷӯҳ ба тағйири авзои сиёсии ҷаҳон ва вуруди истиқрори нерӯҳои кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ дар бархе аз кишварҳои Осиё Марказӣ, ки бар ивази маблағҳо мумкин шудааст тақозои пулакӣ кардани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро аз сӯи давлати ин кишвар як амри воқеӣ медонанд.

Фаррух Умаров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки давлати феълии Русия аз пулакӣ кардани ҳузури низомиаш дар Тоҷикистон нигарон нахоҳад буд. Зеро имрӯз воқеиятҳо тағйир ёфтааст ва инро худи русҳо низ хуб мефаҳманд.

Аммо бархе дигар аз коршиносон мӯътақиданд, ки Русия бо Тоҷикистон на танҳо дар масоили низомӣ ҳамкорӣ дорад. Ҳузури беш аз як миллион атбои тоҷик, ки рӯзии худро дар Русия дарёфт мекунанд ва ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки асосан бо абзору техникаи сохти русӣ таъмин шудааст, метавонад ҳамчун фишанги фишор дар ин мулоқот истифода шавад.

Давлат Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, ҳалли масоили мавҷуда бар нафъи Тоҷикистон аз маҳорати дипломатияи ҷониби Тоҷикистон вобаста аст
Давлати Усмон, вазири пешини иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, ин аз маҳорати дипломатияи тоҷик вобаста аст, ки чи гуна ин масъаларо ба нафъи кишвар ҳал кунад. Зеро аз тарафи дигар ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои таъмини амният ва субот дар минтақа низ дорои аҳамияти хос аст.

Ба ин тартиб шароити ду созишномаи байниҳукуматӣ, ки дар бораи сохтор, ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии Русия, дар бораи иншооти ғайриманқул,шумораи сарбозу афсари ин пойгоҳ ва замини ба ин артиш ихтисосдода дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд, аз тарафи вазири дифои Русия ва вазирони умури хориҷӣ ва дифои Тоҷикистон мавриди бознигарӣ қарор гирифтааст.

Як манбаи наздик ба мақомоти Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт Тоҷикистон барои комилан нав кардани шароити ин ду созишнома пофишорӣ дорад ва барои ҳузури солонаи пойгоҳи низомии Русия беш аз 300 миллион доллар тақозо кардааст.
XS
SM
MD
LG