Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номнависи такрории созмонҳои динӣ


Дар ҳоле ки гуфта мешуд, сабтиноми такрорӣ ба осонӣ пеш хоҳад рафт, дар амал маълум шуд, ин фароянд мушкилоти зиёде пеш овардааст. Аммо барои кӣ?

Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули умури диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, на ҳама созмонҳои мазҳабӣ тавонистаанд, ки барои дастёбӣ ба сабти номи такрорӣ санад дар бораи маҳалли ҷойгиршавии худро пешниҳод кунанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, пас аз ду моҳи оғози раванд онҳо фақат барои даҳ созмони ғайриисломӣ шаҳодатномаи фаъолият додаанд.
Онҳо намедонанд чӣ тавр аз нав сабти ном кунанд. Онҳо гила намекунанд. Фақат мегӯянд, бояд чӣ гуна сабтином кард...

Оқои Маҳмадуллоев дар сӯҳбаташ ба Озодӣ гуфт, масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ дар Тоҷикистон низ дар мавриди пешниҳоди санад дар бораи маҳалли ҷойгиршавиашон, ки доштани иҷозаи расмии Кумитаи замин барои сохтмони онҳо зарур будааст, ранҷ мебаранд: “На ҳама иттиҳодияҳои динӣ суроғаи ҳуқуқиашонро пешниҳод карда метавонанд. Аслан суроғаи ҳуқуқӣ барои масҷидҳо ҳамон сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин шуда меатвонад, ки дар ин бора қарори раиси шаҳр ва ё ноҳия баромадааст. Онҳо барои гирифтани ҳамин сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба Кумитаи замини ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд, вале ҳамин сертификатро нагирифтаанд.”

Пешниҳоди санади расмӣ аз идораи заминдорӣ яке аз панҷ талабот барои сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ, бавижа барои масҷидҳо, дар Тоҷикистон будааст.

Бояд барои сабтиноми такрорӣ масъулони созмонҳои мазҳабӣ панҷ ҳуҷҷат, аз ҷумла ариза барои сабт, феҳристи муассисон, нишонаи маҳалли ибодатгоҳу шумори аҳолӣ ва низомномаи фаъолияташонро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Сайидбек Маҳмадуллоев мегӯяд, ҳоло онҳо аз мақомоти Кумитаи замини кишвар хостаанд, ки барои сабуктар шудани ҷарёни сабтиноми такрорӣ ҳарчи зуд санади расмӣ дар бораи заминро ба масъулони масҷидҳо диҳанд.

Мулло Абдураҳим, имомхатиби масҷиди маҳаллаи “Қазоқон”-и шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, масҷиди онҳо то кунун барои сабти номи такрорӣ ба мушкил рӯ ба рӯ нашудааст. Вале ӯ мегӯяд, аксар намояндагони масҷидҳо ба ҳангоми таҳияи асноди зарурӣ, ки ба гуфтаи ӯ сахтгирона муқаррар шудааст, ба мушкил мувоҷеҳ шудаанд.

Фаридун Ҳодизода, раҳбари тарҳи “Дин ва муколама” дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ба онҳо низ дар бораи сабтиноми такрорӣ бештари имомхатибони масоҷид аз манотиқи кишвар муроҷиат мекунанд.

Вай мегӯяд, аксари муроҷиаткунандагон намедонанд, ки чӣ гуна ва бо чӣ роҳе масҷиди маҳалли худро дубора сабтином ва ба қавле қонунӣ гардонанд: “Онҳо намедонанд чӣ тавр аз нав сабти ном кунанд. Онҳо гила намекунанд. Фақат мегӯянд, бояд чӣ гуна сабтином кард. Аз мо кӯмаки ҳуқуқӣ мепурсанд.”

Ин дар ҳолест, ки Сайидбек Маҳмадуллоев, масъули умури диншиносӣ дар Вазорати фарҳанг, мегӯяд, пеш аз шурӯи сабтиноми такрорӣ аз ҳисоби намояндагони мақомот, мутахассисин ва ҳуқуқшиносон дар тамоми навоҳии кишвар комиссиюнҳое вижа ташкил гардида буд, ки тарзи таҳия ва омодасозии дурусти аснодро ба масъулини масоҷид ва маъбадҳо ёд медод.

Сабти номи муҷаддади созмонҳои мазҳабӣ дар моҳи июл, дар пайи ба марҳалаи иҷро даромадани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шурӯъ шудааст.

Ҷараёни сабти номи такрории созмонҳои мазҳабӣ то охири декабри соли равон идома хоҳад дошт ва барои сабти номи дигарбораи созмонҳои мазҳабии фаъол дар кишвар ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад. Аммо мақомот мегӯянд, аз соли оянда раванди ба қайдгирӣ бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG