Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯ ва заъфи истиқлолияти Тоҷикистон


Тоҷикистон дар 18 соли пеш аз давлати абарқудрати Шӯравӣ истиқлол дарёфт кард, бо пош хӯрдани ин абарқудрат, мисли дигар ҷамоҳири шӯравии собиқ.

Ба назар мерасид, ки ин истиқлол ба ин ҷамоҳир, аз ҷумла ба Тоҷикистон хеле осон тақдим тақдим шудааст. Аммо воқеият чунин набуд.

Ҳарчанд Тоҷикистон истиқлолиятро бе хунрезиву кашмакашиҳои сиёсӣ ба даст овард, аммо ҳамин истиқлолхоҳӣ дар миёни мардуми ҷомеа рахна ворид сохт. Гурӯҳи мухолифини истиқлолхоҳӣ ва ҷонибдорон.

Мухолифини истиқлол аслан намедонистанд, ки дигар ба истиқлол расидани Тоҷикистон ногузир аст, зеро он давлате ки ин ҷамоҳирро зери тобеият нигаҳ медошт, сар ба суқут аст.

Радиои Озодӣ дар робита ба солрӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар як навори видеоӣ аз истиқлолхоҳии мардуми кишвар ёдовар шудааст.

Ҷомеа ва истиқлол
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00
XS
SM
MD
LG