Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи оятуллоҳ ба улуми башарӣ


Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, омӯзиши улуми башарӣ боиси афзоиши ҳадсу гумонҳо ва шак овардан ба арзишҳои мазҳабӣ мешавад.

Хоманаӣ аз давлати Эрон ва аз Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ даъват кард, ба ин масъала ҷиддан назар кунанд. Бархе нозирон бар ин боваранд, ки ҳушдори оятуллоҳ Хоманаӣ дар мавриди улуми башарӣ метавонад аломати оғози як инқилоби дигари фарҳангӣ дар Ҷумҳурии исломӣ бошад.

То оғози соли нави таҳсил дар Эрон камтар аз се ҳафтаи дигар мондааст, вале баёнияҳои ахири раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пиромуни вазъи таълими улуми инсонӣ аз ҳоло нигарониҳоеро дар бораи эҳтимоли боз аз як инқилоби фарҳангии дигар дар кишвар ба вуҷуд овардааст. Бархе дар паси уфуқ сояи таъқиботи нави густурдаеро мебинанду бархе бознигарии ҷиддӣ ва саросарии барномаҳои дарсӣ ба гунаеро, ки Эрон 30 сол пеш, билофосила баъд аз инқилоби исломӣ шоҳид шуда буд.

Ба назари бархе аз таҳлилгарон, ҳушдори Хоманаӣ метавонад аломати оғози маъракаи наве алайҳи донишгоҳҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ дар Эрон шавад. Тақрибан як сол баъд аз инқилоби исломии соли 1979 чунин як инқилоби исломӣ дар Эрон роҳандозӣ шуда буд. Ҳадаф аз он маърака аз таъсири Ғарб пок кардани донишгоҳҳо ва ҷорӣ кардани низоми исломии таълим дар мадориси олии Эрон буд. Инқилоби фарҳангии 30 соли пеш дар Эрон бо барканории аз 600 то 700 профессор ва исломӣ шудани донишгоҳҳо анҷом ёфт. Ба барномаи таълим як силсила китобҳо ва фаннҳои нави мазҳабӣ дохил карда шуд ва танҳо донишҷӯёни содиқ ба инқилоб, ба ислом ва ба низом иҷозаи таҳсилро пайдо карданд.

Ва феълан баъд аз тақрибан 30 соли он ҳаводис эҳтимоли такрори дубораи таърих мояи нигарониҳои ҷадид шудааст.

Хоманаӣ рӯзи 30 август дар мулоқот бо профессорон ва донишҷӯёни басиҷӣ гуфт, бисёре аз улуми инсонӣ бар асоси фалсафаҳоест, ки реша дар моддиёт дошта ва ба таълимоти исломӣ шак меоранд. Раҳбари рӯҳонии Эрон ин нуктаро, ки ҳудуди 2 миллион аз севуним миллион донишҷӯ дар Эрон улуми иҷтимоӣ меомӯзанд, ташвишовар номид.

То ин ҳушдори оятуллоҳ Хоманаӣ ҳам улуми инсонӣ дар Эрон дар пасманзари муҳокимаи парвандаи чеҳраҳои маъруфи ислоҳталаб зери зарба қарор гирифта буд. Ин ислоҳталабон ба ташкили эътирозҳои хиёбоние, ки Эронро ба дунболи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12-уми июн фаро гирифт, муттаҳам мешаванд. Яке аз эҳзоршудагон донишманди ислоҳталаб Саид Ҳаҷариён дар додгоҳ барои “иштибоҳҳо” ва “таҳлилҳои нодуруст”-аш изҳори таассуф карда ва гуфтааст, дар қиболи Эрон ба кор бурдани назарияҳои иҷтимоии ғарбӣ, аз ҷумла назарияи султонизми донишманди олмонӣ Макс Вебер хатост. Вебер мафҳуми султонизмро ба хотири таърифи шаклҳои худкомаи ҳукуматҳое истифода мебарад, ки кулли бахшҳояш бидуни кадом як маҳдудият дар дасти як ҳокими мутлақ мунсаҷим шудааст. Аъзои хонаводаи Саид Ҳаҷариён баъдан гуфтанд, ӯ, ки бар асари як сӯиқасди 9 соли пеш фалаҷ шудааст, дар зиндон бо талаби эътирофи гуноҳҳои нокарда таҳти фишор қарор дошт.

Ба назари бархе мунаққидон, дар асл дар ин додгоҳҳо дар Эрон Макс Вебер ва донишмандони ғарбии мисли ӯ мавриди муҳокима қарор доранд. Ба бовари бисёре аз нозирони умур, тамаркузи ҷадиди низом ба улуми иҷтимоӣ мустақиман ба эътирозҳои ахири пасоинтихоботӣ робита мегирад. Қосим Шӯълаи Саъдӣ, профессори улуми равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот метавонанд ба хотири ҷилавгирӣ аз эътирозҳои бештар як инқилоби дигари фарҳангиро ба роҳ биандозанд. Аммо ба эътиқоди ӯ, чунин иқдом боиси боз ҳам амиқтар шудани бӯҳрон дар ҷумҳурии исломӣ хоҳад шуд, на баръакс.

Профессор Шӯълаи Саъдӣ мегӯяд, таҳти таъқиб қарор додани устодон ва донишҷӯёни озодандеш ва манъи таълими улуми иҷтимоӣ наметавонад хоҳишу орзуи ислоҳотро дар қалбҳо бикушад.

Як донишҷӯе, ки дар Теҳрон адабиёти англисро меомӯзад, гуфт, улуми инсонист, ки дидаи мардумро ба ҷаҳон ва ҳам ба воқеъиятҳое, ки дар кишвари онҳо мегузарад, бозтар мекунад ва як мояи аслии нигаронии мақомот ҳамин аст.

Нахустин аломаҳои бозгашти дубораи инқилоби фарҳангӣ ба Эрон ҳанӯз дар давраи аввали раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ба назар мерасид. Фишор ба донишгоҳҳо ва донишҷӯёни фаъол меафзуд, шуморе аз профессорон барканор ва теъдоде аз донишҷӯён ҳам ихроҷ шуданд. Аммо тарси аксар ин аст, ки акнун доманаи таъқибот метавонад вусъати хеле бештар пайдо кунад.

Рӯҳонии ислоҳталаб Ҳасан Юсуфии Ишкиварӣ мегӯяд, тавре ба назар мерасад, раҳбарони низом баъд аз 30 сол ба натиҷае расиданд, ки сиёсати онҳо ба ҷое намебарад. Ба бовари Ишкиварӣ, боз як инқилоби дигари фарҳангӣ метавонад Эронрову динро хеле ба ақиб, ба як даврони ҷоҳилият ва зулмот биандозад.
XS
SM
MD
LG