Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо аз либоси исломии шиноварии занон


Машварат ба тоҷирон: Агар бозори "бурқинӣ" дар Фаронсаю Итолиё касод шавад, наҳаросед ва роҳи худро дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамвор кунед.

Аз мусоҳиба бо Аҳада Зиннатӣ, тарроҳи либос: "Ин коре буд, ки ман дар гузашта хеле зиёд кардан мехостам. Ман мехостам либосе таҳия кунам, ки ба занону хоксору шармгин кӯмак кунад. Ва на танҳо барои занони мусалмон, чунки худи ман ҳам он замон либоси озод доштам. Худи ман ҳам ҳамеша хоксор будам ва як тафаккури муҳофизакоронае доштам".

"БУРҚИНӢ" ЧИСТ?


"Бурқинӣ" - сохта аз вожаҳои "бурқа" ва "бикинӣ" (куртаи вижаи шиноварӣ) буда, ҳамчун либоси хосаи оббозӣ барои занони мусалмон таҳия шудааст.

Аҳада Зиннатӣ, як соҳибкорзани лубнонитабори австралиягӣ ва тарроҳи ин либоси серхаридор дар Аврупову Ғарб мегӯяд, ки баъди дар соли 2003 ба бозор арза шудани бурқинӣ ҳамакнун 90 дар сади харидорони он дар хориҷа ба сар бурда, ҳар харидори дуюми онро занони ғайримусалмон ташкил медиҳанд.

Бурқинӣ аз матои нарму фораме таҳия шуда аз нӯги сар то соқи пои занро фаро мегирад ва ҳангоми ба бар кардани он танҳо рӯю даст ва соқи пои зан урён мемонаду халос.

САРКОЗӢ -- ЗИДДИ БУРҚИНӢ

Николас Саркозӣ, президенти Фаронса.
Шояд ҳам агар дар моҳи август якбора дар ду кишвари аврупоӣ - Фаронсаву Итолиё дар сатҳи баланд садоҳои танқидомез ва манъкунандаи пӯшидани бурқинӣ баланд намешуд, имрӯз кам касоне дар бораи мавҷудияти ин либос дар нуқоти дигари ҷаҳон огаҳӣ меёфтанд.

Вале ба "шарофати" Николас Саркозӣ, раҳбари Фаронса имрӯз ин либоси аз назари бисёриҳо маъмулии варзишӣ як маънои сиёсӣ касб карда боиси сар задани баҳсу андешаҳо дар нашрияҳои ғарбиву аврупоӣ шудааст.

Дар миёнаҳои август дар ҳодисаи пурсару садое масъулини як ҳавзи ҷамъиятии шиноварии Париж ба зани мусалмоне бо исми Карол иҷоза надоданд, ки бо либоси оббозии сар то по баста дохили ҳавз шавад.

Ин ҳодиса баъди як изҳороти Николас Саркозӣ рӯй дод, ки гуфта буд, "дар Фаронса пӯшидани либоси сар то по баста қобили қабул нест".

Вай ташреҳ дод, ки аз назари ӯ ин гуна либос озодиҳои занҳоро маҳдуд ва ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад.

БАҲС БА ДОДГОҲ МЕРАВАД?

Зимнан баъди ин, қонунгузорони кишваре, ки хонаи ҷамъияти калонтарини мусалмонҳои Аврупо шинохта мешавад, ба баррасии имкони қонунӣ кардани сӯҳбатҳои президент пардохтанд.

Дар моҷарои марбут ба Карола баъдан баҳонаи расмии масъулини ҳавз ин шуд, ки шиноварӣ бо либоси пӯшида наметавонад ҷавобгӯи меъёрҳои тозагиву беҳдошт бошад. Ҳоло Карол мехоҳад ин баҳсро дар додгоҳ идома диҳад.


Ҳамзамон бо ин ҳодиса, дар шаҳраки Варалло Сесияи Итолиё барои занҳо пӯшидани бурқиниро манъ карда ҳушдор доданд, ки дар сурати истифодаи ин либос ҳангоми шиноварӣ зан ба андозаи 500 Евро ҷаримабандӣ мешавад.

"Гузашта аз мушкилоти беҳдошту тозагӣ, - гуфтаанд мақомоти Варалло Сесия - ҳузури як зани "ниқобпӯш" метавонад бар зарари атфоли хурдсол бошад".

Як мақоми маҳаллӣ баъдан шарҳ додааст, ки сабаби манъи пӯшидани ин навъи либос мисли он аст ки агар "зани ғарбӣ бо бикинӣ дар давлатҳои мусалмонӣ оббозӣ кунад, ҳатман бо таҳдиди қатлу куштор, зиндон ва ё ихроҷ рӯбарӯ мешавад".

ҲАРФИ ИХТИРОЪГАРИ БУРҚИНӢ

Хонум Аҳада Зиннатӣ, тарроҳи бурқинӣ, мегӯяд, аз оғоз ният доштааст, дар кӯмак ба занони хоксору шармгин ва на фақат мусалмонҳо, либосе эҷод кунад, ки барояшон дар ҳамзистиву ҳамоиш бо дигар бахши ҷомеа мусоидат кунад.

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Аҳада Зиннатӣ дар бораи фикри эҷоди чунин як либоси вижа шаш сол пеш чунин нақл кард: "Ин коре буд, ки ман дар гузашта хеле зиёд кардан мехостам. Ман мехостам либосе таҳия кунам, ки ба занону хоксору шармгин кӯмак кунад. Ва на танҳо барои занони мусалмон, чунки худи ман ҳам он замон либоси озод доштам. Худи ман ҳам ҳамеша хоксор будам ва як тафаккури муҳофизакоронае доштам."

Дар робита бо баҳси атрофи бурқинӣ сарзада дар миёни бархе сиёсатмадорону давлатмардони аврупоӣ хонум Зиннатӣ гуфт, бо андешаҳои Саркозӣ дар заминаи маҳдудкунанда будани ин либос барои занҳо розӣ шуда наметавонад:

"Бурқинӣ чизе нест, ки бо ҳадафи табъизи касе таҳия шуда бошаду ҳамчун як шакли нажодпарастӣ истифода шавад. Ин моле буд, ки барои мо барои дигар кардани шеваи зиндагӣ ба самти беҳтар эҷод шуд, то ки дар ҷомеа ҳамоиш биёбем, ҳамон тавре ки мардум ҳам аз мо тақозо мекунанд."

ТАРАФДОРОН АЗ ТОҶИКИСТОН

Дар ҳоле, ки аксарият дар Тоҷикистон гумон аст, роҷеъ ба либоси мусалмонии шиноварӣ барои занҳо огаҳии пурра дошта бошанд, вале ба назар мерасад дар сурати ба бозорҳои дохилӣ роҳ ёфтани ин навъи либос тарафдорони он кам нахоҳад буд.

Дар ин кишвар, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ таваҷҷӯҳи занон ба обу шиноварӣ бамаротиб кам шуд, маҳз ҳамин либоси нимаурёни шино буд, ки аксари занононро аз оббозӣ дар ҳавзҳои ҷамъиятӣ бозмедорад.

Дар ин рӯзҳои гарми тобистон дар бархе тафреҳгоҳҳо саҳнаеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки духтарону занон ночор бо либоси маъмулии худ дохили об мешаванду барои чанд лаҳза аз сардии формау нармии оби ҳавз дар канори шавҳару бародаронашон ҳаловат мебаранд.

Аз ин лиҳоз, мегӯяд Ҳуринисо Ализода, як журналист ва ҷомеашиноси тоҷик, "истифодаи бурқинӣ ва ё либоси хоссае барои заноне, ки мехоҳанд бо шиноварӣ машғул шаванд, як падидаи хеле хуб ва аҷиб аст", чунки занҳои зиёди мусалмон ҳангоми оббозӣ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.

Вай мегӯяд: "Бисёри занон аз лиҳози зеҳниву ахлоқӣ омода нестанд бо либоси нимаурён дар ҷое намоён шаванд. Ман ҳайрони он ҳукуматдорони Фаронсаву Итолиё ҳастам, ки дар ҳоле, ки (дар давлатҳои онҳо) як зан метавонад лучи модарзод ба пляж ё соҳили баҳре биравад, ки ҳамчун "дикий пляж" маъруф аст - онҳо инро пешгирӣ намекунанд, дар ҳоле, ки ин чиз аз назари ман фаҳштар менамояд, назар ба ин ки дар як либоси хуби шиноварӣ дар соҳил пайдо шаванд, чӣ бадӣ дошта метавонад? Ҳол он ки аз назари ислом пӯшида набудани будани тамоми узви бадан раво нест."

Хонум Ализода афзуд, ки ҳамин мушкили либос аст, ки аксар занони тоҷик ҳунари шиновариро намедонанд ва дар сурати пеш омадани фалокате ҷони худро ҳифз карда наметавонанд.

Аз сӯи дигар пӯшида нест, ки на ҳама бонувон аз андоми худ розӣ ҳастанду тану пӯсти худро беайб медонанд, "ё аз лиҳози фарбеҳӣ ё лоғарӣ тани худро бенуқс мебинанд". Дар сурати пӯшида будани тамоми баданашон, мегӯяд хонум Ализода, хонумҳои тоҷик ҳам метавонанд бе ягон мушкил дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оббозиву тафреҳ кунанд.

ПАЙОМАДҲОИ МАҲДУДГАРДОНӢ


Аз назари журналисти тоҷик Ҳуринисо Ализода, бо афзуншавии ҳамагуна маҳдудиятҳо, аз ҷумла бар сари либос, дар миёни аъзои ҷомеа таниш ҳам бештар мешавад. Ӯ мегӯяд, ки ингуна ҳодисаҳо "ба манфиати сиёсии кишварҳои аврупоӣ" буда наметавонад ва метавонад боиси сар задани "норизоиятҳои иҷтимоӣ" шавад.

Ин андешаро ҳамчунин мунаққидони дигари маҳдудсозии бурқинӣ дар Аврупову Ғарб ҳам баён мекунанд.

Бархе бар инанд, ки дар шароити вуҷуди як фазои зиддимусалмонӣ дар бархе нуқоти ин ҷомеаҳо иқдомоти шадидлаҳни сиёсатмадорону давлатмардон танҳо бар зарари ин ҷомеаҳо равона шуда, боиси сар задани тафриқаи бештар дар миёни аҳли ислому намояндаҳои адёни дигар хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG