Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи Обама бо хабарнигори 11-сола


Таҷрибаомӯзи 11-солаи шабакаи Кест ТВ Нюс Демон Виве, ки аз ин пеш бо ашхоси саршиноси соҳоти мухталифи ҷомеъаи Амрико сӯҳбату мулоқот доир карда буд, ахиран бо раисҷумҳури Амрико Барак Обама масоили омӯзишу парваришро баррасӣ кардааст.

Гуфтанист, ду сол қабл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими ифтитоҳи телевизиони бачагонаи «Баҳористон» бо кӯдакон мулоқот ва ба суолҳои хабарнигорони наврас посух дода буд.

Дар тӯли 10 дақиқа Демон ба Обама бо 12 суол, ки ғолибан ба соҳаи маориф бахшида шуда буд, муроҷиат кардааст. Мусоҳибаи ӯ ба навор гирифта шуда, қарор аст, бо оғози соли нави хониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба намоиш гузошта шавад. Демон мегӯяд, қабл аз сӯҳбат ва ворид шудани Обама ба толор ӯро ҳаяҷон фаро гирифта буд.

Демон нахуст таваҷҷӯҳи раисҷумҳурро ба мушкилоти доғи соҳаи маорифи Амрико, назири маблағгузории ин соҳа ва табаҳкорӣ миёни хонандагони мактабҳои миёна ҷалб кардааст. Барак Обама гуфтааст, дар оғози соли нави хониш миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оид ба муҳиммияти таҳсил, то ба охир таҳсил кардани наврасон ва барномаҳои ҳукумати Амрико оид ба роҳҳои рушди соҳаи маориф суханронӣ хоҳад кард.

Барак Обама гуфтааст, дар инкишофи зеҳнии кӯдакон ва боло бурдани таваҷҷӯҳу муҳаббати онҳо ба таҳсил дар баробари мактаб, нақши волидон муҳим аст. Волидон ҳанӯз аз синни хурдсолӣ ба омӯзиши фарзандонашон бояд бетафовут набошанд, мегӯяд раисҷумҳур.

Дар ин сӯҳбат ҳатто ғизои хонандагон дар мактабҳо низ сарфи назар нашудааст. Демон ба Обама гуфтааст, ки картошкабирён ғолибан ғизои аслии кӯдакон маҳсуб меёбад. Обама посух додааст, ки онҳо кушиш мекунанд, ки кудакон ҳарчӣ бештар ба ғизои солим ба мисли сабзаҷоту мева дастрасӣ дошта бошанд. Раисҷумҳур изҳор доштааст, ки бархе аз хонандагони мактабҳо картошкабирён, питса ва дигар ғизоҳои ба ин монандро зиёд истеъмол мекунанд, ки онҳо дар таркибашон миқдори зарурии витаминҳои тавсияшударо надоранд.

Ҳамчунин Демон пурсидаст, ки оё кӯдакон барои рушди Амрико чи гуна саҳм гузошта метавонанд? Ба ин суол Обама ин посухро додааст:

«Он коре ки кӯдакон карда метавонанд, танҳо дар мактаб хуб таҳсил кардан аст. Ҳамчунин дар иҷрои вазифаи хонагӣ, омузиши риёзӣ ва илмҳои дақиқ кушиши ба мувафаққият даст ёфтан низ қадамест ба роҳи тараққиёт. Пас аз хатми мактаб идомаи таҳсил дар донишгоҳу омузишгоҳҳо низ, мусоидат ба рушди кишвар аст. Дар баробари ин кушиши кумак ба атрофиён, ҷавонону калонсолон, нафарони ниёзманд, низ барои кишвар аз манфиат холӣ нест.»

Гуфтанист, Демон ҳанӯз аз оғози маъракаи пеш аз интихоботии Амрико бо мусоҳибаҳои сиёсиаш таваҷҷӯҳи ҷомеъаро ба худ ҷалб карда буд. Ва ба гуфтааш аз аввал хоҳиши дидор бо раисҷумҳури ояндаро доштааст. Акнун, ки имрӯз шонси мулоқот бо Барак Обамаро ба даст овард, суолҳои ба дил ва зиндагиаш наздикро матраҳ намуд.

Баъд аз ба хона баргаштан Демон гуфтааст, ки дар рӯзҳои ахири истироҳат ба мисли дигар ҳамсолонаш ба боғи Уолд Дисней намеравад, балки омӯзиш ва кори худро дар роҳи такмили малакаҳои журналистӣ идома хоҳад дод. Демон афзудаст, дар оянда орзу дорад, ки хабарнигори машҳури соҳаи варзиш шавад.
XS
SM
MD
LG