Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омбудсмен: Аксари шикоятҳо аз ҳукми додгоҳҳост


Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон
Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон

80 дарсади шикоятҳои мардум ба омбудсмен, ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба ҳукми додгоҳҳои кишвар рабт доштааст

Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, гуфтааст, аз ҷумла шикояти модари Ёқуб Салимов - сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркияро дарёфт кардааст, ки дар соли 2001 ба иттиҳоми омодагӣ ба табадуллоти давлатӣ ба муддати 15 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ёқуб Салимов дар гузашта як узви фаъоли Фронти халқӣ дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Вай баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми порлумони Тоҷикистон дар соли 1992 ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуда буд.

Зариф Ализода гуфтааст, ки номаи шикоятии модари Ёқуб Салимовро баррасӣ хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар нахустин нишасти матбуотии худ ба унвони омбудсмен гуфта буд, ки ваколат ва ё ихтиёроти омбудсмени Тоҷикистон аз ваколат ва ихтиёроти омбудсменҳои дигар кишварҳо бештар аст.

Ба гуфтаи Зариф Ализода, мардум метавонанд дар бораи ҳукми додгоҳ, ки розӣ нестанд, ба омбудсмен шикоят кунанд. Ва омбудсмен метавонад дар бораи ҳукм ва ё қарори ҳама гуна ниҳодҳои давлатӣ қатъномаи худро содир кунад.

Ба ин далел бисёриҳо умедворанд, ки Зариф Ализода ва ё институти омбудсмен, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда истодааст, ба сарнавишти даҳҳо мухолифини давлат, ки ба иттиҳоми табадуллоти давлатӣ ва ё терроризму сирқати авмоли давлатӣ зиндон шудаанд, расидагӣ кунад.

Вале Шокир Ҳакимов, ҳуқуқдон, интизории мардум дар ин заминаро ҷуз интизорӣ чизи дигаре намедонад. Вай гуфт, «бо назардошти муносибати Ёқуб Салимов бо раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ман баъид медонам, ки Зариф ализода ин масъаларо ҳал кунад».

Бо вуҷуди ин Зариф Ализода дар як нишасти хабарӣ гуфт, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳо беҳбуд пайдо кардааст ва намояндагони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ ба ҳамин назаранд.

Аммо Паём Фуруғӣ, коршиноси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, ба ин иддаоҳои ҷаноби Ализода розӣ нест. Паём Фуруғӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

Вале Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки дар 27-уми майи соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳур ба ин симмат таъин шудааст, гуфт, ки институти омбудсмен дар Тоҷикистон дар ҳоли ташкил ва ташакклёбист ва дар оянда имкон пайдо мекунад, ба масоили нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG