Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: Манъи нӯшидани оби ҷав дар кӯчаҳо


Дар Қазоқистон истироҳати шабона дар тафреҳгоҳҳо барои ноболиғон ва нӯшидани оби ҷав дар кӯчаву хиёбон мамнӯъ гардид.

Олег Ивашенко, сарвари дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Қазоқистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо родиои Озодӣ гуфт, бо мусоидати вазорати дохила дар ин маврид қонун қабул ва ба қонунгузориҳои кишвар дар бораи ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои ноболиғон ва бе назорат гузоштани онон тағйироту иловаҳо ворид гардид.

Тибқи ин қонун, барои бидуни ҳамроҳӣ бо намояндагони қонунӣ, яъне падару модар ва ё ягон хешованди калонсол, ба муассисаҳои тафреҳӣ рафтани ноболиғон аз соати 22 то 6-и бомдод мамнӯъ эълон шуд.

Дар ҳолати муроот накардани қонун ва ба муассисоти тафреҳӣ аз қабили клубҳои шабона ва дискотека танҳо рафтани ноболиғон ҳам падару модар ва ҳам соҳибони он муассисаҳо ба маҷозот кашида мешаванд. Дар ҳолати такроран ба чунин муассисаҳо роҳ додани ноболиғон бидуни ҳамроҳӣ бо падару модар ва ё дигар намояндагони расмии онҳо, соҳибони муассиса ба маблағҳои калон ҷарима карда шуда, ҳатто он муассисаҳо баста хоҳанд шуд.

Аз чунин дӯстдорони оби ҷав дафъаи аввал ба миқдори ҳадди ақали маош, яъне 1296 танга ҷарима ситонида мешавад. Агар ин қонуншиканӣ бори дигар такрор шавад, ҷарима низ ду маротиба меафзояд ва бори сеюм муҷрим то ба 15 рӯз ҳабс мешавад.

Аз чунин дӯстдорони оби ҷав бори аввал ба миқдори ҳадди аққали маош ҷарима ситонида мешавад. Агар ин қонуншиканӣ такрор шавад, ҷарима ду баробар меафзояд бори сеюм мӯҷрим то 15 рӯз ҳабс мешавад ...
Ба падару модари чунин бачагони шабгард низ бори аввал огоҳӣ дода мешавад ва баъди такрор шудани ин қонуншиканӣ аз ҷониби фарзандашон ба маблағҳои гуногун ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи оқои Ивашенко, ин қонун ба коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мусоидат хоҳад кард. Алъон бошад, тайи чанд соли охир шумораи ноболиғоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, дар кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва танҳо соли гузашта беш аз 2000 ҷинояти ноболиғон ба қайд гирифта шуд ва ағлаби ин ҷиноёт шабона дар муассисаҳои тафреҳӣ содир гардиданд.

Ҳамзамон дар Қазоқистон минбаъд дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани оби ҷав ё пиво манъ карда шуд. Акнун, тавре оқои Ивашенко мегӯяд, агар дар кӯчаву хиёбон ва ҳатто дар рӯи ҳавлӣ касе пиво ва ё шароб нӯшад, аз ҷониби кормандони пулис боздошт ва ба маҷозот кашида мешавад.

Аз чунин дӯстдорони оби ҷав дафъаи аввал ба миқдори ҳадди ақали маош, яъне 1296 танга ҷарима ситонида мешавад. Агар ин қонуншиканӣ бори дигар такрор шавад, ҷарима низ ду маротиба меафзояд ва дар ҳолати ниҳоӣ муҷрим то ба 15 рӯз ҳабс мешавад.

Тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои ноболиғон ва манъи истеъмоли алкоҳол дар ҷойҳои ҷамъиятиро Лидия Ионина, як пиразани қазоқистонӣ, ҳарчанд гоме ба беҳ кардани вазъи ахлоқиву иҷтимоии ҷомиа медонад, вале аз сӯи дигар таъкид мекунад, ки фақат бо қонун наметавон ноболиғонро аз амалҳои нохуб дур кард.

Ба андешаи хонум Ионина, бояд ноболиғонро падару модар дар хонавода ва омӯзгорон дар мактаб чунон тарбия диҳанд, ки онҳо дар овони ҷавонӣ ба чунин шабгардӣ ва бозиву дилхушиҳо, ки бештар бо ҷиноят фарҷом мегирад, одат накунанд.

Ин хонуми гармиву сардии рӯзгордида мегӯяд, «медонед, ман бовар надорам, ки ин қонун чизеро тағйир дода тавонад. Зеро кӯдак дар хона аз падару модар тарбияи дуруст нагирифта бошад, ӯро бо қонун омӯзонида нахоҳад шуд. Инро бояд дар мактаб ва ҳатто дар гаҳвора омӯзонд».

Дар ҳамин ҳол як ҷавондухтари қазоқ изҳор кард, ки ин қонун айни муддаост ва он ноболиғонро аз амалҳои нохуб ва зараровар дур мекунад.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, албатта ин қонун дуруст аст ва бачагони то 18-сола аз пайи чунин дилхушӣ дар клубҳову дискотекаҳо нашуда, балки бояд дар андешаи донишандӯзӣ ва дастёбӣ ба камолоти маънавиву ҳирфавии хеш бошанд.

Ба гуфтаи ин ҷавондухтар, ононе, ки дар айёми ҷавонӣ вақти пурқимати хешро на дар дискотекаву клубҳо, балки аз пайи илму ҳунаромӯзӣ мегузаронанд, фардо одамони ба ҷамъият судовар мешаванд ва онҳо бадеҳист, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ намезананд.
XS
SM
MD
LG