Бино ба иттилои Оксана Парпура, корманди дафтари матбуоти Вазорати дифои Қазоқистон, ҳангоми мулоқоти Петриус бо вазири дифои кишвар Одилбек Ҷахсибеков масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар омода кардани мутахассисон, рушди системаи таълими низомӣ ва масоили дигар баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо масоили омӯзиши низомиёни қазоқистонӣ дар муассисоти таълимии гуногуни низомӣ ва марказҳои вижаи таълимии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии мудофиа ва коллеҷҳои фармондеҳиву ситодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки дар ин масъала корҳои зиёде анҷом дода гардиданд. Аз ҷумла, то имрӯз дар чаҳорчӯби пиёдасозии барномаи «Омодагӣ ва таълими байнулмилалии низомӣ» дар муассисоти таълимии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА беш аз 320 низомии қазоқ давраҳои омӯзиширо сипарӣ карданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки солҳои ахир ин муносибат боз ҳам тақвият меёбад. Агар солҳои 2003 ва 2004 байни ду кишвар 30 тадбири низомӣ сурат гирифта бошад, дар солҳои 2008 ва 2009 ин рақам ба 100 расид.
Дар мулоқоти Марат Тажин, вазири хориҷаи Қазоқистон бо Девид Петриус ҷонибҳо ба масоили доғи минтақавӣ, ба шумули бозсозии Афғонистон, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиди терроризм дахл карданд.
Девид Петриус аз Қазоқистон барои аз марзаш интиқол додани амволи ғайринизомии ИМА ба нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон изҳори сипос кард.
Коршиносн низ ҳамкориҳои низомии Қазоқистонро бо ИМА, ба вижа дар робита ба расонидани ёрӣ дар мубориза алайҳи терроризм барои кишвар судбахш меҳисобанд, зеро бо ин васила Остона мавқеашро дар минтақа устувор месозад ва нуфузи ӯ дар назди бозигарони асосии сиёсати ҷаҳонӣ бештар мегардад.
Аз ҷумла сиёсатшинос Эдуард Полетаев мегӯяд, ҳамкорӣ дар бозсозии Афғонистон ба Қазоқистон суди бузург медиҳад. Зеро, ба гуфтаи оқои Полетаев, барои бозсозии Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ маблағҳои ҳангуфте ихтисос додааст ва Қазоқистон ба ин кишвар ашёи хом, мисли маводи нафтиву ғизоӣ ва сохтмонӣ мефиристад.
Аз сӯи дигар, ба андешаи оқои Полетаев, ҳамкориҳои низомии Қазоқистон бо ИМА бо назардошти халал ворид накардан ба муносиботи Остона бо Маскав сурат мегирад. Инро Қазоқистон моҳи июн ҳангоми тамринҳои низомии Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ дар чаҳорчӯби барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ», ки дар Гурҷистон сурат гирифт, бори дигар собит кард ва ба хотири ин, ки Маскав озурда нашавад, Остона аз ширкат дар ин тамрин даст кашид.