Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди қурбониёни ҷанги Русия бо Гурҷистон


Лавҳи ёдгории қурбониёни ҷанги соли гузашта дар майдони Руставелии Тифлис
Лавҳи ёдгории қурбониёни ҷанги соли гузашта дар майдони Руставелии Тифлис

Дар Гурҷистон ва Русия ба ёди ҳалокшудагони амалиётҳои ҷангӣ дар тобистони соли 2008 имрӯз маросими гиромидошт оғоз шуд.

Дар Гурҷистон ба ёди 200 низомӣ ва 300 нафари мулкии ҳалокшуда соати 15 як дақиқа сукут варзиданд ва дар бисёр шаҳрҳо гулхан афрӯхтанд..

Дар Осетия Ҷанубӣ ва дар Маскав маросими ёдбуд бо афрӯхтани шамъҳо шоми панҷшанбе шурӯъ гашт. Намояндаи расмии Кумитаи бозрасии Додситонии Русия Владимир Маркин рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт: «Дар пайи ҳамлаи нирӯҳои Гурҷистон моҳи августи соли гузашта 67 нафар аз низомиёни Русия ва садҳо шаҳрвандони осетинтабори Русия ҳалок шудаанд. Дар робита ба ҳаводиси соли гузашта бо қазияи қавмкушӣ ва куштори дастаҷамъӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар он Русия Гурҷистонро муттаҳам медонад».

Дар муқобил ҷониби Гурҷистон бозрасиии хоси худро бо номи «Гузориш дар бораи таҷовузи анҷомдодаи Русия бар зидди Гурҷистон» интишор кард. Гузоришро муовини нахуствазири Гурҷистон Темур Якобашвилӣ муаррифӣ кардааст. Якобашвилӣ Русияро ишғолгар медонад ва мегӯяд, Русия ҷудоиталабӣ ва ҷудоиталабонро бар зидди давлатдории гурҷиҳо ҳамчун силоҳ истифода мекунад. Якобашвилӣ бовар дорад, ки Русияи ишғолгар дер ё зуд ба ночор сарзамини Гурҷистон, яъне Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистонро, тарк мекунад.

Ин дар ҳолест ки намояндаи расмии вазорати умури хориҷии Русия Андрей Нестеренко эълом кардааст, ки Тифлис бояд барои амнияти мардумони Абхазистон ва Гурҷистон замонат бидиҳад: «Гурҷистон чунин масъулиятро дар қиболи ҷумҳуриҳои ҳамсоя бечунучаро бояд бар ӯҳда бигирад.»

Дар ҳамин ҳол, гузориши созмони Афви байналмиллал таҳти унвони «Афроди мулкӣ ва пайомадҳои ҷанг; низоъи Русияву Гурҷистон бо гузашти як сол» интишор шуд. Дар гузориш омадааст, ки дар пайи ҷанги байни Русияву Гурҷистон 192 ҳазор нафар манзили худро ба ночор тарк карданд. 30 ҳазор гурҷиҳо ба иллати мухолифати мақомоти Осетияи ҷанубӣ ҳанӯз ба манзилҳои худ бозгашта наметавонад. 4 ҳазор мардуми осетин ҳам ҳанӯз аз Русия барнагаштаанд

Саймон Косгроув, яке аз муаллифони гузориш мегӯяд: «Мо чунин меҳисобем ки ин одамоне ки манзили худро тарк кардаанд ва дар маконҳои дигар ба сар мебаранд, бояд имкони бозгашт ба манзили худро дошта бошанд, амнияти онҳо бояд таъмин бошад.»

Бино ба гузориши Афи байналмиллал, дар ҷараёни ҷанг ҳарсе ҷониб - ҳам нирӯҳои низомии Гурҷистон, ҳам Русия ва ҳам Осетияи ҷанубӣ ҷиноятҳои ҷангӣ ва зиддибашарӣ содир кардаанд. Шаби 8 август дар натиҷаи тирборони Схинвал даҳҳо мардуми осоишта кушта шуданд, баъдан дастаҳои мусаллаҳи осетин бархе аз деҳоти гурҷиҳоро хароб ва тороҷ карданд. Нирӯҳои низомии Русия бо бомбаборон аз ҳаво ва мушак манзилҳои осоиштаро хароб карданд. Ҳам Русия ва ҳам Гурҷистон дар истифодаи бомбҳои хушаӣ муттаҳам дониста мешаванд, вале то кунун на мақомоти Русия ва на мақомоти Гурҷистон барои нақзи ҳуқуқи байналмиллалӣ ва қонунҳои кишвардорӣ аҳадеро ба додгоҳ накашонидаанд - омадааст дар гузориши созмони Афви байналмиллал.

Ёдоварӣ шудааст, ки нирӯҳои низомии Гурҷистон 8 августи соли 2008 ба хотири барқарорсозии сохти коститутсиони дар музофоти ҷудоиталаби худ дар Осетияи ҷанубӣ амалиёти ҷангӣ шурӯъ карданд. Нирӯҳои низомии Русия бо дархости мақомоти Осетия бо нирӯҳои низомии Гурҷистон вориди ҷанг шуданд. Онҳоро шикаст доданд ва ба даруни хоки Гурҷистон ҳаракат карданд ва танҳо зери фишори ҷомеъаи байналмилалӣ аз он ҷо хориҷ шуданд. Русия ду минтақаи ҷудоиталаб аз Гурҷистон - Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба расмият шинохт. Вале ҳеҷ кишвари дигари ҷаҳон, ба истиснои Никарагуа, то ҳол ба ин иқдоми Русия ҳамроҳ нашудааст.
XS
SM
MD
LG