Файзигул Шарифова, модари 4 фарзанд, бо ин иқдоми эътирозӣ аз вазорати тандурустӣ талаб дорад, ки барои табобаташ 12 ҳазор доллар ихтисос диҳад.
Ба қавли хонум Шарифова, ӯ чанд сол қабл дар натиҷаи як ҷароҳии пизишкони вазорати тандурустӣ саломатии худро аз даст дод ва аз ҳаракат мондааст. Файзигул ҳоло наметавонад рӯи пойҳои худ ҳаракат кунад. Ӯ дар назди вазорати тандурустӣ бо аробаи маъюбӣ истодааст.
Ин бори дуввум аст, ки Файзигул Шарифова даст ба гуруснанишинии эътирозӣ мезанад, вале мегӯяд, бори аввал вазири тандурустӣ ба ӯ ваъда додаст, ки мушкили варо ҳал хоҳад кард, аммо то кунун мақомоти ин вазорат ба мушкили ӯ расидагӣ накардаанд.
Ҳоло Файзигул мегуяд, ки агар вазорати тандурустӣ саломатии ӯро вазорати барқарор накунад ва маблағи лозима барои табобаташро дар ихтиёри ӯ нагузорад, даст аз гуруснанишинӣ нахоҳад бардошт.
Мақомоти вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон аммо то ҳол мавзеъи худро дар мавриди ин қазия рӯшан накардаанд.