Тибқи натоиҷи ин назархоҳӣ, аҳли Русия бештар аз ҳама нисбат ба худ назари хуб доштаанд. 11 дарсад ба мардуми Украина ва 13 дарсад ба беларусҳо ҳусни таваҷҷӯҳ дошта, дар маҷмӯъ назари 31 дарсади мардуми Русия нисбат ба ақвоми славян мусбат будааст.
4 дарсади пурсидашудагон нисбат ба мардуми кишварҳои Осиёи марказӣ ҳусни таваҷҷӯҳ нишон додаанд, ки назар ба 1 дарсади соли гузашта 4 маротиба бештар аст.
Ин дар ҳолест, ки дар назарсанҷиҳои қаблан анҷомшуда шумори хеле бештари мардуми Русия нисбат ба намояндагони қавмҳои, ба истилоҳ, "омад" бо назари манфӣ нигоҳ мекарданд. Аммо ҳарчанд раванди бегонабадбинӣ дар Русия, тибқи натоиҷи назарсанҷии ширкати ВТСИОМ акнун каме рӯ ба коҳиш овардааст, назари мардуми ин кишвар нисбат ба бархе аз ақвоми дигар ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад.
Тибқи ин назарсанҷӣ, нигоҳи 29 фоизи мардуми Русия нисбат ба халқҳои Қафқоз манфӣ будааст. 4 дарсад иқрор кардаанд, ки лӯлиҳоро бад мебинанд. 3 дарсад аз адами муҳаббати худ ба амрикоиҳо хабар додаанд.