Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди бистуми тасвиби қонуни забон


Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз муаллифони қонуни забон
Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз муаллифони қонуни забон

Дар назди ҳукумати Тоҷикистон як кумитаи алоҳидаи забон ва истилоҳот ташкил хоҳад шуд.

Имсол иди забон дар Тоҷикистон шукӯҳ ва шаҳомати вижа дорад, чунки ба тасвиби қонуни забон дар Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Ин қонун дар таърихи 22 июли соли 1989 замоне қабул шуд, ки Иттиҳоди шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд ва дар тақрибан ҳамаи қаламраваш ҳукми забони русӣ бар соъири забонҳои миллӣ боло буд ва Маскав ба ҷумҳуриҳои тобеъаш кам имкон медод, ки овоз баланд кунанд.

Аммо мавҷи эътирозҳо ва тақрибан бо иттифоқи оро талаби чунин қонун ва эътои мақоми давлатӣ ба забони тоҷикиро кардани мардум, ба хусус қишри рӯшанфикр, ҳукумати вақти коммунистиро дар Тоҷикистон маҷбур кард, дар масъалаи забон ақиб бинишинад ва ба забони тоҷикӣ дар ин қаламрав мақоми болотар аз ҳатто забони русиро қоил шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш ба мардум забонро аз омилҳои асосии пойдории истиқлолияти миллӣ унвон карда, гуфт, забони тоҷикӣ бояд ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошад ва тавону имкони дар худ гунҷонидани ҳама таъбиру иборотеро, ки пешрафти илму фанноварӣ пеш овардааст, соҳиб шавад.

КУМИТАИ ЗАБОН?

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёмаш ҳамчунин хостори таҳияи як барномаи вижаи рушди забони тоҷикӣ шуд ва гуфт, дар назди ҳукумати Тоҷикистон як кумитаи алоҳидаи забон ва истилоҳот ташкил хоҳад шуд.

Ахиран дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуни забон таҳия шуд ва феълан дар дасти баррасӣ қарор дорад. Тарҳи нав бояд он ҳама тағйиротеро, ки тайи ин 20 соли гузашта ба амал омадааст, фаро бигирад ва мақоми давлатии забони тоҷикиро дар шароити ҷаҳони муосир таъйин кунад.

ГУФТУГӮ БО МАСЪУЛИ КУММИССИЮНИ ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ЗАБОН

Аммо ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди гузашти 20 сол аз тасвиби қонуни феълӣ, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода буд, то ҳол на ҳама бандҳои он ба ҳукми иҷро даромадаанд. Сабабҳои то ҳол пурра иҷро нашудани он қонуни дар вақти худ инқилобиро дар як гуфтугӯи вижа аз профессор Ғаффор Ҷӯраев, раиси дастгоҳи куммиссиюни масъули татбиқи қонуни забон пурсидем.

Барои шунидани ин сӯҳбат тугмаи "Бишнавед"-ро дар тарафи рости ин саҳифа зер кунед.
XS
SM
MD
LG